Вақте ки сухан дар бобати матонат ва таҳаммулкории устод-муаллим равад, пеш аз ҳама симои Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Аълочии таълими халқ, шоири нозукхаёл Олимҷон Орифӣ пеши назарам медурахшад. Барои покизакорӣ, масъулиятшиносӣ ва донишмандии устоди шодравонро баён намудан ба фикрам, воқеаи зерин мисоли равшан шуда метавонад.
Ба мо шогирдон устод Олимҷон Орифӣ аз фанни кимиё (химия) дарс мегуфтанд. Чун адабиёт ва таърих равону шавқовар будани дарси химияро бо вуҷуди мисолу формулаҳои дандоншиканаш аз муаллим Олимҷон Орифӣ омӯхтаем. Аз ин рӯ, ҳама чун гӯшу ҳуш ба ҳар як сухану ҳаракати устод назар меафкандем. Устоди моро одате буд, ки бо овози баланд ва тарзи махсуси дастҷунбонӣ дарс мегузаштанд. Аз саҳни мактаб ё долони байни синфхонаҳо истода, ба машғулоти Олимҷон Орифӣ иштирок намудан мумкин буд.
Дар яке аз чунин рӯзҳои зимистони соли 1974 дар миёни соати дарсӣ аҳволи сиҳатмандии муаллим Олимҷон Орифӣ якбора тағйир ёфта, рангашон канд. Оҳиста ба курсии назди мизи муаллим нишаста монданд. Инро ману ҳамсинфам Зарифҷон, ки дар партаи аввал менишастем, хубтар пайхас намуда, дарҳол аз ҷой хестему рост назди муаллим рафта, аз дастонашон гирифтем. Муаллим аз ҳуш мерафтанду ҳанӯз дарс мегуфтанд.
- Бачаҳо шинетон, ҳамин соати дарсӣ чала намонад, - бо овози ларзону хаста мефармуданд устод.
Ниҳоят аз ҳуш рафтанд ва мо бардошта, назди духтури мактаб бурдем. Боз овози устод моро ҳушдор мекард:
- Бачаҳо, давоми дарсро пагоҳ мегузарем, - тайёр шуда оед.
Мо дар ташвиши саломатии он кас гирён мешудему устод дар ғами дарси чаламонда банд буданд. Духтури ёрии таъҷили омада, ба мо атрофиён фаҳмонд, ки муаллим ҳарорати баланд доранд. Бо ҳамин аҳвол, барои сарсон накардани бачаҳо ва аз дарс намонондани шогирдон ба мактаб омадаанд.
Барҳақ, пас аз ду-се рӯз устоди мо боз пои пиёда хандону шеърхонон ба мактабамон омаданд. Боз синфхонаамон нуру зиёро соҳиб шуд. Агар барои муаллим муҷассама гузоштан мумкин бошад, меарзад, ки ин ҳайкалро барои Олимҷон Орифӣ барин муаллимон гузорем. Зеро симои нуронӣ, лутфи зиёд ва самимияти хоси шоир-муаллим дар дили мо аз ҳайкал ҳам зиёдатар нақш бастааст. Ман хатмкардаи факултаи филологияи тоҷик бошам ҳам, санъати суханвариро аз Олимҷон Орифӣ омӯхтаам ва дарси кимиё, ки аз устод хеле хуб омӯхтаам, дар рафти ҳаётам ба кор омад. Ҳоло ҳамин хел маданияти баланд, меҳнатқаринӣ, масъулиятшиносӣ ва сухангӯии зеборо ба тинати фарзанди арҷманди он кас Муқимҷон Орифӣ дида, устодро дидагӣ барин мешавам.
Маҳмудҷон НАБИЕВ,
собиқадори ифтихории
корҳои дохилӣ ва матбаа
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.