Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОБУ АРАҚИ ХИҶОЛАТ

- Ана ин ҷойи мо будааст. Мебахшетон, мо каме дер мондем. Мард як ба даъватнома ва як ба навиштаҷоти рақами рӯйи миз нигариста гуфт. Вале гирди миз фақат як курсии холӣ буд. Дигар курсиҳо банд. Вай ба курсӣ нишаст ва зуд аз ҷой хест.

- Бачаҳоро пеши модарашон монда наомадед - дия? - гуфт яке, ки аз ин суханони маслиҳатомез оҳанги пичингаш бараъло ҳувайдо буд.
- Ҳоло барвақт… Монед, инҳо зиндагонӣ кунанд, - ҷавоб дод. Вай чӣ кор карданашро надониста, арақи сару рӯяшро пок кард. Ӯ ба куҷо ҷойгир кардани фарзандонашро намедонист. Дар саҳни боғи калоне зиёфати расмии идона давом меёфт. Рӯйи мизҳо бо гули меваю хӯрокиву нӯшокиҳо оро ёфта буд.
Дар паси мизҳои пурнозу неъмат роҳбарон, шахсони маъруфу машҳур, пешқадамони соҳаҳои гуногун менишастанд. Ҳама бо галстук ва шиму костуми зебо, ришу мӯйлабҳои тарошида, занҳо аз ҳаррӯза ҳам зебову дилбар ба назар мерасиданд.
Ҳамин вақт боз се нафар бача омаданд. Як духтарчаву ду писарак. Сару либоси ӯ нисбати дигарон оддитару хоксорона менамуд.
- Саҳл дер мондед, хайр ҳеҷ гап не, - гуфт ҳампаҳлӯи дасти росташ. - Бачаҳоро ҳам овардед, нағз - ва кинояомез илова кард. - Ишкамашонро сер карда мераванд.
- Ҳамин хел шуд, - сурх шудаву забон хоид мард. Вале барои бачаҳо ҷой набуд. Байни обу оташ монд.
- Ин одам ба куҷо омаданашро намедонад? - марди ишкамкалони рӯ ба рӯ ба гӯши ҳампаҳлӯяш пичиррос зад. - Худаш ҳам латтамард барин. О бачаву оча мегӯянд. Ҳампаҳлӯяш ҷавобе надод. Онҳо боз хӯрдану нӯшидани худро давом доданд. Дар як гӯша санъаткорон хизмат мекарданд. Бачаҳо дар атрофи падарашон рост истода, чашми худро аз рӯйи миз намеканданд.
- Гиред! - ҳампаҳлӯи дигараш ба хӯрдану нӯшидан муроот кард.
- Албатта, албатта! - гуфт мард ва аз шарм бо дастрӯймол арақи сару гарданашро пок кард. Гапҳои бачаҳоеро, ки ба гӯшаш мегуфтанд, бо ишораи сар инкор мекард. Баъд шармидаву кебида аз пешонии духтарчаву писарча, ки ҳамсин менамуданд, бӯсид ва сари писараки калониашро сила карда ба як гӯшаи боғ бурд, ки ҳунарнамоии ҳофизонро тамошо кунанд. Мард пас аз лаҳзае хиҷолатзада ба ҷояш баргашт.
- Ба шумо чӣ резам? - пешхизмат пурсид. - Арақ, фанта, об?
- Об, - овозаш ларзид.
Мардуми гирди миз ва атроф ба назараш гӯё ба вай бадбинона менигаристанд. Онҳо чиҳо мегуфтанд, ӯ намедонист, вале ҳис мекард, ки ӯро наҳ мезананд. Вай оҳиста хеста, назди бачаҳо, ки дар як гӯшаи боғ ҳунарнамоии раққосаҳоро тамошо мекарданд, рафт.
Ӯ рафту бадгӯии нишастагони атрофи миз ҷӯшид.
- Занҳо бачаҳоро ба маърака бурданашон табиӣ. Худоё, ба ин мард чӣ бало задааст, ки бачаҳоро кашола карда омадааст? Ё занаш дар хориҷа…
- Кӣ медонад, ҳар касу ҳар чӣ? Шояд тамошо гумон кардагист.
- Э, ин хел одам мард нашуда мурад - нағз.
- Ин хел одамҳоро даъват накардан даркор…
Хӯрок оварданд.
Мард омада нишаст. Вале аз нигоҳи ҳамроҳон худро канор мегирифт. Ба хӯрок ҳам даст набурд. Фақат гоҳ - гоҳ аз фужери булӯрӣ як - ду қулт об менӯшиду арақи сару гарданашро пок мекард. Дигарон гӯё барои хӯрдану нӯшидан омада бошанд, бетанаффус ба рӯйи миз "ҳуҷум" мекарданд, мехӯрданду менӯшиданд ва бо даҳони пур хӯрокҳоро ба чор тараф пош дода, гапфурӯшӣ мекарданд. Вай бошад, гӯё барои обхӯриву арақпоккунӣ омада буд.
Ниҳоят, садои суруду мусиқӣ хомӯш гардида микрофонро садри базм гирифт. Баъди чанде табрик ба тақдимот гузашт.
- Ҳоло мо ба тақдимоти шахсоне, ки дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ комёбиҳои калон ба даст оварданд, мегузарем. Пеш аз ҳама ба саҳна Шермуҳаммад Идибековро даъват мекунем.
Дар ин ҷои сухан мард хамтар шуда, гӯё хаси болои оташ бошад, ба худ печид. Вале ба ин ҳолати ӯ касе эътибор надод.
- Ҳамсари ин бародари мо баъди таваллуди фарзандони дугоник вафот кард. Дугоникҳои навзодро танҳо парваришу тарбия карда, ба воя расониданд, ки номбардори на танҳо Самарқанд, балки тамоми кишварамон гаштанд. Писари калонӣ Бежан дар олимпиадаи байналхалқии химикони наврас ҷойи якумро гирифт. Дугоникҳо - Ромиз дар чемпионати шоҳмоти Осиё ғолиб омад. Хоҳаракаш Рамзия ғолиби мусобиқаи гимнастикачиёни бадеии кишварамон шуд. Барои тарбияи чунин фарзандон бо қарори сарвари давлатамон Шермуҳаммад Идибеков бо ордени "Барои хизматҳои бузург" сарфароз гардонида мешаванд. Марҳамат, Шермуҳаммад Идибеков ба саҳна бароед. Мард аз ҷой хеста, ба сӯйи саҳна рафт. Ҳама шарикони паси миз нишаста карахт шуданд. Дигар дасту дилашон ба хӯрокхӯриву нӯшокӣ намерафт. Шояд аз гумону бадгӯйиҳои худ ботинан шарм медоштанд? Пеши мизи мард чӣ тавре, ки ҳангоми ородиҳии дастархон буд, ҳамон тавр ба назар мерасид. Фақат дар таги фужери ӯ каме об боқӣ монда буд.
Вай ба сари миз дигар барнагашт…

Маликаи БАХТИЁР


Дата добавления: 27/09/2019 17:03;   Просмотров: 848
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку