Рост мегӯянд, ки ҳар як сабаб оқибат дорад. Ҳамкасбамон Тугалбой Муваффаров вафот карду барои изҳори ҳамдардӣ пурсону ҷӯён ба гузари Қӯрғони шаҳраки Боғизоғони ноҳияи Тайлоқ омадем. Дар хонадони марҳум мӯйсафеди хушсарулибос, ки саллааш ба худаш мезебид, ояте аз Қуръони карим тиловат намуду ба руҳи поки тамоми гузаштагон бахшид. Писари раҳматӣ Тугалбой барои ҳамдардӣ арзи сипос кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ оператори рӯзномаи "Қӯшчинор"-и ноҳияи Тайлоқ аст.
Раҳнамо Нормурод Каримзода доир ба собиқ корманди рӯзномаи "Гулобод тонги" Тугалбой Музаффаров хотироти худро гуфта дод.
- Илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад, Тугалбой соҳиби қалами тезу истеъдоди фавқулодда буд, - таъкид намуд Каримзода. - Мо бисёр солҳо ҳамкор будем. Чанд китобҳои ӯ дар ҷевони ман ҳаст. Шумо Умедҷон, ҳамчун вориси муносиби падари бузургвор кори эҷодии ӯро идома диҳед.
Умедҷони маҳзун бо чашмони ашколуд тасдиқомез сар ҷунбонд.
Дар шафати гузари онҳо Сарой - Бандикушо ном қадамҷои муқаддас будааст, ки бо таклифи ронандаи нақлиётамон Фаррух Қароев он ҷойро зиёрат кардем. Ҳар як шахсе, ки ба ин ҷо ташриф мефармояд, диққаташро бинои мӯҳташами гумбаздор ба худ мекашад. Боғи калони он дарахтҳои меваноку манзаравӣ дошта, аз гулу райҳонҳои бисёр ба машом бӯйи хушу муаттар зада, табъи касро болида месозад.
Чанд нафар бо корҳои боғбонию деҳқонӣ машғул буданд, ки як нафари онҳо меҳмононро дида ба истиқболамон омад ва баъди салому алейк бо чеҳраи кушод хайра мақдам гуфта, то мақбара роҳбалад шуд.
Каримзода ба руҳи гузаштагони ҳамин манзил дуои фотиҳа кард.
- Ман бори нахуст дар ин ҷо омада, аз таърихи зиёратгоҳ мутлақо бехабарам, - гуфт ӯ. - Агар шумо шайх ё масъули ҳамин манзил бошед, маълумот медодед, - ба роҳбалад муроҷиат намуд вай. - Шояд ана ин дӯстам чизе навишта, омодаи чоп мекунанд, - гӯён сӯям нигарист.
Мизбон одами меҳмондӯсту рамузфаҳм будааст, ки зуд ба сӯи кати дарахти сада ишорат намуд. Ҳаво метафсид, аммо аз куҷое насими фораму дилнишин вазиду мо таклифро бо мамнуният қабул кардем.
- Акнун бо шумо шинос шавем мешавад? - баъди рӯи кӯрпача чорзону задан ба соҳибхона муроҷиат намудам ман, - анна ин кас муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги" шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода, дар шафати он кас ронанда ва мухбири ҷамоатиамон Фаррух Қароев . Банда низ хабарнигор.
- Чеҳраҳои шумоён шинос ва исму насабатон машҳур, - гуфт Ӯлмасака, ки дар синну сол ба мо баробар менамуд, - тавассути "оинаи нилгун" дида будам ва аз рӯзномаву маҷаллаҳо шеър, ҳикоя ва мақолаҳоятонро мутолиа менамоям.
- Хеле нағз, - завқ карда хандид Каримзода. - акнун ба мо дар бораи зиёратгоҳ маълумот диҳед.
- "Аввал иқтисод, баъд сиёсат" гуфтаанд бо табассуми малеҳ ғайб зад Ӯлмасака ва дар як нафас бо дастархону нон ва як тос ҷурғот омад, ки рӯи он бидуни муболиға ғафсии як ангушт қаймоқ дошт. Боз рафту як даста райҳон овард. Фаррух онро реза карда ба ҷурғот андохт ва ба косаҳо тақсимкунон якеашро худаш соҳибӣ кард ва ситоишомез ба хӯрдан пардохт.
