Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОҚибати молимардумхӮрӣ

Хурдсол будаму падарам маро ҳамроҳи худ ба бозор мебурд. Ман ҳамчун ёрдамчӣ будам, ҳар ду бозорро давр гашта харид мекардем. Рӯзе вақти бозорро давр гаштанамон овози баланди ҷанҷоли одамонро шунидем. Падарам, ки одами қадбаланд буд, аз дур диду ба ман гуфт: Гард, ба он ҷо равем, чӣ гап шудааст.

Ҳар ду ба ҷои кашмакаш наздик шудем. Марди солхӯрда ба ҷавони 25-30 сола даст бардошта заданӣ буд. Одамони тамошобин онҳоро ҷудо мекарданд.
Ин вақт мӯйсафеде пайдо шуду ҳодисаро пурсуҷӯй кард. Ба мӯйсафед ҳодисаро фаҳмонда гуфтанд: Фурӯшандаи биринҷ аз ҳақи харидоре, ки 10 кг биринҷ гирифтааст ним килои онро аз тарозу задааст. Мӯйсафед инро фаҳмиду гуфт: Касе, ки аз тарозу мезанад, ӯ гӯё аз умраш мезанад, рост ба дӯзах меравад.
Мӯйсафед ба сӯи харидор нигоҳ карда илова карда гуфт: Шумо фурӯшандаро назанед, ҳаволаашро ба худо партоед. Худаш медонад чӣ кунад. Ҳоло ӯ ҷавон аст. ҳақи кас одамро сӯрох мекунад, ҷавонмарг мекунад, хонааш оташ мегирад, мо бояд аз худо тарсем.
Ин воқеаро то ҳол фаромӯш намекунам, гарчанде, ки 60 сол гузашта бошад ҳам. Имрӯз, ки синнам аз 70 гузашту дар умрам, дар тақдири одамон қудрати Офарандаро дидам, ҳақ будани гуфтаҳои ин мӯйсафед исботи худашро ёфт. Яке аз он воқеаҳо чунин аст.
Малик дар оилаи савдогар ба дунё омад. Падараш, ки дасти дароз дошт, писараш Маликро ба Институти савдо дохил кард. Малик Институтро хатм карду мувофиқи тақсимот ба Алмаато ба кор рафт. Аввал молшиноси оддӣ, баъд дар лавозимҳои мақул фаолият нишон дод. Ба духтари вазири савдои қазоқистон хонадор шуд. Чор нафар фарзанд ба дунё омад.
Писарон Серик ва Солеҳ, духтарон Гулжан ва Гулнора. ҳама фарзандон ғайр аз Солеҳ маълумоти олинок шуданд. Солеҳ хонданро ба гардан нагирифт, варзишгар шуд.
Малик ба синни нафақа расиду аз Алмаато ба Тошканд кӯчида омад. Он вақтҳо рафту омади одамон ба дигар республика муаммо надошт.
Синни Солеҳ қариб ба 40 расиду ӯ варзишгариро бас кард. Ӯ ки устоди спорт буд, ба ҷавонҳо устодӣ карданро сар кард. Солеҳ мисли падараш ҷӯрабоз буд. Рӯзе яке аз ҷӯраҳояш ба Солеҳ маслиҳат дода гуфт: Агар хоҳи бекамбудӣ зиндагӣ кунӣ, коратро иваз куну мудири анбори коллеҷи захираҳои олимпӣ шав. Маоши расмиаш кам бошад ҳам, даромадаш бад нест. Ба ин суханҳои рафиқаш Солеҳ чизе нагуфт. Ба назди падараш рафта маслиҳат кард.
Падараш гуфтаҳои Солеҳро бо диққат гӯш карду савол дод: Дар коллеҷ чанд нафар хонанда мавҷуд?
Солеҳ гуфт: 600 нафар, боз устоду муаллимон 200 нафар, ҳамагӣ 800 нафар.
Падараш гуфт: Ин тавр бошад, кор кунӣ бад намешаваду кори осон не.
Мувофиқи ратсион, талабагони коллеҷ рӯзе бояд 5 маҳал хӯрок хӯранд. Хӯрок бояд серғизо бошад. Ҷайр аз гӯшти гову мурғ, моҳиву равғани маскаву ва ғайра талабагон боз себ, анор, аплесин ва мандарин истеъмол кунанд. Истеъмол кардан ё накардани миқдори пурраи ин маҳсулот ба виҷдони мудири анбор ва мудири ошхона вобаста аст.
Ҳамин тавр, Солеҳро мудири анбор таин карданд. Ӯ қариб 6 моҳ кор кард. Анча шердил шуд, ки аз боло назорат суст аст. Хост, ки боз зиёдтар пули ҳаром кор кунад. Ба ин мудири ошхона халал мерасонид. Мудири ошхонаро пеш карду ба ҷояш занашро мудири ошхона таин намуд. Баъди ин Солеҳ нотарсона дуздӣ мекардагӣ шуд.

Баҳром ИСТАМҚУЛОВ (Давом дорад)


Дата добавления: 20/10/2017 13:43;   Просмотров: 1289
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку