Писари Пирназарамак Суярқул баъди хатми Донишкадаи кишоварзии Самарқанд аввалин шахсе буд, ки дар деҳаи Арабхона рисолаи номзадии соҳаи байториро дар шаҳри Маскав ҳимоя карда омаду бо корҳои илмӣ машғул гашт. Дар миллати араб мансуб будани ӯро фаҳмида, атрофиёнаш қоил монда буданд, ки ғайр аз тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, русиро мукаммал медонад.
Шояд аз ҳамин сабаб Суярқул Пирназаровро «араба зӯраш» мегуфтанд. Аммо ибораи «чашм расидана» арзи вуҷуд дорад, ки ҳақ асту рост будааст. Ба раҳматӣ Суярқул Пирназарови паҳлавонҷусса, шердил ва ба гуфти атрофиёнаш «араба зӯраш» чашм расиду аз назари бад ба дарди бедаво печида, дар айни камол завол ёфт. Марги нобаҳангоми ӯ барои маҳаллаи Арабхона ва сулолаи Пирназаровҳо, алалхусус оилааш зарбаи сахт буд. Зеро ҳамсараш Муяссара Пирназарова бо ҳафт нафар фарзанд мӯканону рӯканон монда аз ғаму алам зор-зор гирист. Охир кенҷафарзандаш Нодирабону ҳамагӣ 50 рӯза дар гаҳвора монд. Бечора модар бо ҳама душворӣ дар мактаби рақами саввуми деҳа фаолияти педагогиро тарк накард. Аз ҳама муҳимаш, фарзандонро ба замона хос таълиму тарбия дод. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Аз дасти пуршафқат, нигоҳи меҳровару дилнавоз, маслиҳату насиҳати пурмаъно садҳо нафар ба қавле «арабча» ҳо сабақ гирифтанд. Дар рӯзҳои ид ва таърихӣ кулбаи ӯ ба тӯйхона табдил меёфт. Зеро ин инсони бадавлат соҳиби ҳафт нафар фарзанд, 27 нафар набера, 55 нафар абера ва 4 нафар чевара буд. Гоҳо чунин мешуд, ки вай номҳои набераю абераҳоро фаромӯш карда, «Ҷони бибӣ, исму насабат чӣ буд?» гӯёи соддаловҳона мепурсиду ба хандаи атрофиёнаш сабабгор мешуд. Муяссара Пирназароваи 87 - сола гули сари сабади Арабхона буд. Хешу пайвандон, ҳамгузару наздикон ҳар як маъракаи худро бо маслиҳати ӯ мегузарониданд. Вай кӯшиш ба харҷ медод, ин тӯй ва дигар гуна маросимҳо ба замона хос, ихчам, бидуни дабдаба ва худситоӣ гузарад. Бештарин маблағро ба садақаи ҷория сарф карданро супориш медод. Барои ободу зебо гардидани гузар ва ба зиёратгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтани қабристон нафақаи худро дареғ намедошт ва ба ҷону ҷигарҳои худ насиҳат мекард, ин як дастро барои хайру эҳсон кушоянд.
Сад дареғо, ки субҳидами 14 январи соли равон занги телефонам баланд шуд. Гӯшакро бардоштам, ки садои маҳзуни дӯстам, ҷону ҷигарам Алишерҷон ба гӯшам расид. Вай нохушии бузурге - аз олам гузаштани модари муқаддаси худро бо ҳасрат хабар дод. Ҳанӯз офтоб теғ накашида аллакай дар назди ҳавлии марҳум мардуми бисёр ҳалқа гирифта, фиғону фарёди фарзандонаш Мираббос, Абдулло, Алишер, Ойбек, Орзугул, Фавзия, Нодира, келинҳо, домодҳо ва набераҳо пурдарду ҷонгудоз буд. Дере нагузашта, маросими видоъ оғоз ёфт. Барои хондани ҷанозаи маита қариб ҳазор нафар пиру ҷавонон бо сари хаму дили пурғам саф кашиданд. Имом хатиби гузар Равшанҷон дар амри маъруфи худ доир ба мақоми баланди модар ҳарфзада «дари ҷаннат зери пои онҳо» гуфт.
Баъди саловоти ҷаноза ҳазорон бо сӯзу гудоз тобути марҳумро барои манзили охират гирифта, ба қабристони деҳа бурданд.
- Дар ин наздикӣ чунин таъзияи серодам дар Арабхона набуд, - аз тааҷҷуби ман рамуз гирифта фаҳмонд амини гузар Мизроб Салимов, - воқеан, сулолаи Пирназарбобо, Муллониёзбобо, Раҷаббобо, Шарифбобо дар Арабхона эҳтироми хосса доранд, ки раҳмати Муяссарахола келини ҳамин авлоди бузург буданд.
- Чеҳраи гарму нурории модари биҳиштиам ҳамеша пеши назарам, - бо оҳи бадард гуфт писараш Алишер, - имрӯзҳо нолаҳо, дардҳо ва аламҳои мо, фарзандон охир надорад. Зеро мо ҳар пагоҳирӯзӣ «фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар» гӯён наздашон меомадем.
Дар чунин лаҳзаҳои вазнин ба Алишерҷон ва таомими аҳли оилаи марҳум ҳамдардии самимона изҳор намуда, аз ҳақ таъолло сабри ҷамил мепурсем.
Оқибат манзили мо зери
замин хоҳад буд,
То қиёмат ҳамаро ҳол ҳамин хоҳад буд.
З. НАҶМИДДИНОВ, деҳаи Арабхона
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.