- Дар бозорчаи моён ҷурғот аз зардоб фарқе надорад, - гуфт Фаррух . - на таъм ҳасту на маза. Ҷурғоти шумо, ако, роҳати ҷон.
- Дар мо ширу ҷурғот барои оила ва меҳмонон, - фаҳмонд Ӯлмасака, - Сонӣ, роҳи бозорчиён дигар, роҳи мо дигар.
Сӯҳбат метасфид, ки боз як шахс омаду ба давраи мо ҳамроҳ шуд. Вай бародари Ӯлмасака Олтинбой Раҳмонов будааст. Маълум шуд, ки Олтинбойака баъди хатми Донишкадаи сохтмон ва меъмории Самарқанд солҳои тӯлонӣ дар идораҳои гуногун адои вазифа карда, ҳоло гашти пирӣ меронад. Вай ҳарчанд баъди як сол ба ҳафтод қадам мегузорад, аммо ба сабаби машғул шудан бо меҳнати ҷисмонӣ пурқувват мебошад.
Сӯҳбати мо оҳиста-оҳиста ба таърихи зиёратгоҳ маҷро гирифт. Олтинбойака гуфт, ки барои обод гардидани Бандикушо хизмати собиқ директории хоҷагии давлатии "Боғизонғон", сипас ҳокими ноҳия Мӯъмин Шерқулов ниҳоят калон аст.
- Илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад, - гуфт Олтинбойака. - Мӯъмин Шерқулов шахси хоксор, савобталаб ва худотарс буд. Замоне зиёратгоҳи мо хароб ва танҳо як санг навиштаҷоташ бо ҳуруфоти арабӣ дошт, - нақл намуд Ӯлмасака. - ман аз модарам Истамой Шукурова шунида будам, ки он ба ҳамсари лашкаркаши араб Ҳузайрафатҳ Яманӣ Нарихон Ҳоҷӣ тааллуқ доштааст. Аммо Бандикушо ном гирифтани зиёратгоҳ сабаби дигар дорад. Ривоят мекунанд, ки дар замони қадим аз ҷониби Панҷакент ба Самарқанд бандиҳои (асирон) роҳкӯфтагиро дар ҳамин ҷо истироҳат медиҳанд. Чӣ воқеа рух медиҳад, ки асирони мусибатзадагон аз завлона ва кишани худ озод шуда, ҷониби Ватан фирор мекунанд. Аз ҳамон вақт ин ҷо номи Бандикушоро гирифтааст.
- Раҳматӣ модарам ба ин қадамҷои муқаддас ихлос доштанд, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Ӯлмасака, - гарчанд дар солҳои ҳукумати шӯравӣ "атеист"-он - кормандони ташкилотҳои ҳизбу коммунистон ба муқобили дин ва зиёрати ҷойҳои муқаддас мубориза мебурданд, аммо волидаи мукаррамаи ман бевосита ихлосмандона ва бо иродаи қавӣ омада атрофи Бандикушоро ободу зебо нигоҳ медоштанд. Аз дуру наздик алалхусус занону духтарон ва бештар арӯсони ҷавон барои фарзандталабӣ меомаданд. Кормандони ҳуқуқу тартибот санги муқаддаси зиёратгоҳро гирифта рафтанд ва ба идораи осорхонаи вилоятӣ супориданд. Модарам аз чунин ранг гирифтани масъала ба бемории рӯҳӣ печид ва дар шифохона хобид. Вале табобату муолиҷаи шифокорон самара надод. Як рӯз модарам хоб мебинанд, ки мӯйсафеди нуронӣ омада мегӯяд, ки "табобати ту обод кардани зиёратгоҳи Бандикушо аст". Ҳангоми ба аёдат рафтанам модарам хобашро ба ман гуфт ва хоҳиш намуд, ки санги муқаддасро оварда дар ҷояш гузорам. Мо, фарзандон ҳамин тавр кардем, дарҳақиқат модарам шифо ёфт. Хушбахтона раҳматӣ Мӯъмин Шерқулов барои бунёди мақбара саҳми арзанда гузошт. Афсӯс, ки барои кори савоб ҷазо гирифт. Аз байн чанд сол сипарӣ гардид ва ӯ сафед шуда, боз фаъолияти худро идома дод. Ва пас аз истиқлоли ҷумҳурият мардум барои зиёрат меоянд.
- Бандикушо чӣ хислат дорад, ки одамон ташриф мефармоянд? - пурсидем мо. - Ин ҷо чӣ гуна каромат дорад?
- Дар боло қайд кардем, ки ҷавонони навхонадор ба талаби фарзанд меоянд, - гуфт Ӯлмасака. - Сонӣ, чӣ одам, чӣ ҳайвони хонагӣ қабзият дошта бошад, омада қабри лашкаркаши араб Ҳузайрафатҳули Яманӣ ва завҷаи онро зиёрат мекунанд ва ба дарди худ шифо меёбанд. Чӣ хислату чӣ тадбир, худо медонад.
- Шояд мӯъҷиза дар обу ҳаво ва муҳит аст, - фикрамонро баён намудем мо. - замоне дар даромадгоҳи дараи Оҳалик ғоре буд, ки кӯдакони ба бемории Сулфакабутак печида баъди зиёрати он зуд шифо меёфтанд. Сад дареғо, ки бо баҳонаи сохтмони хумдони оҳакпазӣ онро вайрон карданд. Ҳоло сангтӯда ва ғори вайроншуда "зеб"-и дараи Оҳалик аст. Бандикушо ҳам шояд табиати нотакрор дорад, ки беморон ба дарди худ шифо меёбанд. - Маблағҳои ман дар дасти чанд нохалафон дар "банд" аст, - нимшӯхӣ ва нимҷиддӣ лаб ба сухан кушод ронанда Фаррух Қароев. - Шояд баъди зиёрати Бандикушо ба қарздорони ноинсофи ман Парвардигор инсоф диҳад.
- Албатта ба муроди дил мерасед, - башорат намуд Каримзода. - Фақат хайру эҳсон аз хотиратон набарояд шуд. Зиёфат дар Бандикушо.
Ҳама завқ карда хандидем. Ва Ӯлмасака омини меҳмононро гирифт. Рахти сафар бастем ва аз Ҳақ таоло илтиҷоомез пурсидем, ки ба ҳамаи ҳаннотону фиребгарон инсоф диҳад ва онҳо қарзашонро баргардонанд. Охир моёнро зиёфат дар Бандикушо интизор аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Гулобод - Боғизоғон - Гулобод
Бояд гуфт, ки шоир Нормурод Каримзода бо номи "Зиёратгоҳи Бандикушо" шеъре навиштааст ва ин чанд мисраъ ба эътибори шумо ҳавола карда мешавад:
ЗИЁРАТГОҲИ БАНДИКУШО
Бандӣ озод шуд аз бори кишан,
Ҷону тан холӣ зи озори кишан.
Дил фараҳрез зи эҳсони дуо,
Ин саодат расид аз Бандикушо.
Ғам бадар рафт зи кошонаи дил,
Шуд ба мо дӯст чу бегонаи дил.
Ӯлмас аз меҳр кушод хони сахо,
Манзилаш сабз шуд аз Бандикушо.
Бӯи райҳон ба машом меояд,
Бӯи хуштаъм таом мефорад.
Ҳар ки ояд сина саршори сафо,
Мекушояд гираҳе Бандикушо.
Духтарон бахткушоӣ оянд,
Хастагон турфа даво мехоҳанд.
Мо кушодем яқин қулфи вафо,
Чашмаи рӯҳу равон Бандикушо.
Аз Худованди карим ваҳй расид:
Бандаи хоси ҷаҳон гашт падид.
Ҳар киро дард буд ар, ёфт раҳо,
Ин ҳам аз мӯъҷизаи Бандикушо.
Зоирон гӯянд: "Ихлосу халос",
Пас шикан оинаи тарсу ҳарос.
Ёварат бод ниёву анбиё,
Баҳра ёб аз нафаси Бандикушо.
Эй зиёратгаҳи армону умед,
В - эй кушояндаи пайроҳи сафед.
Дар барат ёфт аҷаб ҷои бақо,
Насли Одам ва Ҳаво Бандикушо...
Нормурод КАРИМЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.