Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲОЛИ ХАРОБИ ҶОМИВУ НАВОӢ

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ӯзбекистон соли 1993 пайкараи сардафтари адабиёти классикии ӯзбек, мутафаккир ва арбоби давлатӣ Алишер Навоӣ ва устоди ӯ, шоир ва мутафаккир Абдураҳмони Ҷомӣ дар маркази ноҳия гузошта шуд. Он солҳо камина услубшиноси фанни забон ва адабиёти тоҷики Шӯъбаи таълими халқи ноҳия будам.

Рӯзе бо ифтихор аз назди пайкараи бузургон мегузаштам, ки зери пайкараи онҳо ду мисраъгӣ аз осорашон навишта шудааст. Зери пайкараи устод Ҷомӣ байтро аз Алишер Навоӣ саҳван навиштаанд.
Камина ба сардори шӯъбаи сохтмони ноҳия дар бораи хатои содиршуда хотиррасон кардам. Пас аз чанд муддат устоҳои сангтарош байти зерини Абдураҳмони Ҷомиро дар пояи пайкарааш сабт намуданд.
Чанде пеш ба идораи рӯзномаи "Гулобод тонги" рафтам. Баъди бозгашт дар рӯ ба рӯйи бинои идора чашмам ба пайкараи ин ду тан бузургон афтод, ки дар қафои истгоҳ мехобид...
Аз мутасаддиён хоҳиш менамоям, ки пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар ҷои муносиб гузошта шавад. Он ба маскани дӯстдоштаи аҳли илму адаб табдил хоҳад ёфт. Насли наврас бо гузаштагони худ ифтихор созад. Зеро бузургонро бузургон зинда медоранд.

Исматилло АҲРОРҚУЛОВ, собиқадори маориф


Последнее редактирование: 27/02/2020 15:58;   Просмотров: 767
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку