Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НОМАИ ОГОҲӢ

(Ба ҳамватаноне, ки муқобили
сирояти тоҷвирус COVUD-19 фаъолона мубориза мебаранд)

Эй ҳамватанон, гӯш кунед номаи ман,
То матлаби дил расонад ин хомаи ман.
Аз хавфу хатарҳои бад огоҳ шавед,
Бо ҳушёрии худ алайҳи бадхоҳ шавед.
Гар ҳамдилу ҳамсадову ҳамфикр наем,
Пас баҳри чӣ ҳамканори худ омадаем?
Бояд тану ҷони худ нигаҳдорӣ кунем,
Бар халқу диёри худ накӯкорӣ кунем.
Гар ҷону тан аз мост, мо аз ватанем,
Гулҳои тару тозаи хуррам чаманем.
Бар тоҷвирус душмани қаттол шавем,
Тарсончаки бечораи ноком наем.
Авлоди банангу ору Синонасабем,
Дар роҳи дифои халқ дар тобу табем.
Ҷӯем давои дарди садранги ҳаёт,
Худро надиҳем зи тарс бар чанги мамот.
Гуфтори ҳаким барои мо бод шиор,
Бо покиву озодагӣ худ соғ бидор.
Дар тансиҳатӣ ҳикмати бисёр бувад,
Аз бехабарӣ ҳазор озор бувад.
Бо варзишу хӯроки муфид ёр шавем,
Бар хешу табори ҳам мададгор шавем.
Фарзанду набераҳо азиз вориси мост,
Аз офату ранҷу хорӣ низ ҳофизи мост.
Дониш талабему сайъ бар некӣ кунем,
К-аз халқи ҷаҳон қадимтар андар фунунем.
Дар ҳарбу ҳунар доди амал дода басе,
Бе ҳеҷ сабаб насӯхтем хору хасе.
Бо сабру таҳаммул, ақлу идроки баланд,
Ёбем ҳамеша чораи дафъи газанд.
Парвардаи халқи хайрандеши ватан,
Фарзонаи посдори гулбоғи сухан.
Шайдои вафопешаи бунёдгарӣ,
Дилдодаи шоҳроҳи ободгарӣ.
Дар арсаи худфурӯзӣ якҷону танем,
Азбаски дар офоқу фалак ҳамватанем.
Гуфтему кушодем раҳи ҳалли наҷот,
Дар гуфтаи мост тафсири маргу ҳаёт.
Хезеду шитобед, ки ин дам гузарад,
Аз хотири мо қисмати одам гузарад.
Сардори ватан даъвати худ кард баён,
Аз ҳарфи дилаш кулли талаб гашт аён.
Оромиву иттиҳоди мо аҳди хуш аст,
Иқдоми сиҳатмандии мо ҷаҳди хуш аст.
Парҳез кунем каме зи ҳар тӯю нишаст,
К-аз тӯйхӯрии мо басе ҷом шикаст.
Аз санҷишу имтиҳони даврон гузарем,
Дар баҳри ҳаёти одамӣ покгуҳарем.
Яздон ба амалҳои накӯ роҳнамост,
Аз амри Худо рӯй матобем, ки хатост!
Шукрона ба ҳар як нафаси умр бас аст,
Маънои талоши зиндагӣ дар ҳавас аст!
Магзор, ки зиндагонӣ нохуш гузарад,
Бефайзу фараҳ, харобу беҷӯш гузарад.
Инсони шариф пайраву дамсози замон,
Дар ҷодаи худфурӯзӣ ҳамрози ҷаҳон!
Бе ваҷҳи муҳим пой намонем ба даре,
Аз беҳудагардӣ мерасад дарди саре!
Монем ба машому бар даҳон тоза ниқоб,
Шӯем дасту рӯй бо собуну об.
Ҳар гоҳ ҳавои хонаро тоза кунем,
Пӯшоку палоси чиркин озода кунем.
Аз ёд наравад низоми аҷдодии мо,
Одоби парасториву ободии мо.
Ифлосиву нопокӣ бувад кони зиён,
Аз гарду ғубор пок бод хону макон!
Нотинҷӣ барад зи хонадон хайру ҳузур,
Ноаҳлӣ кашад ба коми худ айшу сурур.
Ҳаргиз нашавем фирефтаи моли ҷаҳон,
Бо чашми хирад нигар ба аҳволи замон!
Дар саҳнаи худшиносӣ бошем мудом,
Ин панди чу қанди банда ҳам гашт тамом.

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 25/03/2020 16:10;   Просмотров: 788
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку