Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОБ – АСОСИ ҲАЁТ

Фармони Президенти Ӯзбекистон оиди танзими истифода аз оби ошомиданӣ таваҷҷӯҳи мардумро ба худ кашида, дар ин хусус фикру ақидаҳои зиёде ба майдон омада истодааст. Ин масъала моро водор намуд, ки баъзе мулоҳизаҳои худро манзури хонандагон гардонем.

Масъалаи муносибат бо табиат аз замонҳои қадим яке аз муаммоҳои асосии ҷамъияти инсонӣ ба шумор меравад ва доир ба ин масъала мутахассисони илмҳои гуногун таваҷҷӯҳи зиёде ба харҷ додаанд.
Табиати кишвари мо хеле зебо ва бой аст. Маълуми ҳамагон, ки инсон ҳамаи чизҳои заруриро барои зиндагии худ аз табиат, пеш аз ҳама аз об мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки об – ин асоси ҳаёт, сарчашмаи зиндагонист. Назар ба маълумотҳо қариб 70 фоизи ҷисми инсонро об ташкил менамояд. Бинобар ин одам на ба ташнагӣ, балки ба гуруснагӣ бештар тоқат карда метавонад.
Табиат мӯъҷизаи мураккабе буда, дар он олами рангини набототу ҳайвонот мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо дар алоқамандӣ бо якдигар зиндаанд. Ба ҳар як растанӣ ё ҳайвон офтоб, об, хок ва дигар чизҳо таъсир мерасонад.
“Замин, боигарии зеризаминӣ, об, олами растанӣ ва ҳайвонот, ҳамчунин сарватҳои дигари табиӣ боигарии умумихалқӣ ба шумор мераванд. Аз онҳо бояд оқилона истифода бурд, чунки онҳо таҳти муҳофизати давлат қарор гирифтаанд” гуфта шудааст дар моддаи 55-и Сарқонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.
Дар ҳақиқат, табиат дорои сеҳрҳои аҷоиб ва ғароиб буда, инсонро дар ҳайрат мегузорад. Тасаввуроти ҳосилкардаамон дар бораи табиати диёри азизамон, ғамхорӣ дар ҳаққи он, бештар дӯст доштани он, дарк намудани мавқеи экология дар ҳаёт ба мо ёрӣ мерасонад. Олимони эколог дар саросари ҷаҳон барои бартараф намудани он оқибат-ҳои нохуш, ки бар асари муносибатҳои худсаронаи одамон бо табиат сар задааст, барои малҳам бастан ба ҷароҳати расонидаи инсон, яъне ба асли худ баргардонидани табиат тадқиқот мебаранд.
Барои нигаҳбонӣ ва муҳофизати табиат корҳое низ ҳастанд, ки иҷрои онҳо аз дасти инсон меояд.
Бесабаб нест, ки бо мақсади ҳифзи табиати минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз соли 1993 дар Тошканд ҳангоми мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналхалқии наҷоти Арал таъсис ёфта буд ва ин масъала яке аз муаммоҳои муҳими ҳаётии имрӯзу фардои ин минтақа ба шумор меравад.
Роҳбарони давлатҳои минтақа дар вохӯриҳои худ, ки дар солҳои 1994 ва 2002 ба амал омада буд, доир ба ин масъала гуфтугузор карда тадбирҳои амалӣ андешида буданд. Ҳамин масъала дар вохӯрии роҳбарони Ҷумҳурият-ҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки моҳи апрели соли 2009 дар шаҳри Алмати ба вуқӯъ пайваст, низ дар маркази диққат буд. Дар ин мулоқоти муҳим Президенти Аввалини кишвари мо, шодравон Ислом Каримов суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфта буд:
“Норасоии захираи об, паст шудани сифати оби нӯшокӣ, хароб гардидани заминҳо, қатъиян кам шудани гуногунрангии биологӣ, тағйироти иқлим дар натиҷаи афзудани ғубори ҳаво, шояд, вобаста ба ин кам гардидани масоҳати пиряхҳои Помиру Тиёншон, ки қисми асосии оби дарёҳои бузурги минтақа аз онҳо сарчашма мегиранд, танҳо номгӯйи мухтасари натиҷаҳои фоҷиаи Арал мебошанд”.
Дар ҳақиқат, оқибатҳои фоҷиабори бӯҳрони баҳри Арал имрӯз барои ҳамагон маълум аст. Танҳо дар делтаи Амударё майдони кӯл то 26 ҳазор гектар кам гардидааст. Дар атрофи ин баҳр дар радиуси садҳо километр чанг ва намак паҳн гардида, майдони заминҳои шӯр васеъ мегардад. Кам гардидани оби дарёҳо ба муаммои таъмини об ва хушк гардидани баҳр, ба тағйир ёфтани иқлим меоварад.
Халқҳои Осиёи Марказӣ аз қадим анъанаҳое доштанд, ки ба муҳофизати табиат ва муҳити зист равона шуда буд. Зардуштиён баробари обу оташ ҳаво ва заминро низ муқаддас мешумориданд ва мепарастиданд. Оини зардуштӣ нопок кардани об, ҳаво, заминро манъ мекунад. “Авесто”-и зардуштиён, ки ҳазорон сол то замони мо ба майдон омадааст, то ҳол қимати худро гум накардааст.
Ба масъалаҳои ҳифзи табиат танҳо вайрон накардани муҳити зист – ҳавое, ки аз он нафас мекашем ва обе, ки манбаи асосии ҳаёти инсон аст, пеш аз ҳама донишмандон ва адибон, ки дар ҳамаи давру замон гули сари сабати ҷамоа ба шумор мераванд, бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.
Шоир ва публисист Нормурод Каримзода дар достони “Оби раҳмат” низ дар таърифи рӯди Оби раҳмат, ки дар асоси ривоятҳои ба ҳақиқат наздик “рӯдест аз биҳишт”, сухан ронда, сипас оиди ҳифзи он ва барои ба авлодҳои минбаъда расонидани ин рӯди таърихию таърифӣ бонг мезанад. Мо дар пешгуфтори дар нашри ин китоб навиштаи худ низ оиди замоне чӣ хел будану ҳоло ба чӣ аҳвол афтодани Оби раҳмат таассуфи худро баён кардаем.
Дар китоби С. Муҳаммадиев “Экологияи Са- марқанд” низ оиди рӯдҳои обшори водии Зарафшон сухан ронда шуда, масъалаи ҳифзи онҳо ба миён гузошта шудааст.
Ба як масъала ҷиддан таваҷҷӯҳ намоед: дар гузаштаи наздик падару бобоёни мо обро муқаддас медонистанд ва наҳру ҷӯйборҳо, ҳавзҳоро покиза нигоҳ медоштанд. Ба ҷӯйҳо партофтани партов як сӯ истад, атрофи онро рӯфта ба дарунаш партофтан гуноҳ ҳисоб карда мешуд. Одамон аз ҳавзу ҷӯйборҳо об менӯшиданд. Худам нағз дар хотир дорам, ки солҳои 60-уми асри гузашта ба Оби раҳмат, ки то қаъраш зулолу мусаффо равон буд, нон тар карда мехӯрдем. Ҳоло куҷост он Оби раҳмат?
Масъалаи дигар. Дар ҳолате, ки дар як қатор кишварҳои Африқо кӯдакон аз нарасидани оби ошомиданӣ ба ҳалокат дучор мешаванд, дар мо оби бо ҳаёти инсон ва тамоми мавҷудоти олам баробар соатҳо аз лӯлаки об (водопровод) беист равон шуда меистад. Ва аксар ба ин бепарвоёна назар меандозанд. Аз қубурҳои шикаставу сӯрох дар ҳар ҷойи кӯчаҳо ҳамчун чашмаҳои сунъӣ равон шуда истодани об ва хароб гардидани кӯчаҳои мумфарш низ ба парвои касе намерасад... Чунин ҳолатҳои ногувор ва беэътиноёна нигоҳ кардан ба об дар ҳар ҷо мушоҳида мешавад.
Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки фармони Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев оиди сарфакорона истифода бурдани об ва ҳифз намудани захираҳои он сари вақт қабул кара шудааст ва ба он амал кардан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯсти Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон


Дата добавления: 26/05/2017 16:16;   Просмотров: 1441
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку