Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“ОҚБӮРЁ ГАРДЕН” – МАРКАЗИ САЙЁҲӢ

Дар ҳудуди маҳаллаи Янгиариқ, шафати кӯҳҳои Оҳалик макази сайёҳии “Оқбӯрё гарден” ба истифода супорида шуд. Дар маросими мутантани кушоиши маскани сайёҳӣ ҷонишини сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ва ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ташриф фармуданд.

Он ҷо барои меҳмонон хизматрасонии туризми экстреминалӣ, сайр бо квадросикл, пароплан, делтаплан ва шари ҳавоӣ низ муҳайё аст. Арзиши умумии ин маркази сайёҳӣ беш аз 10 миллиард сӯм мебошад.

Дар маскани сайёҳии “Оқбӯрё гарден” истироҳатгоҳҳо, айвонҳои намуди миллӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи бачаҳо дар хизмати меҳмонон аст. Инчунин, барои ташриффармудагон дар ҳавои мусаффо барномаҳои консертӣ пешкаш мегардад. Меҳмонон метавонанд пиёда ё аспсавору харсавор сайри кӯҳсор намуда, аз манзараҳои зебою нотакрори табиат баҳра баранд.

МУХБИРИ ХУДАМОН


Дата добавления: 19/10/2020 17:38;   Просмотров: 663
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку