Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОФТОБУ МАҲТОБИ ХОНАДОН

Савори сабукрави ҷавонманди бофазлу сӯҳбаторо, омӯзгору тадбиркори зукко Назирҷон Қамаров сӯи шаҳр равонаем. Аз курсии оқиби мошин бонуи солеҳаи Назирҷонака муаллимаи соҳибтаҷриба Дилбар Турсунова (аз рӯи ҳуҷҷат Манзура) ҷой гирифта, сӯҳбати гарму лутфомезе аз маърифат ва маънавияти мардуми Самарқанд ҷараён мегирифт. Сӯҳбатро сурудаҳои орифонаи устоди бузурги санъат Ҷӯрабек Муродов, ки аз баландгӯяк пахш мешуд, қувват мебахшид.

«Қурбони он касам, ки дилаш бо забон якест...» пандомезона садо медод устоди ҳунар.
- Қанд занед, акои Ҷӯрабек, агар дар зиндагӣ чунин шахсон зиёд мебуданд, ҳоҷат ба номардиву номуросоӣ набуд. Шукр, ҳастанд бузургмардоне, ки ба қавлашон устувор ва покизарафторанд...
Назирҷонака боз чиҳо гуфтанӣ буданд, ки овози марғуладори устоди санъат садо дод:
Дона то дар хок наяфтад, кай ба боло қад кашад,
Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.
- Офарин, устод, шукр ҳастанд чунин шахсони хоксор, ки ба заминиён ҳазорон боли парвози орзу додаанду ҳанӯз ҳам хоксору ботамкин, хирадманду ҷоннисори атрофиёнанд. Яке аз чунин шахсонро Шумо, додарам, хуб мешиносед. - сӯи ман назар карданд Назирҷонака.
- Канӣ, ба хотирам расонед, - узрхоҳона ба тарафашон нигаристам ман.
- Медонед, барои баъзеҳо аз ному корномаи падарарӯс ифтихор намудан нобоб барин аст. Ман бошам, бо падарарӯсам фахр карда метавонам. Ин чанд сабаб дорад, аввало мафкураву маънавияти ҷаҳонбиниамон ва резапайкариамонро бисёриҳо монанд медонанд. Дуввум, аз дидору меҳри падар ҳанӯз дар ҷавонӣ маҳрум монда, он меҳрро аз амаки донишмандам, адибу олими намоён Аслиддин Қамарзода ва муллоамакам, яъне падарарӯсам муҳандису роҳбари пуртаҷриба Болтақул Турсунов мебинам. Падарарӯсамро падари маънавӣ медонам. Он касро шинохтед-а? – табассуми зебое ба рухсори Назирҷонака шукуфт.
- Албатта. Хоҷибоборо шинохтам, чаро нашиносам. Болтақул Турсунов дӯст ва ҳамсабақи падари шодравонам Ҳамид Хидиров ҳастанд. Ҳатто модарарӯсатон Эргашой Ҳоҷиевнаи кӯи сахогиро ҳам мешиносам. Аз дугонаву ҳамсояҳои наздики модарам ҳастанд...- гуфтам ман.
- Ин тавр бошад, ҳамаи корҳоро як тараф меғундорему ба аёдати пиру кампир Ҳоҷӣ Болтақулбобо ва Эргашойбибӣ меравем. Онҳо рӯзҳои наздик ҷашни мавлуд доранд. Боз соҳиби абера шудаанд. Лоиқи табрик ҳастанд. Аз дидор хурсанд мегарданд. Агар шавад, ягон чиз менависем, - дар охир бо устокории суханварӣ мақсади худро баён сохтанд Назирҷонака.
Ба зодгоҳамон - маҳаллаи Гулбоғ расидем. Ҳамон Гулбоғе, ки замоне Қалъабоғ буд. Чорбоғи Лалмии зебое дошт. Ҳоло аз он боғи бузург, ки солҳои 20-ум то 70-уми асри гузашта дар як кунҷакаш мактабхона ҷой дошту дар он устод Айнӣ дарс гуфтаанд, танҳо мурӯдзор боқӣ мондааст. Ин ҳам бо хидмати Шамсӣ Қурбонов, Болтақул Турсунов, Рӯзимурод Шокиров, Бурҳон Қурбонов, Орзуқул Мансуров, Тоҳир Собиров барин ҷонсипарон боғ эҳё мешавад. Набошад кайҳо ба фурӯш мерафт...
Рӯ ба рӯи ҳамин боғ манзили писари калонии Болтақулбобо – Дилшодҷони тадбиркор аст. Аз он, ки писар аксар вақт дар мусофират аст, падарбузургу модарбузург ҳавлибону кӯдакбони фарзандон ҳастанд. Кенҷаписар Зокирҷони дилёб бо оилааш чароғбони манзили падарист.
ЛАҲЗАИ ДИДОР
- Шуморо дидаму падаратон ба ёдам омаданд. Ҳамон симои қиблагоҳӣ ба шумо гузаштааст. Ҷавонмарди хоксору кордон буданд ҷӯраам, афсӯс умрашон кӯтоҳ будааст, - пас аз салому паём бори дигар маро ба оғӯш гирифтанд. Ҳоҷибобо. – Медонед, имрӯз ман боз ҷавонӣ ёфтам. – пайкари чолоки худро росттар намуда, завқ мебурданд Б.Турсунов.
Манзилро холамулло чун ҷавонзанҳои чолок тозаву обод нигоҳ доштаанд...
Аз он, ки мизбононро ба густурдани дастархон нагузоштем, холамулло косаи суманакро ба пешамон гузошта,
- Худи ҳозир набераам Тоҳирҷони Нигораам овард, ки дуои бобоҷону онаҷонашро гирад. – хурсанду хушҳолу шукргузорона иброз доштанд холамулло.
- Шукри шаш нафар фарзандонам, 22 нафар набера ва 32 нафар абераҳоямро мекунам. Фарзандонам Манзураву Нигораи омӯзгор, Мафтунаву Гулии ҳисобдор, Дилшодҷону Зокирҷони тадбиркор ҳама дидадаро ва ҷони одаманд. Меҳри домодҳоям Назирҷону Пардақул, Муродҷону Мақсудҷон аз писарҳоям кам нест. -табассумкунон гуфтанд Ҳоҷибобо.
Худи шумо ҳам меҳрубон, корномаатон намунаи ибрату ифтихори моён, - гуфтанд ҳамсафари ман Назирҷонака ва афзуданд, - Келинҳоятон Наргизаву Ширинбону низ аз шумоён миннатдоранд.
ЗИНДАГИНОМА ВА КОРНОМА
Болтақул Турсунов 5-уми апрели соли 1938 дар деҳаи Гулбоғ дар оилаи деҳқони хокпош Турсун Ӯрунов ва зани адабдӯсту босавод Ӯғулой Ҳайдарова (Турсунова) баъди бародарон Аҳрорқул ва Давронқул, хоҳар Муқаддамбону ба дунё омадаанд. Пас аз хатми мактабҳои рақамҳои 17 ва 16-и зодгоҳ, техникуми гидромелиративӣ, донишҷӯи факултети муҳандис – техникии Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло ДДС) гардиданд ва баъд аз курси саввуми ДДС маълумоти олиро аз Донишкадаи давлатии политехникии Тошканд гирифтаанд. Муддати ду сол дар мактаби олии ҳизбии роҳбартайёркунанда таҳсил гирифтаанд.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1957 аз муҳандис - даҳмардагии идораи «Колхозстрой» сар кардаанд. Пас аз муддате ба хидмати ҷавонмардӣ шитофта, таи се сол аскари сарҳадбони ватан буданд. Соли 1960 аз хизмат баргашта, муҳандис-прораби горнизони ҳарбии Самарқанд таъин шуданд. Соли 1966 сармуҳандиси ташкилоти вилоятии сохтмон таъин гардиданд. Пас аз як сол бо салоҳдиди роҳбарони вилоят дар ноҳияи Самарқанд ташкилоти сохтмони рақами 157-ро ташкил намуда, роҳбарӣ карданд. Сипас, сармуҳандиси идораи роҳсозӣ, сардори идораи байнивилоятии сохтмон, директори комбинати истеҳсоли маводи сохтмон, сармуҳандиси идораи сохтмони вилоят, сардори идораи сохтмони рақами 88, ки канали заврақрониро пас аз Олмону Русия дар самарқанд бунёд намуд, сармуҳандис, роҳбари идоравии сохтмон, соли 1997 бошад, бо сари баланд ба нафақаи меҳнатӣ баромаданд. Он касро дар маҳаллаи Гулбоғ раиси Нурониён, сарвари комиссияи оштисозӣ ва маънавияту маърифат интихоб карданд. Болтақул Турсунов, ки то ин вақт чор рукни дини мубини Исломро иҷро намуда бадунд, соли 2008 зиёрати хонаи Худоро намуда, ба аркони панҷуми исломӣ - ба мартабаи ҳоҷигӣ расиданд. Ҳоҷибобои 80-сола офтоби нурбахши хонадон ҳастанд. Доимо дар дуои озодиву ободии ҳамдиёрон мебошанд. Мо низ ин пири хирадро дуо мекунем:
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.

Озод ҲАМИДЗОДА
Дар акс: Б. Турсунов ҳамроҳи завҷаи
мӯҳтарамаашон Э.Турсунова


Последнее редактирование: 13/04/2018 16:07;   Просмотров: 1251
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку