Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Мухлиси оинаи нилгунро ба ҳаёти реалӣ ҷалб намоем

Амина тамоми рӯз аз назди телевизор дур нашуд. Баъди анҷоми филми шавқовар мехост, ки ягон китоб хонад ё ба иҷрои корҳои хона ба модараш ёрӣ расонад. Аммо боз барномаву филми тасвирӣ оғоз меёфт. Модараш дастархон густурда, барояш хӯрок овард ва таъкид намуд, ки наздиктар нишаста, хӯрок хӯрад. Амина косаи хӯрокашро наздиктар кашид ва бо қошуқ ду-се маротиба хӯрокро давр занонд.

- Ман сабзӣ намехӯрам! – гуфта сабзиро ба косаи модараш андохт.
Ин вақт дар телевизион намоиши мултфилм сар шуд. Амина чашм аз экран намеканд. Гоҳ-гоҳ ба дастархон рӯ оварда, хӯрок мехӯрд. ҳатто бо қошуқ хӯрокро гирифта, онро дер гоҳ дар даст нигоҳ медошт.
- Амина, зудтар хӯрокатро хӯр! – гуфтани модараш ӯро ба худ меовард.
Вақте ки Амина қошуқро ба коса бурд, модар ба рӯйи он сабзӣ гузошт. Амина онро ба даҳон андохт. Модар ин дафъа косаи хӯрокдорро гирифта, ба ҷояш косаи холӣ гузошт. Амина бошад, қошуқи холиро ба даҳон бурда, ба коса нигарист ва чизе нагуфта, дастонашро пок кард. Модар боз косаро ба ҷояш гузошта гуфт:
- Амина, хӯрокатро хӯр, дастархонро меғундорем!
Амина чашм аз телевизион канда, ба коса нигарист ва хӯрокро хӯрд.
- Амина, ба телевизор бовар накун! – хитоб намуд модар. – Вай ақлу ҳушатро гирифта, туро фиреб медиҳад. Чӣ хӯрданатро нафаҳмида мемонӣ!
Имрӯзҳо бештари бачаҳо соатҳои зиёд дар назди телевизон ва компютер мешинанд. . Аз телевизор чашм намекананд. Вақти зиёдашонро дар назди телевизор мегузаронанд. Онҳо дар назди экран худро озод ҳис карда, кайфияташон бардошта мешавад. Агар компютер ё телевизорро хомӯш кунед, асабӣ мегарданд. Хондан, корҳои хона ва дӯстонашонро ба дараҷаи дуюм мегузоранд.
Мувофиқи ақидаи рӯҳшиносон то 2-солагӣ ба бачаҳо дидани телевизон ва бозиҳои компютерӣ мумкин нест. Дар ин синну сол бачаҳо ба воқеаҳои экран сарфаҳм нарафта, фақат ҳаракатҳоро тамошо мекунанд. Ин ҳаракатҳо кӯдакро ба худ ҷалб мекунанд.
Баъди 4-5-солагӣ бачаро бо телевизион шинос кардан лозим. Дар ин вақт инсони хурдакак ҷисмҳои гарму сардро бо дастонаш санҷида, каму беш дар бораки нағзу бад низ хабар дорад. Бо вуҷуди ин ӯро танҳо гузоштан мумкин нест.
Бачаҳои мактабхон набояд аз 1 соат зиёд бозиҳои компютерро бозанд. Барои омӯзиш ва бо компютер шинос кардани онҳо ҳафтае 2-3 маротиба 15-20 дақиқагӣ вақт ҷудо намоед. Телевизорро низ дар чунин меъёр тамошо кунанд.
Бо бачаҳои 6-7 якҷоя бозиҳои компютериро бозед ва дар бораи он маълумот диҳед. Нагузоред, ки онҳо дер гоҳ дар назди компютер ё телевизион бошанд.
Аз ҳафтсолагӣ рӯзе 20 дақиқагӣ ҳафтае 2-3 соат дар вақти муйаян дидани телевизион ва машғулот бо компютер мумкин аст.
Бачаи 10-сола метавонад рӯзе як соат бо компютер шуғл варзида дар давоми ин муддат 20 дақиқа истироҳат намояд.
Бештари волидон аз телевизордӯстии фарзандашон дилгир шуда, барояш дидани телевизорро манъ мекунанд. Аммо набояд фаромӯш созем, ки муҳокимаи филм, мултфилм, барнома ва компютер мавзӯи сӯҳбати бачаҳост. Агар бача дар ин бобат маълумот надошта бошад, худро ноҳинҷор ҳис мекунад.
Хоҳед, ки бача камтар назди компютер ва телевизион шинад, шавқовар будани олами реалиро ба ӯ исбот намоед. Барои бача бисёртар вақт ҷудо кунед. Ҳар як филм ва барномаи телевизионро бе мақсад тамошо накунед. Воқеаҳоро шарҳ диҳед. Оиди намоишномаҳо фикр ва таассуроти фарзандатонро фаҳмед. Ба тамошои филми ҷангварӣ ва ваҳшӣ роҳ надиҳед. Ба тамошои мултфилмҳои ибратомӯз рухсат диҳед. Фарзандатонро ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намоед. Он гоҳ ӯ вақташро пурсамар мегузаронад.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 01/06/2018 14:43;   Просмотров: 1164
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку