Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАРУ БОЛИ МАРО ГӮЁ, КИ БИШКАСТ...

ё худ ёди нахустин устоди ман

Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

Хабари нохуш - вафоти нахустин устодам Раъно Ҳалимоваро аз хоҳарам шунида, дилам таҳ кашиду ашк аз чашмонам ҷорӣ гашт. Зеро пеши назарам симои нуронии зани кушодачеҳраи ширинсухан, нармдил, зукко, педагоги ҳақиқӣ ҷилвагар гардид. Барои иштирок кардан ба ҷанозааш роҳи хонаи ӯро пеш гирифтам ва беихтиёр айёми вохӯрии нахустин ба ёдам омад...
Якуми сентябри соли 1962 буд. Раҳматӣ модарам Ховарой Болтаева ба ман либоси мактабӣ пӯшонду ҳамроҳи падарам сӯи мактаби зодгоҳ раҳсипор шудем.
Он рӯз саҳни мактаби рақами 14-и деҳаи Кӯл намуди идона дошт. Дар рӯ ба рӯи майдон мизи бо матои алвонранг пӯшида ва ба атрофаш курсиҳо гузоштаанд, ки дар онҳо собиқ муаллимон, шахсони обрӯманди деҳа ва вакилони идораҳои гуногун менишастанд. Ҳозирон ба эҳтироми қиблагоҳам аз ҷояшон хеста, вохӯрӣ карда, аз пешгаҳ ҷой доданд. Зеро падарам Наим Акрамович ба мактаб на ҳамчун тарбиягар, балки вакили кумитаи ҳизби ноҳия, ки нуфузи хосса дошт, низ омада буданд. Дар як тараф муаллимон турнақатор истода, меҳмононро "хайра мақдам" мегуфтанд. Директори мактаб ба ҳурмати намояндаи райком ба таҳлука афтода, аз куҷое ҷавонзани хушқоматро, ки муаллимаи синфи ибтидоӣ будааст, наздаш хонд ва сӯи ман ишоракунон чизе гуфт. Вай тасдиқомез сар ҷунбонд ва ба мизи меҳмонон наздик шуда, салом доду наздам сари по нишаст ва хандакунон маро ба канор кашида, номамро пурсид.
- Хуршеда, - кебидаву шармида пичиррос задам ва имдодомез сӯи қиблагоҳам нигариста, илова намудам, - ана, дадем.
- Муаллима, ин духтари калонии ман "устухонаш аз мо, гӯшташ аз шумо", ибораи халқиро ба маврид истифода бурданд падарам, - чунон таълиму тарбия диҳед, ки мисли худатон муаллима шавад. Фаҳмо?!
- Албатта, - аз ҷой бархоста ваъда дод ӯ, - вазифаамон ҳамин-дия.- баъд аз дастам гирифту амр дод, - Рафтем, духтарҷон, назди ҳамсинфонат.
Муаллима навмактабиёнро як-як саф мемонд. Ман, ки ниҳоят хурдҷусса будам, аз қатори пеш ҷой дода, табассуми ширинашро ҳадя кард ва аз паси дигар кораш шуд. Вай зани кулчарӯи мавзунқомат буда, мӯйи майдабофташ мисли абрешими суфта ва аз нури офтоб серҷилоро ба атрофи тоқиаш саллача карда буд, ки ӯро боз ҳам зебо, дилнишин, ҷозибанок мекард.
Воқеан, Раъно Ҳалимова инсони исмаш ба ҷисмаш монанд буда, гуфтору рафтораш қалбҳоро ба ваҷд меовард. Ӯ аз рӯзи нахуст бо фазилати неки инсонӣ - дил ба даст овардан, хоксорӣ, росткорӣ, нармӣ ба ҳурмату эҳтироми на танҳо шогирдон, инчунин падару модарон соҳиб гашт.
Шахсан ман аз вохӯрии аввалин ба ӯ дил баста будам. Мо ҳамсинфон бо шавқу ҳавас ба мактаб меомадем. Ҷараёни дарси ӯ ниҳоят шавқовар буд. Омӯзгор кӯшиш ба харҷ медод, ки шогирдон моҳияту аҳамияти донишомӯзиро бифаҳманд ва аз бачагӣ меҳр ба илм бубанданд. Воқеан, сабақи ибтидоӣ сарчашмаи кулли донишҳост ва раҳнамои фардои фарзандони миллат, фароҳамоварии замина барои омӯзиши бовусъати онҳост, ки ман худ ба он гувоҳ ҳастам.
Дар тӯли чор сол мо, шогирдон аз нахустин устодамон бисёр чизҳоро омӯхтем. Лекин чӣ ҷои руст кардан аст, гоҳ-гоҳ муаллима ба дарс дер меомаданд. Сабабаш роҳашон дур ва он солҳо нақлиёт кам буд. Ман ҳамчун сардори синф мисли устодам гӯё "дарс" мегузаштам. Ҳама хомӯш нишаста, вазифаро иҷро мекарданд. Муаллима саросема омада, оҳиста дари синфро кушода, толибилмонро ором дида, табъашон болида мегашт.
- Бачаҳо, бовар кунед, - бо ҳисси шодмонӣ мегуфтанд Раъно Ҳалимова, - ана ҳамин Хуршеда вориси муносиби ман аст. Вай албатта муаллима мешавад.
Шояд ба башорати устодам фариштаи роҳ "омин" карда бошад, ки камина баъди ба даст гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурдам. Вале баллам нарасиду ба шӯъбаи шабона қабул шудам.
Як рӯз баъди дарс дар истгоҳ интизори автобус будам, ки рӯ ба рӯям муаллимаам Раъно Ҳалимова пайдо шуданд. Ман гирякунон хабар додам, ки ба шӯъбаи рӯзона қабал накарданд.
- Ҳеҷ гап не. - завқ карда хандиданд устодам, - ана ман баъди чанд сол ба факултаи ҷуғрофия дохил шуда, шабона таҳсил мегирам. "Ҳар як бадӣ некӣ дорад" мегӯянд. Ту рӯзона дар мактаб кор карда, дониши назариявиро ба амалия мепайвандӣ.
Дар ҳақиқат. ҳамин тавр шуд. Муаллима бошанд дар мактаби рақами 9-и шаҳр, ки ба манзили зисташон наздик буд, ба кор гузаштанд. Аммо ҳар гоҳ дар кӯча ё маърака дида ба дидор расад, мегуфтанд, ки шогирди аввалинам муаллима шудааст ва ман бо ин мефахрам.
Ҳамин тавр, бисёр шогирдони ӯ аз паси устод рафта омӯзгор шудаанд. Ҳатто Мусаввара Ҷумъаева (Равонаш шод бод!) мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия гардид.
Муаллима бо ҳамсари вафодори худ - шифокори номдори Самарқанд Ҳафиз Набиев панҷ нафар фарзандро ба замона хос таълиму тарбия додаанд, ки онҳо дар соҳаҳои гуногун адои вазифа мекунанд. Гулдухтаронаш Дилором, Насиба, Дилшода ва писараш Акобирҷон пешаи табибиро интихоб кардаанд. Бахтиёрҷон бошад, ҳисобчӣ шуд. Қариб 80 нафар набераю абераҳо ворисони муносиби Набиевҳо ҳастанд.
Соли гузашта аҳли оила, хеша пайвандон, ҳамкасбу шогирдон 80-солагии устодро тантанавор ҷашн гирифта буданд. Нотиқон дар табрику таҳният таманно доштанд, ки садсола шавад. Вале...
Сад дареғо, ки дар оғози моҳи марти соли равон ӯ нобаҳангом аз олами ҳастӣ чашм пӯшид. Барои ба роҳи охирин гусел кардани марҳума бисёр мардум ҷамъ омаданд. Ҳама бо сӯзу гудоз сифатҳои неки ӯро ба ёд оварданд. Аммо доду фиғони фарзандону набераҳо, арӯсони нозанину домодҳо ба фалак мепечид. Гиряи духтаронашро дида, мисраҳои зерини шоир ба ёдам омад:
Туро, эй модари маҳбубу мушфиқ, ҷустуҷӯ дорам,
Ба гирди хони мо биншастанатро орзу дорам.
Вале дигар намебинам туро, эй модари воло,
Бирафтӣ бемаҳал аз арсаи ҳастӣ,
Пару боли маро гӯё, ки бишкастӣ...

Хуршеда АКРАМОВА, собиқадори
таълими халқӣ, деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ


Последнее редактирование: 15/03/2019 13:17;   Просмотров: 1002
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку