Истеъмоли оби ифлос сарчашмаи бемориҳои сирояткунанда ва ҳодисаҳои фавти одамон дар саросари ҷаҳон гардидааст. Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи ҷаҳон аст.
Об ҳаст – ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки ҳама мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор дорад. Об аст, ки инсон дар дами марг қатрае аз он ошомида, нафас рост мекунад. Зиндагӣ ва ҳастии инсон ва ҳама ҷонзоди олам аз об аст.
Инсон бе хӯрок то 40 рӯз, вале бе об то 3 рӯз зиста метавонад. Норасоии оби тоза дар бадан сабаби баъзе аз бемориҳо мешавад, ба монанди дарди сар, номунтазамии фишори хун, ҳазмкунӣ, дарди гурда, рехтани мӯи сар ва ғайра. Инсон дар як рӯз 2-2,5 литр об бояд нӯшад, ки чунин одат бадан ва зеҳнро зинда нигоҳ медорад.
Беш аз 70 фоизи бадани одам ва қисми зиёди таркиби рустанӣ ва меваю сабзавот низ аз об иборат аст. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Азбаски 90 фоизии мағзи сари инсон аз об иборат аст, натиҷаи манфии ташнагӣ аввал дар функсияи майна рух медиҳад. Аз ин рӯ, яке аз сабабҳои дарди сари бардавом норасоии об дар бадан буда метавонад. ҳамчунин, нӯшидани оби тоза боиси тару тоза нигоҳ доштани пӯсти одам мегардад. ҳар чӣ қадар мо обро зиёд истеъмол кунем (албатта, дар доираи меъёр, яъне вобаста ба вазни одам –аз 1 то 3 литр дар як шабонарӯз), аломатҳои пиршавӣ ҳамон қадар дер рух медиҳанд.
Барои мардуми Ӯзбекистони мо, хушбахтона, табиат обро арзонӣ дошта бошад ҳам, аммо барои баъзе аз давлатҳои дунё ин манбаи ҳаёт камёфту нодир аст. ҳаҷми муҳити гидросфера дар сайёраи мо хеле бузург аст, вале 96 дарсади онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Ба ҳиссаи оби нӯшокӣ ҳамагӣ 2,5 дарсади ҳаҷми умумии гидросфера рост меояд. Талабот ба оби нӯшокӣ дар ҳама соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи инсон дар ҳоли афзоиш аст. Бисёр давлатҳои ҷаҳон солҳост, ки ба харидуфурӯши оби нӯшокӣ сарукор доранд. Масалан, ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Норвегия, Нидерландия ва Арабистони Саудӣ аз Малайзия оби нӯшокӣ мехаранд. Мушкилоти оби нӯшокӣ дар ҷаҳон яке аз мушкилоти муҳим дониста шудааст. Нобаробарии ҷойгиршавии захираҳои об, пеш аз ҳама, ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобаста аст.
Кӯдакони баъзе минтақаҳои қораи Африқо аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ оби лойолуду ифлос менӯшанд, ки ин вазъ хеле ҳузновар аст.
Зиёд будани дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорони софу зулоли ошомиданӣ дар кишвари мо чунин маъно надорад, ки нисбат ба ин неъмати бебаҳо беэътиборӣ зоҳир намоем. Таассуфовар аст, ки чунин ҳолатҳоро дар рафтори сокинони кишвар баъзан мушоҳида мекунем. Бошандагони шаҳру шаҳракҳо ва деҳот партовҳоро ба заҳбуру ҷӯйборҳо мерезанд, ба оби дарёву каналҳо хасрӯба ва бутилҳои этиленӣ мепартоянд, дидаю дониста, обҳоро ифлос мегардонанд, дар он партовҳо мепартоянд, ки ҳамаи ин бар зарари худи инсон аст, боиси афзоиши ҳар гуна бемориҳо мегардад. Чунин беэҳтиромӣ нисбат ба об, истифодаи исрофкоронаи он ба фарҳангу ахлоқ ва урфу одати мо, мардуми куҳантамаддун, ҳеҷ рост намеояд. Сарфакорона истифода кардани об, тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.
Моро зарур аст, ки фарзандони хешро низ аз айёми тифлӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба об ва ҳама неъматҳои табиӣ, ки сарвати миллии мо ҳисоб мешаванд, тарбия намоем. Ин корро дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус аз кӯдакистонҳо, бояд оғоз кард ва то чӣ андоза дар ҳаёти инсон муҳим будани обро ба кӯдакон тарғибу ташвиқ намуд. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноист.
Дар ин рӯзҳои гармо қадру қимати об боз ҳам баланддтар мешавад. Об инсониятро аз офату ранҷ, дард, охирон аз марг наҷот медиҳад. Оё мо ба қадри он мерасем!.
Аъзам МУҲАММАДИЕВ, мудири шӯъбаи реаниматсияи
шифохонаи марказии ноҳия
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.