Соли дастгирии тадбиркории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологӣ эълон гардидани соли 2018 хаёли маро ба гузаштаи дур бурд.
Ба назарам, вақте ки Президенти мӯҳтарамамон Шавкат Мирзиёев дар ҷашнвораи 25-умин солгарди Қомуси Асосии мамлакатамон номгузории соли навро ба зиммаи Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон вогузор карданд ва аъзоёни парлумону намояндагони Маҷлиси Олӣ сари андешаи номгузорӣ шуданд, чунин ҳақиқати ҳолро аз хаёл гузаронида, ба ҳамин қарор омадаанд.
Агарчӣ ба пояи илми ҳандасаву риёзиёт, ҳисобу алҷабр ва фалакиёт, ки таркиби техника аз он ибтидо мегирад, бузургони Шарқ аз ҷумлаи Ибни Сино, Умар Хайём, Абӯрайҳон Берунӣ, Мӯсо ал-Хоразмӣ Аҳмад ал-Фарғонӣ, Мирзо Улуғбек ва дигарон асос гузоштаанд, дар замони Шӯравӣ ҷиҳозоти техникиро танҳо аз Марказ – Маскаву Санкт-Петербург дидан менамудем. Оинаи ҷаҳоннамо – телевизор, радиоро мардум ҳамчун мӯъҷиза қабул кардаанд. Мошини электронии ҳисоббарор, калкулятор барои мактабиён қуллаи дастнорас буд. Муаллимони ҳисобу информатика маҷбур буданд, ки барои ҳамчун асбоби аёнӣ ба хонандагон нишон додан, ба идораи таълими халқ муроҷиат намуда, барои як-ду рӯз меоварданду нишон медоданду мебурданд.
Пас аз ба истиқлол расидани мамлакатамон истилоҳи компютер ва барномасозии он қариб аз ҳар хонадон садо медодагӣ шуд. Ҳоло муболиға намешавад агар гӯям, ки 90 дарсади ҷавонони диёрамон соҳиби компютерҳои гуногун ва дастгоҳи телефону айфонҳои дастии замонавӣ, ки садҳо барномаро дар худ ғунҷоиш додааст, ҳастанд.
Акнун вақти амал расид. Вақте расид, ки тадбиркоронамон фаъол бошанду ба эҷоди ғояҳои инноватсионии ҷавононамон пару бол бахшанд. Метавон гуфт, ки омад замоне, ки орзуяш доштем.
Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, доктори фанҳои
физика-математика, профессори ДДС
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.