Дар ноҳияи мо аксари хоҷагиҳои фермерӣ аз замин ҳосили баланд мерӯёнанд. Яке аз онҳо хоҷагии фермерии "Азизов Қурбон"-и тобеи Саройи муқобили мошину тракторҳои "Мароқанд" мебошад, ки ба он Ҷамшед Азизови 40-сола роҳбарӣ мекунад. Хоҷагӣ соли 2006 таъсис ёфта, заминаш 91,1 гектар аст.
Аз соли 2012 инҷониб бо кӯмаки фирмаи "CMEC GENERAL MACHINERU IMPORT END EXPORT CO LTD" яхмосҳои хуштаъм истеҳсол мекунанд. Дар хоҷагӣ "Ризамат", "Суғдиёна", "Кишмиши сурх", "Ангушти арӯс" барин навъҳои серҳосили ангурро парвариш менамоянд. Моҳи апрели соли ҷорӣ 15 га токзори нав ташкил карданд. Дар токзор 10 нафар аъзои хоҷагӣ кор мекунад. Сӣ фоизи ангур ба давлатҳои Россия ва Қазоқистон содирот мешавад.
Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагӣ соли 2016 яхдони ҳаҷмаш 1000-тоннагӣ бунёд гардид.. Соли ҷорӣ бошад, истеҳсоли қуттиҳои пластмассӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо дар хоҷагӣ 35 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
- Дар оянда нақшаҳои зиёд дорем, - иброз дошт фермери кордону серғайрат Ҷ. Азизов. - Дар киштзор сохтори обёрии чакрагиро ба роҳ монда, мехоҳем содироти ангурро ба 100 фоиз расонем.
Матн ва сурати Ҷ. АСРОРПУР
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.