Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

оҚибати беандешагӢ

Тӯй маросими хурсандибахш, тантанаи ҷозибанок мебошад. Инсон бо ин баҳона бо ёру дӯстони кайҳо надидааш вомехӯрад, ҳамсӯҳбат мешавад. Тамошои рақсу бозӣ, шунидани савту навои мутрибони хушовоз ба кас роҳат мебахшад. Аммо баъзеҳо одоби меҳмониро вайрон карда, баланд - баланд гап мезананд. Санъаткорон чӣ гуна суруд мехонанд, кӣ ба сухан баромад, чӣ гуфта табрик мекунад, фаҳмида намешавад. Дар маъракае гувоҳи сӯҳбати ду зан шудам.

-Вой, ҳамсоя, фаҳмидед,- мегуфт яке. - Ба хонаи Аҳмади пиён хостгор омадааст.
- Чӣ хел нағз. Тӯй шавад, тӯй мехӯрем - дия.
- Э - ҳе, гап байни худамон монад, ба ҳамин хостгорон ҳам ҳайрон мемонам. Ду духтари гул барини ман истода, духтари майзадаро маъқул кардаанд.
- Падараш майзада бошад ҳам, духтарак баодоб, саракаш хам, ду дасташ ҳунар.
- Аммо ҳамсоя, аз ҷойи зӯр. Бою бадавлат, соҳиби иморати дуошёна, яккаписар будааст. Даруни хона гаҷкорӣ, берунаш хишти пухта, бомаш тунукаи ранга. Оғилашон пури мол, сӯму доллар бемалол. Ду мошини навбаромад доштааст.
- Зӯр - ку! Розӣ шудаанд? Домод чӣ кора будааст?
- Ҳозир то тӯй ҳама домодҳо устою духтарон - дӯзанда. Ба ҳамин ҳолашон боз ноз карда истодаанд. Ман мебудам, зуд розӣ мешудам. Домод аз даст наравад, домод.
Ман худ ба худ андеша намудам: ҳама ба бой духтар диҳад, ба камбағал кӣ мерасад? "Домод аз даст наравад", гӯён духтарони 15 - 16 солаи ба балоғат нарасидаро ба шавҳар медиҳанд. На соҳиби касбу кор, на як маълумоти аниқ доранд. Хулоса, ба рӯзгордорӣ сарфаҳм намераванд...
Як бегоҳӣ шиносам бо ҳамсараш ба хона омад. Пас аз пурсу пос ба мақсад гузашт:
- Духтарамонро тӯй карда истодаем. Пагоҳ барвақттар ба хона гузаретон.
- Муборак шавад, аммо духтаратон ҳоло хурд, ҳатто коллеҷро тамом накардааст - ку, - гуфтам.
- Қудоҳо ба ҳолу ҷонамон намонда истодаанд. Баъди тӯй зуд ба хориҷа мерафтаанд, як моҳа омаден. Барои ҳамин маҷбур розӣ шудем.
- Беҳтар мебуд духтаратон коллеҷро хатм мекард, ягон касбро меомӯхт...
- Ӯ- ҳӯ, пирдухтар шавад? - хандид ҳамсари ошноям.
Тӯяшон бодабдаба гузашт. Пас аз як сол шоҳиди ба хонаи падар баргаштани арӯс шудем. Сабаб чизу чора, моҷарои мебелу пардаи чандқабата будааст.
- Дониши хуб дошт духтарам. Дар ягон мактаби олӣ хонишашро давом медод, беҳ буд, - акнун афсӯс мехӯрд ошноям.

Комил ҶӮРАЗОДА


Дата добавления: 01/02/2019 14:54;   Просмотров: 1017
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку