Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАРВОЗИ БАЛАНДИ "ПАРРАНДАПАРВАРӢ"

Дар ноҳия се маҳалла дар солҳои 2018-2019 аз рӯи Барномаи давлатии "Қишлоқи обод" боз ҳам ободтар мегардад. Инҳо маҳаллаҳои "Гулобод", "Пулимуғоб" ва "Паррандачилик" ("Паррандапарварӣ") мебошанд. Ҳоло сухан дар бораи маҳаллаи "Паррандачилик" меравад.

Маҳаллаи мазкур дар самти рости шоҳроҳи Тошканд-Қаршӣ, роҳе, ки ба кӯҳистони зебоманзари Оҳалик мебарад, ҷой гирифтааст. Дар маҳаллаи мазкур то солҳои 1990 асосан кормандони фабрикаи мурғпарварии Самарқанд, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт, умр ба сар мебурданд. Ин вакилони миллатҳои гуногун сарҷамъона барои ободии маҳали зисти хеш бо ҳимояти коргоҳи бонуфуз кӯшиш ба харҷ медоданд. Давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, беқурб шудани пул, кӯҳна гаштани дастгоҳҳо, канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба коргоҳи мурғпарварӣ таъсири манфӣ гузошт. Аз ин рӯ, то ба дасти соҳибони мулкдор, роҳбарони пуртаҷриба афтодани корхона коргарон пароканда шуданд. Маҳаллаи навбунёди "Паррандапарварӣ"-ро мисли пешина ободу зебо дидан душвор шуд.
Бо вуҷуди он чанде аз мардуми содиқи маҳалла ошёни умеди худро тарк накарда, танҳо барои ба насли оянда расонидани биноҳои дуошёнаи зист ҳаракат намуданд. Сабри онҳо меваи ширин дод. Дар ҷумҳуриятамон, ки бо сарварии Президенти мамлакат Барномаи давлатии "Қишлоқи обод" шакл гирифт ва аз рӯи он гӯшаҳои фаромӯшгардидаи ватани маҳбубамон зебандатар мегардад, маҳаллаи "Паррандачилик" низ аз рӯйихати ободонӣ ҷой гирифт.
Дархабарем, ки маҳаллаи мазкурро таи сенздаҳ сол бонуи ташаббускор Фирӯза Эшонқулова, ки ҳоло сарвари ширкати мулкдорони "Нур - Парранда" мебошад, роҳбарӣ намудааст.
Ҳоло ин масъулияти басо мушкилписанди раисии ҷамоати шаҳрвандони маҳалла (МФЙ) ба зиммаи ҷавонмарди корчаллон Бахтиёр Бекчанов бор аст.
- Маҳз бо назорати доимии ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов талабҳои Барномаи "Қишлоқи обод" дар маҳаллаи мо бе каму кӯст иҷро гардид. Ҳамаи чор кӯчаи асосии маