Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОЗМУНИ ИНШО ДАР МАВЗӮИ “АСАРИ ДӮСТДОШТАИ МАН” ДАР ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД ҶАМЪБАСТ ШУД

Бо ташаббуси шӯъбаи ҳудудии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят, Садорати таълими халқи вилоят, Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд барои таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз 15-уми ноябри соли 2019 таҳти рақами ФП 5876) барои донишомӯзони мактабҳои миёнаи тоҷикӣ озмуни иншоҳо дар мавзӯи “АСАРИ ДӮСТДОШТАИ МАН” эълон шуда буд.

Зинаи аввал миёни синфҳои мактаб ва зинаи дуюм байни донишомӯзони мактабҳои таҳсилоташон ба забони тоҷикии ноҳия баргузор гардида. Аз ҳар ноҳия се нафар ғолиб ба зинаи вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар зинаи вилоятӣ аз шаҳри Самарқанд ноҳияҳои Ургут, Пастдарғам, Нуробод, Самарқанд ва Тайлоқ ҷамъ 18 нафар иштирокдори озмун гаштанд.
Ҳайати ҳакамон пас аз мутолиаи кори эҷодии донишомӯзон ҷойи аввалро ба донишомӯзи синфи 10-уми мактаби рақами 62-юми шаҳри Самарқанд Мафтуна Эргашева, ҷойи дуюм ба донишомӯзи синфи 6-уми мактаби рақами 43-юми ноҳияи Самарқанд Иззатулло Неъматов ва донишомӯзи синфи 11-уми мактаби рақами 5-уми ноҳияи Ургут Лайло Асламова муносиб донистанд. Ҷойи сеюмро бошад донишомӯзи мактаби рақами 120-уми ноҳияи Пастдарғом Мафтуна Ҳасанова, дошнишомӯзи синфи 10-уми мактаби рақами 22-юми шаҳри Самарқанд Шаҳризода Абдумӯминова ва донишомӯзи синфи 11-уми мактаби рақами 13-уми ноҳияи Нуробод Ҳусноро Боймаҳмадова сазовор шуданд.
Ғолибони зинаи вилоятӣ бо “ИФТИХОРНОМА” ва тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Садорати таълими халқи вилоят сарфароз мегарданд.

АСАДУЛЛО ШУКУРОВ,
узви иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.


Последнее редактирование: 02/07/2020 13:19;   Просмотров: 810
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку