Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НОМИ ТИФЛРО ЧӢ МОНЕМ: БОЛТА, ТЕША Ё ҚӮЧҚОР?

Дар шароити кунунӣ падар ё модари кӯдак чӣ маънӣ доштани номи гузоштаашонро ба тифлони худ сарфаҳм мераванд? Чаро баъзеҳо гузоштани номҳои зебои миллиамонро ба фарзандонашон ҷоиз намешуморанд? Масъулони шуъбаҳои САҲШ (ЗАГС) ба дархости шаҳрвандон дар бораи бо номҳои Болта, Теша, Қӯчқор ё Саид Маҳди Хоҷа, Шайх Алӣ ва ба ин монанд номҳои дигар гирифтани шаҳодатнома ба фарзандони худ чигуна дахолат мекунанд?

Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол моро зарур омад аз падаре, ки барои фарзандаш мехост шаҳодатнома гирад, «дасти кӯмак» бихоҳем. Пас аз он, ки мақсади мавзӯъро фаҳмонидем, бо ин ҷавон, ки Ҷумъабой ном дорад, барои таҷриба гузаронидан якҷо нақш бозидем. Яъне баробари ворид гаштан ба утоқи кории кормандони шуъбаи САҲШ-и ноҳия худро ҳамчунон вонамуд намудем, ки гӯё ӯ мехоҳад ба фарзандаш бо номи Саид Маҳди Хоҷа шаҳодатнома гирад. Баробари шунидани ин ном масъули шӯъбаи САҲШ Гулноза Юсуфова бо муомилаи хубу маданӣ гуфт: «Мебахшед, лекин мо бо ин хел номҳо шаҳодатнома намедиҳем. Як нафари дигар низ омада буд ба мисли Шумо, ки номи фарзандашро «Бисмиллоҳ» гузоштаасту мехост бо ин ном шаҳодатнома гирад. Ҳамаамон, алҳамдулиллоҳ, мусулмон ҳастем, лекин номро бояд огоҳона гузошт, ба маънояш бояд сарфаҳм рафт. Лутфан, як ба номнома муроҷиат кунед, номҳои зебою маънидор бисёранд, аз он интихоб намоед».
Кунҷкобона суол кардам, ки «Мо наметавонем ба фарзандҳоямон номи дилхоҳи худро гузорем?»
- Метавонед, ба шарте ки номи зебо бошад ва фардо фарзандатон калон шуда, аз номи доштаи худ фахр кунад, на ин ки дар байни рафиқон шарм дорад, - посух дод ӯ.
- Ин номи гуфтаи мо агар намешуда бошад, пас, Саид Маҳди Хоҷа нею Шайх Алӣ гузорем чӣ?, - дубора пурсидем аз ӯ.
- Гуфтам-ку мо ин хел номҳои Хоҷаю Шайх ё умуман номҳое, ки якеро болои дигарон афзалтару бартар хонад, гузошта наметавонем, - бо табассум ва оромона идома дод масъули САҲШ. - Ҳамин номи гуфтаи шуморо мо танҳо ин хел метавонем ба фарзандатон гузорем: Алӣ Саидзода. Чӣ гуфтед?
Маълум мегардад, ки намояндагони шӯъбаи САҲШ-и ноҳия доир ба номгузории шаҳрвандон масъулиятшинос буда, вазифаи худро ҷиддан иҷро менамоянд.
Ба хотири донистани он, ки падар ё модари тифл мехоҳад ба фарзандаш ном гузорад, оё ба маънии ном аҳамият медиҳад ё номҳое, ки мегузоранд аз куҷо мегиранду ба чӣ хотир чунин номро мегузоранд, бо якчанд падар ва модаре, ки ба тозагӣ соҳиби кӯдак шудаанд, ҳамсуҳбат шудем.
Фирӯза Қаландарова, ки ду рӯз қабл соҳиби писарча гаштааст, бо хушҳолӣ мегӯяд, ки номи ӯро Муҳаммад мондааст. «Ин номи пайғамбарамон аст ва ба ҳама ошност», - афзуд ӯ.
Гулрӯ Латифова, зани дигаре иброз медорад, ки номи фарзандашро ҳамсараш аллакай Идрис гузоштааст. «Бароям дар бораи аз куҷо гирифтани ин ном чизе нагуфтаанд, вале фикр мекунам, аз китоб гирифтаасту ба хотири номи исломӣ буданаш ба фарзандамон гузоштаанд. Худи ман маънои ин номро намедонам, танҳо дар назари ман низ номи зебо аст», - мегӯяд ӯ.
Шарифбобо нафаре аст, ки набераи навзодашро Раҷабалӣ ном гузоштааст. Зимни суҳбат бо мо ӯ гуфт, ки ҳар номе, ки ба набераҳо гузоштааст, китобист ва номи ин набераашро ба ин хотир Раҷабалӣ гузоштааст, ки дар моҳи Раҷаб зода шудааст.
Маърифат Саидова, зани ҷавоне, ки рӯзҳои наздик фарзанддор хоҳад шуд, иброз медорад, ки агар писардор шавад, номашро Мулкиддин мегузорад. «Рости гап, маънои номи интихобкардаамро намедонам, аммо ба хотири ҳамрадифи номи писари марҳумам, яъне Ҳукмиддин будан гузоштан мехоҳам», - гуфт Маърифат.
Ҳоҷӣ Лутфилло Ибодуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Абду Берун ин ақидаро, ки гӯё ҳар касе номҳои ғайриисломӣ дорад, аз дин хориҷ мешавад, беасос хонд. «Шахсан худи ман дар ҳеҷ як китоби динӣ сураи махсусеро вонахӯрдаам, ки дар онҷо гуфта шуда бошад, ки инсони дорои номи ғайриисломӣ бедин мешавад. Танҳо мо тавассути ақли худ мебояд ба фарзандонамон номгузорӣ намоем. Масалан, имрӯз номҳои зиёде аз қабили Абдулнабӣ, Абдурасулро ба фарзандони худ мегузоранд, ки агар дақиқан назар афканем, маънии ғалат доранд. Охир инсон танҳо бандаи Худо буда метавонад, чӣ хел мо бандаи оне бошем, ки худ халқкардаи Оллоҳ аст. Ё номеро вохӯрдаам, ки Аҳриман аст. Наход волидон маънои ин номро, ки номи шайтон аст, нафаҳмида ба фарзанд гузошта бошанд?», - изҳор дошт ӯ.
Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз аксар вақт падар ё модар маънии номи гузошташаашонро таҳлил намекунанд ва ин ҳол метавонад фардо боиси хиҷолати фарзандон дар байни дӯстону атрофиён гардад. Хуб мешавад, агар пеш аз он, ки ба фарзанд номеро мегузорем, доир ба чӣ маънӣ доштани он маълумот пайдо кунему номҳои зеборо барои фарзандон интихоб намоем.

О.ХИЗРӢ


Дата добавления: 07/09/2018 12:38;   Просмотров: 1209
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку