Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОДАМГАРӢ КУН, ВАЛЕ...

Одамӣ, мардумӣ аз хислатҳи беҳтарини инсонӣ аст. Классики адабиёти урду ва форсизабони Ҳинд Мирзо Асадуллохон Ғолиб таълим медиҳад, ки мақсад аз сохтани олам маҳз одам асту бас:
Зи офариниши олам ғараз ҷуз одам нест,
Ба гирди нуктаи мо даври ҳафт паргор аст.

Чӣ дар Қуръони шариф, ҳадисҳои Пайғомбар (с.а.в) ва чӣ дар гулшани тафаккури донишмандон ҷиҳати фазилатҳои одамӣ - ахлоқу одоб, покии виӣдон, одамият, адолат, ба ҷо гузоштани ҳурмати падару модар, оила, муҳаббат ба Ватан, халқ, дин, таърихи гузашта ва монанди ин ҳикматҳои даргудози санҷишҳои ҳаётӣ пухта ва маънирез қайд гардидаанд. Ҳамчунин норавоии иллатҳо аз қабили хиёнату ҷиноят, қаллобию кӯрнамакӣ, фиребу муфтхӯрӣ, ҳарисиву қаллобӣ, ғайбату иғво, ноадолативу ситамгарӣ, тӯҳмату бӯҳтон ва ҳоказо сахт танқиду мазаммат ёфаанд. Ҳамаи ин бо сангу порсанги мулки виҷдону имон ба меъёр гирифа шудааст, ки оинаи покизагии қалби инсон аст. Ба ҳамин маънӣ, кас ҳар вақт одамзодаҳои беҳиммату қаллоб, кӯрдилу кӯримонро мебинад, байти зерин ҳамоно ба ёд мерасад:
Одамиро на ба нутқу на ба ришу на ба ҷон,
Тӯтӣ ҳам нутқу буз ҳам ришу хар ҳам дорад ҷон.
Ба қавли Лоиқ, "қасди шоир аз сухан одамгарист" ва ӯ панд медиҳад, ки одамгариро набояд ба ҳама кард. Танҳо одами боимону бодиёнат ва боинсофу бовиҷдон лоиқи одамгарист. Зеро:
Аз тамоми навиштаҳои башар,
Ки нависандааш худодод аст,
Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам,
Сафҳаи рӯи одамизод аст.
Аз рӯзе, ки одамизод пайдост, эътиқод ва имон ҳаст, қувваи қудратманди рӯҳӣ - дин ва Офаридгор вуҷуд дорад. Барҳақ Ҷӯрабек Муродов дар як сурудаш мехонад:
Ҳаст ҳар гуна гариҳо дар забони модарӣ:
Заргарӣ, савдогарӣ, ғоратгарӣ, иғвогарӣ.
Ҳар гарӣ як пӯст дорад, як амал, як ҷозиба,
Лекин аз ҷамъи гариҳо беҳтар аст одамгарӣ.
Дар сураи "Нур"-и Қуръон аз одобу ахлоқ, қонуну қоидаҳои ҷамъияти исломӣ сар карда, то муҳити тозаи оилаҳои мусулмонӣ сухан меравад. Айни замон дар он ба покиза нигоҳ доштани дил аз ҳар гуна ҳарому хиёнат, фисқу фасод, ба роҳи дуруст ҳидоят намудани аҳли ҷамъият аз ҳар гуна қадамҳои беҷо ишораҳо меравад, ки ба покизагии виҷдон ва саломатии имон дахлдоранд.
Маънии имон эътиқод, боварӣ ба дину мазҳаб аст. Имон маҷмӯи қонуну қоидаҳои одобу ахлоқ ва идеалҳои наҷиб мебошад, ки бо шири модар ба вуҷуди кас ворид шуда, дар зеҳну шуур, идрок ва қалбу рӯҳи вай ҷой мегирад. Соҳиби имон будан нишонаи нахустини одамият ё худ аломати инсонгарист, ки тавре Фирдавсии бузург дар ин боб гуфтааст:
Дил аз нури имон гар огандаӣ,
Туро хомӯшӣ беҳ, ки ту бандаӣ.
Имон ва маънавияти баланд ба якдигар тавъаманд. Маҳз маънавияти воло қодир аст инсонро қалбан ва рӯҳан пок гардонад. Дар дини ислом ноҳақ соҳи шудан ба моли каси дигар, дуздӣ, бахилӣ, нотавонбинӣ ва ҳоказо чӣ қадар ҳаром, убол ҳисобида шавад. Айни вақт ноҳақ рехтани обрӯи дигарон, хусумату бадтинатӣ, хиёнат ба халқу Ватан низ ҳамон дараҷа ҳаром ҳисобида мешавад.
Дар хусуси воқеоти нохуши марбут ба имон ҳар қадар суханони басӯз гӯем, кам аст. Тариқи телевизион дар водӣ, ки аксар одамонаш боимону бовиҷдонанд, гӯшти харро ба мардум фурӯхтани қассобе, ё дар Самарқанди шӯҳратманд навзодҳои бегуноҳро аз модари зор пинҳонӣ ба дигарон фурӯхтану дар печҳои одамсӯзӣ нобуд кардани бархе аз "одамони хилъати сафедпӯш"-ро дидаву шунида кас ба гуноҳи азими ин бандагони манқурт нафрин мехонад. Ё ин ки барои ба даст овардани пули ҳавлии фурӯхташуда модарарӯсро кушта, ҷасади ӯро се рӯз дар таҳхона пинҳон кардану баъд ба наҳр андохтани келинро шунида кас ба ҳаққи ин қабил бадтинату беимонҳо чӣ қадар дуои бад мекунад!
Дар ривояте хонда будам, ки сипаҳсолори машҳур Спитамен дар юришҳои ҳарбии худ ҳамсари зебою нозанинашро ҳамроҳи фарзандонаш гирифта мегаштааст. Вай дар яке аз ҷангҳо бо Искандари Мақдунӣ шикаст мехӯраду бо сарбозону оилааш ҷанггоҳро тарк мекунад. Зани аз ҳарбу зарбҳо, таъқибу ақибнишиниҳо ба танг омадааш аз шавҳар хоҳиш мекунад, ки ба Искандар таслим шавад. Аз ин таклифи беҷо лашкаркаши баору номус сахт ба изтироб ва ғазаб омада, ба сари ҳамсараш шамшер мебардорад, то ӯро барои ин ҳақораташ ҳалок созад. Вале ӯро бозмедоранд.
Зани маккора шабе ҳангоми хоби Спитамен сари ӯро аз танаш ҷудо карда, ба Искандар тӯҳфа мекунад. Искандар аз ин тӯҳфаи ғайричашмдошт ва хиёнати зан ба шавҳари шуҷоъ ба шигифт меояд. Агарчи хизмати зан сазовори таҳсину мукофотҳо буд, нафрати Искандар ба ин душмани хонагӣ зиёд мегардаду вайро аз қароргоҳи худ шармандавор пеш мекунад.
Ҳа, мегӯянд, ки ҳеҷ хиёнат бадтар аз бевафоӣ нест! Ба қавли шоире:
Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ батар аст,
Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.
Воқеае ёдам омад. Ҷавони барои илмомӯзӣ аз деҳа омадае ба духтараки ба молу чиз ҳирсаш баланд ошиқ шуд, ки замоне модараш ба сабукпоӣ ном бароварда буд. Падари аз шарму номус сархам оилаашро партофта ба Тошканд мекӯчаду оилаи дигар месозад. Ҷавон ба ҳамин духтари зоташ паст хонадор шуд, соҳиби фарзандон гардид. Вақте фарзандон ба камол расиданд зан бо баҳонаи пулёбӣ аз қайди никоҳи шавҳар баромаду бо марди бегонае қалбакӣ никоҳ сохт, то ба Амрико барои пулёбӣ равад. Зану шавҳар солҳо аз ҳам ҷудо зиндагӣ карданд. Зан дар хориҷ бо "тиҷорати тан" машғул буду шавҳар бо қаллобию мардумфиребӣ. Рӯи пул гарм будааст, ки ин даюси беору номус баъди муддате аз нав вайро ба занӣ гирифт. Астағфируллоҳ, астағфироллоҳ!
"Модарашро бину духтарашро гир", - гуфтаанд мардум. Ба ин ҳикмати шоиста, ки аз таҷрибаи зиндагии садсолаҳо об хӯрдааст, бори дигар амин гаштам. Ҳақ бар ҷониби Лоиқ аст, ки ин тавр панд медиҳад:
Дунёталабон зи макри дунё миранд,
Фардоталабон дар раҳи фардо миранд.
Мардум мегӯяд: "Як сухан ҳам шунавӣ, аз пири доно бишнав". Ба ҳамин маънӣ, пири доною хирадманде шаш чизро аз худо умед кардааст, ки яке аз онҳо имон будааст:
Эй бор худо, ба ҳаққи ҳастӣ,
Шаш чиз маро мадад фиристӣ.
Илму амалу фарохдастӣ,
Имону амону тандурустӣ.
Умр моломоли санҷишу имтиҳонҳост. Кӯчаву тангкӯчаҳои ин санҷишу имтиҳонҳо ноҳамвору номаълуманд. Худоё, ба иззат ва ҷалолат сари таъзим ба ҷо оварда, аз ту мепурсам, ки дар ин ҷода маро аз имон ҷудо насозӣ, сифати инсоният, шуҷоати маънавӣ, рӯҳоният, нуронияти дил, тавфиқи ибодату бандагӣ ва тарки маъсият, тавфиқи аҳамият ба намоз ба ман ҳам иноят фармоӣ!

Абдусалом САМАДЗОДА,
академики Академияи фанҳои Тӯрон


Дата добавления: 16/08/2019 14:14;   Просмотров: 979
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку