Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Одамон аз дӮстӣ ёбанд бахт...

ТаҲсил дар Душанбе

Фарзанди калони хонадон будам. Падарам иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, ногирони гурӯҳи дуюм Шариф Каримов ва модарам Санобар Каримова ҳар ду дар хоҷагии ҷамоатӣ аз пагоҳӣ то бегоҳ меҳнат намуда, ҳафт нафар фарзанд диданд. Апаи аз ман калонӣ дар синни дусолагӣ ва як хоҳарам дар кӯдакӣ аз олам гузаштанд. Мо панҷ нафарро бо меҳнати ҳалол парвариш намуда, хонониданд. То синфи 8 (соли 1962) дар мактаби рақами 40, синфи 9-11 дар мактаби рақами 33 таҳсил намудам.
Соли 1965 пас аз хатми мактаби миёнаи ра?ами 33 ҳуҷҷат тайёр намуда ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд супоридам. Се имтиҳони қабулро бо баҳои 4 супорида, аз имтиҳони охирин - забони немисӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтам. Рости гап, аз муаллимони имтиҳонгиранда дарғазаб шудам. Умрам беҳуда нагузарад, гуфта ҳуҷҷатамро ба техникуми хӯрокворӣ (шӯъбаи шабона) супорида, беимтиҳон қабул шудам. Як сол шабона мехондаму рӯзона бо боғбониву гулпарварӣ машғул шудам.
Соли 1966 бо ҳамроҳии аммабачаам Файзулло Обидов (он солҳо дар консерваторияи шаҳри Тошканд мехонд) бо мақсади хондан ба шаҳри Душанбе сафар намудем. Аҳд карда будам, ки дар гурӯҳи забони немисӣ ҳуҷҷат супорида, ин забонро пухта омӯзам. То солҳои мустақилӣ дар аксари мактабҳои ноҳияи Самарқанд забони немисӣ таълим дода мешуд. Ба забони англисӣ эътибор кам буд. Ҳамроҳам розӣ нашуданд. Бо маслиҳат ҳуҷҷатҳоямро ба факултети Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ супоридем. Имтиҳонҳоро бо муваффақият супорида, донишҷӯӣ насибам гашт. Ду имтиҳони қабул - забон ва адабиёти тоҷик хаттӣ (иншо) ва даҳониро муаллим Маҳмадулло Лутфуллоев (он солҳо номзади илми педагогӣ буданд), қабул намуданд.
Вақте ки хониш оғоз ёфт, ба мо М.Лутфуллоев роҳбари гурӯҳ таъин гардиданду дар давоми таҳсил аз фанни забону адабиёти тоҷик, методикаи забони тоҷикӣ, курси махсус дарс гузаштанд.
Дарс хеле шавқовару пурмазмун ва ҳаловатбахш мегузашт. Аз методҳои гуногуни таълим истифода мебурданд. Меҳру муҳаббати мо нисбат ба устод ва фанни он кас хеле баланд буд.
Донишгоҳи омӯзгории Душанбе он солҳо аввал ба номи Т.Шевченко буд ва баъдтар номи Қандил Ҷӯраевро гирифт. Ҳамроҳони ман аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ва як нафар аз ноҳияи Сари ёғочи Қазоқистон буданд. Бисёрии рафиқонам ҳангоми таҳсил орзуи дидани Самарқанди бостониро доштанд. Бинобар ин, дар вақти таътил ҳамроҳ ба Самарқанд омада, ҷойҳои муқаддасу зиёратгоҳҳоро тамошо карда мерафтанд.
Пас аз хатми донишгоҳ маро бо роҳхат ба мактаби базавии рақами 11-и ноҳияи Вахш фиристод. Ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва боло дарс додам. Бо тавсияи шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Вахш як сол аз фанни методикаи забони тоҷикӣ ва методикаи фанни математикаи синфҳои ибтидоӣ ба муаллимони синфҳои ибтидоии мактабҳои атроф дарс гузаштам ва мувофиқи хоҳиши онҳо дар рӯзномаи "Вахш" бо материалҳои методӣ баромад намудам.
Ҳамаи ин натиҷаи таълими устодонам буд. Боз як устоди азизам фолклоршиноси номдор, доктори фанҳои филологӣ, профессори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Баҳром Шермуҳаммедов (руҳашон шод бод!) зодаи Самарқанд буданд, ки аз фанни адабиёти бачагона ва назарияи адабиёт ба мо таълим дода буданд.
Дида ба дидор расид
Бо баъзе сабабҳо чандин сол рафту омад ва алоқаи халқи ду ҷумҳурии бародар Ӯзбекистону Тоҷикистон канда шуд. Ба Парвардигори олам ҳазорҳо шукр, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президентони ҳар ду мамлакат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон орзуҳои деринаи халқи ӯзбеку тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Алоқаи иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ, адабиёт, санъат аз нав ба роҳ монда шуд. Аз соли 2018 дари таълимгоҳҳои олӣ барои ҳамдигар кушода шуданд. Президентон дар ҳар соҳа, аз ҷумла дар соҳаи таълим бо ҳамдигар шартнома бастанд. Натиҷаи он аст, ки дар соли хониши 2018-2019 танҳо аз мактабҳои 40 ва 43-и ноҳияи Самарқанд 12 нафар муаллими дорои маълумоти миёнаи касбиву ҳунарӣ ба шӯъбаи ғоибона (фосилавӣ)-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба равияҳои гуногун дохил шуда, мехонанд. Озода Маҳмудова, Шалола Маъруфова, Шаҳзода Раҳмонқулова, Мадина Хӯҷаева, Баҳора Валиева ва Фарангиз Пӯлодова ба факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, Фарзона Асророва, Шаҳбоз Восеев ба шӯъбаи физика, Ӯткур Эргашев - математика, Фирӯз Маъдиев ва Мадина Силоватдинова - тарбияи ҷисмонӣ, Азамат Шодиев - забон ва адабиёт дар шӯъбаи ғоибона (фосилавӣ) таҳсил доранд.
Мо ба наздикӣ бо онҳо ба шаҳри Панҷакент сафар намудем. Ҳамроҳи ман номзади фанҳои техникӣ Қурбон Шарифов, ки зиёда аз 20 сол - аз аввали ташкилёбии ин донишкада ҳамроҳи ректори аввалин Аҳмадҷон Ҳотамов (руҳашон шод бод) кор кардаанд ба ин даргоҳ рафтем. Ҷамоаи донишкада бо сарварии ректор Муаззамхон Ансорӣ моро хуб қабул намуданд.
Чанд сухан оиди
донишкада
Пас аз вафоти ректори аввалини Донишкадаи омӯзгорӣ (Он дам Донишгоҳи озоди Тоҷикистон ном мебурданд) Аҳмадҷон Ҳотамов ба ин даргоҳи бонуфузи таълим номзади илми филологӣ, пофессор, аъзои Шӯрои ректорони мактабҳои олии Оврупо Муаззамхон Ансорӣ сарварӣ мекунанд.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 8 сол қабл аз аввалинҳо шуда ба низоми нави таълим - низоми кредитӣ гузашт ва курсҳои 1-5 бо ин низом таълим мегиранд. Ҳоло дар донишкада 2563 нафар донишҷӯ, аз онҳо 1402 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 1043 нафар дар шӯъбаи ғоибона (фосилавӣ), 118 нафар дар магистратура таҳсил доранд.
Ба онҳо 122 нафар устод, аз ҷумла 54 нафар номзадҳо ва докторони илм дарс медиҳанд.
Раёсати Донишкада барои самаранок ва пурмаҳсул гузаштани машғулоти дарсӣ аз техникаю технологияи ҳозиразамон истифода мебаранд. Дар донишкада 232 адад компутер, ки 54 ададаш ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Онҳо дар 12 синфхонаи компутерӣ амал мекунанд. Барои донишҷӯёни ӯзбекзабон дарсҳои иловагии омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз забонҳои русиву англисӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шудааст. Бо мақсади пурзӯр намудани заминаи таълимӣ, гирифтани таълими иловагӣ аз 1-уми октябри соли 2015 "Мактаби математика", "Мактаби физика", "Мактаби химия", "Мактаби биология" таъсис дода шудааст. Дар соли таҳсили 2018-2019 тариқи тестӣ 732 нафар довталабон дохил шуданд, ки 111 нафарашон шаҳрвандони хориҷианд.
Дар соли 2018 масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи иқтисод ва сервиси Самарқанд, Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ба роҳ монда шудааст.
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тайи як сол 7 конференсияи илмиву амалии сатҳи байналмиллалӣ, 4 сӯҳбати атрофи мизи мудаввар, 1 семинари амалӣ дар мавзӯъҳои гуногун ташкил карда шудааст.
Китобхонаи электронӣ
Дар китобхонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ 12556 дона китоб мавҷуд буда, 8540 дона китобҳои соҳавӣ, 848 дона бадеӣ, 1743 дона методӣ ва 1425 дона адабиётҳои гуногун мавҷуд аст.
Инчунин, китобхонаи электронӣ аз соли 2012 фаъолият бурда, дорои 81000 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ, тахассусӣ мебошад, ки донишҷӯён аз онҳо истифода мебаранд. Бо ташаббуси раёсати донишкада ва бо дастгирии ректор М.Ансорӣ аз хориҷи кишвар як миқдор адабиётҳо ба китобхонаи электронии донишкада ба тариқи электронӣ ворид карда шуданд. Толори қироати китоб дар бинои асосии донишкада барои 60 нафар, дар қасри геологҳо барои 50 нафар ва дар бинои "Симурғ" баҳри 50 нафар толибилмон омода карда шудааст, ки онҳо метавонанд аз инҳо самаранок истифода баранд.
ВохӮрӣ бо халҚи деҲаи ПанҷрӮд
Деҳаи Панҷрӯд дар яке аз мавзеъҳои зебоманзару ободтарини Панҷакенти бостонӣ ҷой гирифтааст. Халқи деҳа ва хатмкунандагони мактаби таълими умумии рақами 27 барои вохӯрӣ ба пешвози депутати Шӯрои намояндагони халқи вилояти Суғд, ректори Донишкадаи омӯзгорӣ Муаззамхон Ансорӣ ҷамъ омаданд. Дар яке аз синфҳои ҷиҳозонидашудаи ибтидоӣ вохӯрӣ гузашт. Ба мактаб Давлатмурод Ҷумъаев роҳбарӣ мекунад. Мактаб 38 нафар муаллиму 530 нафар хонанда дорад.
Пас аз вохӯрӣ ҳама якҷоя ба зиёрати равзаи поки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафта, тиловати Қуръон намудем. Бояд гуфт, ки зиёратгоҳ хеле зебо ва диққатҷалбкунанда аст. Шеъру рубоиву байтҳо бо хатти арабиву кириллӣ сабт ёфтаанд. Асарҳои шоирон, китобҳои илмиву тадқиқотӣ доир ба фаъолияти Рӯдакӣ, таърихи Панҷакенти бостонӣ, вилояти Суғду водии Зарафшон музейро хеле бой кардаанд.
Як шаб дар деҳаи Ёрӣ дар хонадони собиқ директори мактаб, ки солҳои 1966-1970 дар Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе якҷоя таҳсил карда будем, Маҳмуд Давронов меҳмон шудем. Аз меҳру муҳаббати самимиву истиқболи гарми дӯстон, меҳмондӯстиву меҳмоннавозии онҳо, муштоқи дидори дӯст буданашон ба ҳаяҷон омадам.

Раҳматилло
ШАРИФЗОДА
Самарқанд - Панҷакент - Самарқанд


Последнее редактирование: 05/08/2019 15:11;   Просмотров: 1001
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку