Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НОМБАРДОРИ ҚӮРҒОНИ КАЛОН

Бачагӣ...
Падари хонадон наққошу ороишгари пурҳунар, корманди аэропорти Самарқанд Болтақул Шарифов ситораи гарме дошт. Вақте ки гап мезад, чашмонаш медурахшиданду лабонаш моили табассум мешуданд. Ин ҳолат ба рухсори пуррааш аҷаб мезебид. Дили нарме дошт. Ин дил ба ғами дигарон сахт месӯхт. Ба атрофиён ғамшарикӣ мекард. Аз ин рӯ, ҳама дӯсташ медоштанд. Писари калонии хонадон Маматқул бо чунин падари меҳрубон фахр мекард. Ҳангоми таҳсили фаъолона дар мактабҳои рақамҳои 60 ва 21-и зодгоҳ орзу дошт, ки мисли падари худ меҳрубони ҳама бошад. Пеш аз ҳама корманди аэропорт гардаду ба само парвоз карда, ба дурии дуриҳо сафар намояд. Маматқул дар ин мавзӯъ иншоҳо дошт. Чанде аз он ба маҷаллаву рӯзномаи бачагонаи "машъал" ва "Пионери Тоҷикистон" чоп гардида буданд.

"Дили раҳмин - пайваста ғамгин" мегӯянд дар урфият, ки рост будааст. Вақте ки дар аэропорт, ҳангоми машқ самолёти хурд ба садама дучор шуд ва панҷ нафар фалакпаймои ҷавон фоҷеавор ба ҳалокат расиданд, Болтақулака сахт ғам хӯрд ва оқибат дили дардошнояш сакта пайдо карда, соли 1978 аз олам даргузашт. Марги нобаҳангоми падар орзуи лётчик шудани Маматқулро ба охират бурд...
Ҳангоми вафоти падар Маматқул Шарифов дар хизмати ҳарбӣ буд. Аз диёри дури Белоруссия рӯзи саввуми таъзия расида омад. Баъди рафтани хешу таборон сар ба зонуи модари хоксори худ, мураббияи пуртачрибаи кӯдакистон Саида Ҳамзаева ниҳода, ноаён оби чашм рехт. Ӯ ин лаҳза бо бачагӣ низ хайрухуш мекард. Зеро ба ҷои падар дар шафати модар истода, ҳафт нафар додару хоҳаронашро саробон бояд бошад. Боз дар пеш давоми хидмати ҳарбӣ ҳаст...
Навҷавонӣ...
Пас аз адои хизмати ҷавонмардӣ барои кор ба коргоҳи падар - Аэропорти Самарқанд даъват намуданд. Маматқул рӯзона кор мекарду фикраш ба хондан банд буд. Ниҳоят донишҷӯи Донишкадаи давлатии меъмориву сохтмони Самарқанд гардид. Ҳамчун мутахассис ба шӯъбаи сохтмони манзилгоҳҳои инфиродии кумитаи иҷроияи ноҳияи Самарқанд ба кор омад. Акнун рӯзона меҳнат менамуду шабона мехонд. Дар рӯзҳои фориғ аз меҳнат ба модар, ба корҳои зироатии хона ёрдам мекард. Чун донишкадаро хатм намуд, харидорони зиёде пайдо кард. Яке аз онҳо раиси хоҷагии ҷамоатии "Мароқанд", шодравон Абдурауф Давронов буд. Бо ҳидояти ӯ вазифаи муҳандиси сохтмонҳои хоҷагиро ба зимма гирифт. Масъулият, ки зиёд шуд, навҷавонӣ низ ба оқиб монд...
Роҳ ба сӯи тадбиркорӣ...
Истиқлолият ба шахсони зукко дари имкониятҳоро кушод. Аксарияти онҳо бо тадбиркории хусусӣ шуғл варзиданд. Маматқулака низ соли 2002 коргоҳи хусусиву истеҳсолии "Қӯрғони калон"-ро кушод. Бо ин роҳ барои мактабиён ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо садҳо навъи ашъёҳои таълимӣ, кубику алифбоҳо, бозиҳои шавқовари буррокунандаи ақлу зеҳнро дар чор забон истеҳсол намуд. Соҳиби унвони "Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон", медал ва ифтихорномаҳо шуд. Доктори Академияи улуми байналхалқии "Антик Дунё" -и Юнонистон гардид. Дар ин роҳ ӯ ба маслиҳатҳои донишмандони соҳаи педагогика корманди масъули Вазорати таълими халқӣ Фирӯза Ваҳҳобова ва сармутахассиси шӯъбаи таълими халқии ноҳия Мирзомаҳмуд Акрамов такя намуд. Ҳоло "Қӯрғони калон" шӯҳрати байналхалқиро соҳиб аст. Қариб 15 нафар корманд барои боз ҳам эътибор пайдо намудани корхона заҳмат мекашанд...
Тазодҳои зиндагӣ...
Тӯйи ақди никоҳи падару модари Маматқул Шарифов Болтақулака ва Саидабибӣ 21-уми декабри соли 1957 ба амал омадааст ва 21-уми декабри соли 1958 Маматқулака рӯи дунёро дидааст. 21-уми декабри соли 1972 ба сафи комсомол - итттифоқи ҷавонон дохил шудааст. 21-уми декабри соли 2002 гувоҳномаи тадбиркориро гирифтааст. 21-уми декабри соли 2009 бори аввал депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия интихоб гардидааст.
5-уми ноябри соли 1980 бо дӯзандаи моҳир, гулдухтари қумзорӣ Соҷида Фахриева оила барпо намуда. рӯи фарзанди аввал - Юсуфҷонро 5 - уми ноябри соли 1981 дидааст...
Ҳоло панҷ нафар фарзанди Маматқулака ва Соҷидаойтӣ - Юсуфҷон, Фаридабону, Шаҳлобону, Зайнура ва Шерозҷон соҳиби касбу ҳунар ва оилаҳои намунавианд. Домодҳо - Бобурҷон, Равшанҷон, Ҷасурҷон, келинҳо - Дилдорабонуву Азизабону бо ҳамроҳии набераҳо Фирӯзабону, Фарзонабону, Темурҷон, Афрӯзабону, Маҳлиёбону. Моҳинабону, Ҷаҳонбек, Бунёдбек, Ашрафбек, Шоҳинисо, Паринисо, Фирӯзҷон, Дилнурабону ва Ҷавлонҷон оилаи бузурги Шарифовҳоро боз ҳам пуршукӯҳтар мегардонанд. Ва бисёранд аҳли сулола, ки дар рӯзҳои 21-уми декабр ва 5-уми ноябр таваллуд ёфтаанд..
Орзуҳо...
Маматқулака ҳамчун депутат барои накӯаҳволии халқ часпу талоши зиёде дорад. Ҳамроҳи бузургмардони ободгари маҳаллаи Қумзор Раҳимҷон Тӯрақулов, Шукруллохон Вализода, Шавқй Наҷмиев, Масеҳ Орифов бо сарварии раис Зафар Ҳалимов нақшаҳо тартиб дода, аз паи иҷрои он мегардад.
Дар соҳаи тадбиркорӣ низ муродҳо дорад. Калонтар намудани коргоҳ. Бунёди кӯдакистон дар шаҳраки Гулобод, ташкили мактаби маҳорати мутахассисони бозиҳои шавқовари буррокунандаи ақлу рӯҳи насли наврас ва ғайра...
Синни Маматқулака ба 60 расидааст. Дар қуллаи орзуву омолҳои ширин қарор дорад. Маматқулакаро бо зинаи нави умр табрик гуфта, хоҳиши онро дорем, ки ҳеҷ гоҳ шасташ паст нагардад ва шӯҳрати деҳкадаи Қӯрғони калону корхонаи "Қӯрғони калон"-и ӯ афзояд.Чашми бад нарасад!.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 21/12/2018 11:46;   Просмотров: 1024
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку