Хайрият, нимаи дуюми солҳои 80-уми садаи ХХ баъди бештар аз 70 соли тирагӣ осмони мусаффое ва насими фараҳафзое овард. Баҳри барқарор намудани арзишҳои миллӣ ва маънавиёти мо қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Ин пеш аз ҳама ба барқарор гардидани эътиқоди мо нисбати дину оин, забон ва анъанаҳои гузаштагонамон алоқаманд буд. Ниҳоят ӮЗБЕКИСТОН СОҲИБИ ИСТИҚЛОЛ гардид.
Худи истиқлолият чист?
Ин ҷо мулоҳизаи як дӯсти наздикамро, ки солиёни зиёд дар ташкилотҳои гуногуни ҳизбӣ адои хизмат менамуду ба даст даровардани истиқлолияти Ӯзбекистонро хушнудона пазируфта, онро чунин талқин кардааст, меоварам:
- Истиқлолият, - ин мустақилона, озод зиндагӣ кардан, мутеъ набудан ба касе ва давлате. Худи ҳамин барои инсон, ба давру давлате, ки вай зиндагӣ мекунад, ниҳоят зарур аст ва ин боигарии беҳамтост…
Ҳазорон шукр, ки истиқлолияти асрҳо боз орзудоштаи мардуми диёри мо ба даст омад. Имрӯз Ӯзбекистони соҳибистиқлол барои пойдору мустаҳкам гардидани мустақилият ҳамаҷониба мекӯшад. Мардуми сермиллати ҷумҳурӣ аз неъматҳои нахустини истиқлолияти ба даст омада бағоят мамнун буда, онро ҳамчун гавҳаракаи чашм эҳтиёт менамоянд. Зеро, дар Конститутсияи Ӯзбекистон гуфта шудааст:
"Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромонаро ба забонҳо, расму оинҳо ва анъанаҳои миллату халқиятҳои сокини қаламрави он, ба вуҷуд овардани шароитҳоро барои тараққии онҳо таъмин менамояд".
Оре, яке аз мақсадҳои асосии мустақилияти Ӯзбекистон – ин барқарор кардани ифтихори миллӣ, қадрият ва маънавияти инсон, таъмин намудани баробарҳуқуқии миллатҳо дар ҷумҳуриятамон мебошад. Аллакай дар ин ҷода ҳам корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Чунончӣ, баробари мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ дар ҷумҳурият ба қадру қимати забонҳои дигар миллатҳое, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, диққату эътибор пурзӯр мегардад. Зеро дар ин ҷода низ солҳои гузашта беэътиноӣ зоҳир гардида, боиси норозигии мардум мешуд. Бинобар ин, чи дар Қонуни Ӯзбекистон оид ба забони давлатӣ ва чи дар Конститутсияи Ӯзбекистон ба ин масъала эътибори махсус дода шудааст.
Асоси мустақилият – ин ба роҳ мондани маънавиёт, фарҳанг ва маърифати мардум пайваста бо баланд бардоштани сатҳи иқтисоди зиндагии ӯ мебошад. Зеро маҳз ба туфайли халалдор шудани маънавиёт мардуми мо роҳгум зад. Дар натиҷа мардум солиёни дароз сатҳи маданиятро бо тӯю маъракаҳои дабдабанок чен мекардагӣ шуданд. Касонеро медонем, ки соҳиби қасру мошинҳои қатор, қолину мебелҳои хориҷӣ, равед, ки молу пулашон бисёр. Ҳоло гап оиди аз куҷо ёфтани ин қадар боигарӣ намеравад. Ба қавли соҳибдилон худо зиёда кунад!. Лекин сад таассуф, ки дар чунин хонадонҳо китобе аз ҳикмату маърифат пайдо карда наметавонед, барои ба рӯзномае обуна шудан, ё ҳатто барои китоби фарзандони мактабхонашон онҳо "пул надоранд".
Ҳазорон шукр, ки имрӯз Ӯзбекистони соҳибистиқлол Шавкат Мирзиёев барин сарвари хирадманд ва дурандеш дорад. Ҳамаи фармонҳое, ки ӯ ҳамчун сарвари мамлакат ба имзо расонидааст, баҳри беҳбудии халқ, дӯстиву ҳамкории ӯ бо мардуми кишварҳои ҷаҳон нигаронида шудааст. Ин аст, ки Ӯзбекистонро имрӯз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва садҳо ширкатҳои хурду калони ин мамлакатҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон корхонаҳои муштарак барпо намудаанд.
Имрӯз Ӯзбекистони соҳибистиқлолро мардуми некбину нектинати ҷаҳон бо чашми хирад мебинад. Дар ин ҷо гуфтаҳои яке аз тоҷикони Амрико – сокини шаҳри Ню - Йорк Мирмуҳаммад Ёқубиро, ки аслу насабаш аз Самарқанд буда, бо тақозои давру замон ҳоло муқими Амрико шудааст, барои хонандагони киромӣ оварданро лозим медонем:
- Вақте ки ман чанд сол муқаддам дар Ӯзбекистон, алалхусус дар Самарқанд будам, дар чеҳраи мардум то андозае парешонӣ, тарсу ҳарос мушоҳида мекардам. Он вақт бо мо озодона гуфтугузор кардан аз имкон берун буд. Инак, имрӯз ман дар чеҳраи мардуми шумо шодиву сурур, рӯшодгӯиро мебинам. Ман шодам, ки имрӯз мардумони ҷумҳурии шумо аз истиқлол хурсанданд. Ман ин ҷо ба забони тоҷикӣ нашр шуда истодани рӯзномаҳои "Овози тоҷик", "Овози Самарқанд", "Субҳи Гулобод", пахш гаштани намоишҳои телевизион ва радиоро ба забони тоҷикӣ дида, аз шодӣ дар курта нағунҷидам. Бори дигар шоҳиди он гардидам, ки баробарҳуқуқии миллатҳо дар шумо риоя мешавад ва ин баробарию бародарӣ ҷовидон бод! Дар соҳаи иқтисод низ дигаргуниҳо ба назар мерасанд Аллакай чандин ширкатҳои хориҷӣ дар ин ҷо шӯъбаҳои худро кушодаанд ва ё нияти кушодан доранд, ки ҳамаи ин пештар номумкин буд.
Оре, ҳар як фарди равшанзамиру поктинати ҷаҳон Ӯзбекистони соҳибистиқлол ва мардуми онро ба ин маънӣ мешиносаду эътироф менамояд. Мутаассифона, тӯдае ё чанд тан ифротии худобехабар дар хонаи худ истода барои ҳамдиёрони худ чоҳ меканад.
Имрӯз халқҳои моро орзуву омол, меҳнату эҷод фарогир гардидааст, бояд бо роҳи Истиқлол, дӯстиву бародарии абадӣ, эътиқоду самимияти байниҳамдигарӣ далерона қадам партоянд. Чӣ тавре, Президенти аввалини Ӯзбекистон, Арбоби намоёни давлатӣ шодравон Ислом Каримов фармуда буд:
"Бо баҳонаи иқтисодиёти бозаргонӣ фаромӯш намудани маънавиёти инсон гуноҳ аст. Танҳо аз паи пулу фоида шавему мардумамон рӯҳан қашшоқ бошанд - чунин ҷамъият ба ҳеҷ кас лозим нест "
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.