Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НОҲИЯИ САМАРҚАНД ЧАНД БУЛВАР ДОШТ?

"Булварҳо дар ноҳия? Дар қишлоқ булвар чи лозим?" – гуфт ҷавобан ба саволи ман як рафиқам. Азбаски мо самарқандиён танҳо "Булвари Абрамов"-и шаҳрро медонем, ба назарамон чунин аст, булвар танҳо хоси даруни шаҳр аст. Аммо таърихномаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар марзи ноҳияи деҳотии ҳозираи Самарқанд ду булвар вуҷуд доштааст.

Булвари Парижи Фаронса машҳур аст, эҳтимол генерал-губернатори Самарқанд ба тақлиди ҳамон булвар Булвари Самарқандро сохтааст. Аммо аврупоиён ба тақлиди хиёбонҳои Самарқанд булварҳои худро сохтаанд. Булвар ба забони мардумони Осиёи Марказӣ хиёбон аст. Чунин хиёбон (булвар) бори аввал аз ҷониби Амир Темур аз Дарвозаи Фирӯзаи (Дарвозаи Қаландархона) шаҳри Самарқанд то Боғи Бӯлдии Амир Темур сохта шудааст. Хиёбони дуюм аз Дарвозаи Хоҷа Аҳрор (Коризгоҳ) то мазори Хоча Кафшер сохта шудааст. Дар кадом аср ва аз ҷониби кӣ сохта шудани ин хиёбон маълум нест. Эҳтимол замони Хоҷа Аҳрор сохтагистанд. Мақсад аз сохтани хиёбони сердарахту пургул барои сайри идонаи мардум шароит муҳайё кардан будааст. Масалан, хиёбони Дарвозаи Хоҷа Аҳрор чорбоғи Намозгоҳи шаҳрро бо зиёратгоҳи мазорҳои Хоҷа Кафшеру Хоҷа Аҳрор мепайвастааст.
Хиёбони Бухоро низ чунин будааст ва дарвозаи шаҳрро бо зиёратгоҳи Чор-Бакр мепайвастааст. Дарозии ин хиёбон як фарсах (шаш километр) будааст.
Хиёбони Ҳирот низ чунин аст – аз дарвозаи шаҳр ба масофаи чандин километр то мақбараи шайхи машҳур Абдуллоҳи Ансорӣ тӯл кашидааст. Чунин хиёбони шашкилометра дар шаҳри Исфаҳон низ ҳаст, ки ҳамаи онҳо дертар ба тақлиди хиёбони темурии Самарқанд сохта шудаанд. Ба шаҳодати таърихнависон дар қадди ин хиёбонҳо гулгаштҳо, кӯшкҳо, ҳавзҳо, фаввораҳо, чойхонаҳо ва дигар иморатҳоро ба мақсади истироҳату дамгирии одамон месохтаанд.
Маълум мешавад, ки агар аз Дарвозаи Фирӯза то Боғи Бӯлдӣ мардуми Самарқанд танҳо барои истироҳату дилхушӣ сайр кунанд, Хиёбони Дарвозаи Хоҷа Аҳрор – Намозгоҳ – мазори Хоҷа Кафшер дар вақти идҳои динӣ серодам гардида, мардум ба ин хиёбон ба ҳаҷи пиёда мебаромадаанд. Санъати чорбоғсозию хиёбонсозӣ эҳтимол решаҳои қадимтаре доранд. Дар Авесто, ки таърихи бисёрҳазорсола дорад, калимаи «пайри диза» дучор мешавад. Пайри боғ ва диза – қалъаро ифода мекунад. Дар матнҳои ба забону хати суғдӣ навишта шуда, калимаи парадиза дучор мешавад. Яъне пара – боғ ва диз – қалъа. Ба ёд оред, ки минтақаи Хоҷа Аҳрор дар замонҳои қадим Фарундиза ном дошт. Диз – қалъа аст. Дар паҳлӯи Фарундиза Фағдиза низ будааст. Дар забони суғдӣ "ф" нест, онро бо "п" ё "б" ифода мекунанд ва фағдиза ба забону хати имрӯза пағдиза ва боғдиза низ мешавад. Боғдизаро ба шакли дигар нависем, Қалъабоғ мешавад. Калимаи парадизро аз суғд сайёҳу савдогарони аврупоӣ бо худ бурдаанд ва ҳоло он дар забони юнонӣ дар шакли парадейсос, дар забонҳои Европа дар шакли парадиз, дар арабӣ дар шакли фирдавс ба маънои ҷаннат қабул гардидааст, зеро маънои аслии биҳишт боғ аст. Сайри таърихии ин калима нишон медиҳад, ки эҳтимол калимаи "парк"-и англиси низ аз "пара"- и суғдиву авестоӣ гирифта шудааст. Дар забонҳои русиву аврупоӣ ибораҳои "зани булварӣ" ва "газетаи булварӣ" мавҷуд аст, яъне ба маънои зани сабукпой ва рӯзномаи фачу лач, ғайбати заношӯӣ ва ғайра. Яъне, булвари аврупоӣ ҷои худнамоии занҳои сабукпой ва фурӯши чунин рӯзномаҳои ғайричиддӣ ва ғайрирасмӣ.
Аммо чунон, ки аз таърихномаҳо маълум мегардад, дар хиёбонҳои шаҳрҳои мусулмонии Самарқанд, Ҳирот, Бухоро ва Исфаҳон аз рӯи талаботи шариат барои сайри занҳо рӯзҳои алоҳидаи сайру саёҳат муқаррар гардида, ба ягон кори хилофи шариат роҳ дода нашудааст.

Адаш ИСТАД


Последнее редактирование: 13/07/2018 15:20;   Просмотров: 1159
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку