Дар синни панҷоҳсолагиам ҳамаи фарзандонамро соҳиби оила гардонидем. Ду духтарамро ба шавҳар дода, ба писарам арӯс овардем. Соҳиби панҷ нафар набера ҳастем. То ба калон шудани фарзандҳо ҳамроҳи ҳамсарам ранҷи зиёд кашидем. Бахусус, ба ҳамсарам хеле душвор буд. Яккаписар, ки ҳастам, нигоҳубини падару модари пирам низ ба зиммаи вай мебошад. Аз субҳ то шом оромие надошт. Бо вуҷуди ин ҳар рӯз ба хона меҳмон меомаду ҳамсарам дар хизмат мешуд. Шабона фарзандонамон намегузоштанд, ки вай ором гирад. Аз ҳама бештар писарамон хеле инҷиқ ва гирёнчак буд. Ба ҳамсарам раҳмам омада, писараки хурдсоламро ҷанг мекардам, ки хобад.
- Дадаҷонаш, писарамонро ҷанг накунед, - мегуфт ҳамсарам. - Ҳоло истед, ба ин келин биёрем, ҳамаи корҳоро онҳо иҷро мекунанд. Мову шумо болои ҳафт қабат кӯрпача чой нӯшида мешинем...
Бо ин суханон худро таскин дода, боз аз пайи зиндагӣ мешудем. Фарзандон ба воя расиданд, ташвишамон кам мешавад, гӯем, баракс, зиёд шуд. Ҳар кадоме эҳтиёҷи худро баён мекунад. Мехоҳанд барояшон либосҳои дилхоҳашонро харид намоем.
- Дадаҷонам, фарзандони мо аз кӣ кам. Хоҳишашонро иҷро кунем, онҳо ҳам дар пиронсолӣ моро ҳурмат мекунанд.
Ҳангоми оиладорсозии онҳо низ ҳамсарам ҷонибдорашон буд.
- Дадаҷонаш, фарзандонро оиладор кунем, ҳарду бо хотири ҷамъу дили беғам ба ягон санатория рафта, дам мегирем. Шаҳрҳои қадимаро зиёрат мекунем...
Бо орзуи он, ки зану шавҳар ҳамроҳ сафар мекунем, хомӯш мондам. Мехостам чеҳраи ҳамсарамро хандону беғам бинам. Вале куҷо?!
Писарам писардор шуд. Аз ин хурсандиамон ҳадди канор надошт. Фарзандаш шашмоҳа шуду писарам дар хаёли суннаттӯй афтод. Рӯзе ҳамсарам хабар дод, ки писару келинам ба хориҷи кишвар равонаанд. Аз ин хабар ҳайрон шудам.
- Дадаҷонаш, монед, раванд, ду-се моҳ кор кунанд, иморатҳоро хушрӯй карда, писарашонро тӯй мекунанд.
- Писарат равад, аммо келинро намемонам...
Писарам рафт. Баъди як ҳафта ҳамсарашро низ даъват намуд.
- Дадаҷон, шумо хавотир накашед, - гуфт келин, мо ду кас кор кунем, зуд бармегардем, - пули бисёр мефиристем.
- Дадаҷонаш, розӣ шавед, - боз ҷонибдорӣ намуд ҳамсарам. – Духтари калониамон писарашро суннаттӯй мекунад, ба вай мебел, сарупо... барои фарзанди духтари хурдиамон сари гаҳвора кардан даркор. Медонед барои ин чӣ қадар пул лозим... Инҳо раванд, пул фурсонанд. Маъракаҳоро гузаронем.
Келин бачаи шашмоҳаашро ба мо монда рафт. ?ариб ду сол аст, ки зану шавҳар дар сафар. Ҳамсарам бо азобе бачаро калон кард. Аммо аз пули ваъдагӣ дарак не. Баъзан мегӯянд, ки кор наёфтаанд, аксар вақт иброз медоранд, ки кор кардаанду маошашонро надодааст...
Борҳо ба ҳамсарам гуфтам, ки келин омада, фарзандашро бонӣ кунад, аммо розӣ намешавад. Худ мисли наварӯсҳо серкор аст. Хизмати модарамро мекунад, корҳои хонаро иҷро менамояд... Набераам бисёр шӯх ва гапнодарост. Лаҳзае аз ҳамсарам дур намешавад. Ба меҳмонӣ ё маъракаҳо ҳамроҳ мебарад. Ҳаракатҳои аз одоб дури набераам дар назари ҳамсарам наменамояд. Чизҳои рӯйи дастархонро ҳар сӯ мепартояд, ба деворҳо ҳар чизро мемолад, пойи луч мегардад ва бо пойи лойолуду ифлос ба хона медарояд. Касе дар ҳаққи наберааш сухани бад гӯяд, ӯро душмани худ мешуморад.
Баъзан мақоли “Бола боқиш вақтинча, набера боқиш ӯлгунча” бачапоӣ муваққатӣ - наберапоӣ абадӣ ба хотирам меояд. Наход ҳамин хел бошад? Кай ҷавонҳо масъулиятшинос мешаванд?!
О. РАҲИМОВ.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.