Солҳои пеш, дар давраи мактабхонӣ аз сабабе, ки шавқу ҳаваси навиштани шеъру тарона, ҳикоёти навмашқона дар дил доштам, мехостам ба газетаҳо баромад кунам, ба ин соҳа ҳисси кунҷковиам баланд буд. Медонистам, ки мардум навиштаҳо дар даст овораи шиносу шиносбозиҳо дар баъзе газетаҳои вилоятиву ҷумҳуриятӣ, қатъӣ назар аз забонашон буданд, эҷодиёти онҳо рӯйи чопро намедид. Имрӯз замоне расидааст, ки кормандони "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" барин дилсӯзони матбуот ба эҷоди ҳар як кас беэътибор нестанд ва барои боз ҳам пурмаъною рангину базеб навиштани онҳо кӯмак мерасонанд.
Бо кӯшишу ғайрат ва таҳрири муҳаррири рӯзнома Нормурод Каримзода, котиби масъул Тошпӯлод Юсуфов ва дигарон навиштаҳои ман барин эҷодкорон рӯйи чопро мебинанд.
Пеш аз ҳама мулоқот ва коршиносии самимонаи масъулони саҳифаи тоҷикии рӯзнома Озод Ҳамидзода (чанде пеш фаҳмидам, ки ин рӯзноманигори соҳибтаҷриба аз майдони матбуот рафта, сарвари зодгоҳаш - маҳаллаи Гулбоғ интихоб шудааст) ва Дилрабо Насимӣ маро водор менамояд, ки дар навиштан фаъол бошам. Онҳо мегӯянд, ки навиштаҳои Шумо хонандагони худро дорад.
Аз ин ман сарбаланду сарфароз мегардам, баробари ман - дӯстон, наздикон, аҳли оилаам ҳам хурсанд мешаванд.
Имрӯзҳо, матбуотчиён ид доранд ва ман мегӯям, ки қаламатон ҳамеша бурро бошад, аз кори хайру савоб монда набошед ва "Субҳи Гулобод"-и мо боз ҳам ободтар гардад!
Муҳаббат АҲРОРОВА,
маҳаллаи Оқмасҷид
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.