Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"МӮЙ ҲАСТ-МӢ?"

Ин нидо барои ҳама шинос аст. Аз ҳама бештар занону духтарон хурсанд мешаванд, ки мӯйҳои рехтаашонро зудтар нест карда, бар ивазаш ягон чиз мегиранд.

Сокинони шаҳри Андиҷон Умедахон Юлдашева, Соҳиба Ахмедова, Одинахон Ахмедова, Умедахон Ҳақбердиева, Шоҳида Ҳақбердиева ва Гулмира Ҳусниддинова бо мақсади толону тороҷнамоии молу мулки дигарон ва ба даст овардани боигарии бедардимиён нақша мекашанд. Онҳо ба Самарқанд омада, хонаеро ба иҷора мегиранд. Мувофиқи нақша аввал маҳаллаҳоро назорат мекунанд. Дарвозаи сокинони маҳаллаҳои Янгиобод ва Дашти сӯхта (ҳоло Дашти обод)-ро як-як кушода, мепурсанд:
- Хола, ҳӯ-ӯ янга, соч борми?
То аз хона баромадани соҳибхона манзилро аз назар мегузаронанд.
Рӯзи дигар ба паҳлӯи хона ҷамъ мешаванд ва Соҳибаву Умедахон ба кӯча посбон мешаванд. Умеда Юлдошева духтарчаи наврасашро ҷалб менамояд. Очаю бача қулфи дарро вайрон карда, ба ҳавлӣ медароянд. Ба хона даромада аз дохили чойники даруни шкафистода занҷири тиллоро медузданд.
Занҷири тиллоро фурӯхта, гуруҳи ҷиноӣ пулро байни худ тақсим мекунанд.
Онҳо ин ҳолро дар маҳаллаи Янгиобод такрор мекунанд. Ин дафъа аз хонаи соҳибаш набуда дастпонаи тилло, 2 дона ангуштарини тилло, гӯшвори тилло, 2 миллону 950 ҳазор сӯм ва ҳазор рубли Россия, ки 13 миллону 75 сӯмро ташкил мекунад, медузданд.
Ҳеҷ ҷиноят беҷазо намемонад. Ҷинояткорон низ аз ҷониби ходимони шӯъбаи корҳои дохилӣ дастгир гардиданд.
Суд мувофиқи қонун ба ҳар кадоме ҷазо таъин кард.

Б.ЭРГАШЕВ,
ёрдамчии прокурори ноҳия


Последнее редактирование: 13/09/2019 17:44;   Просмотров: 878
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку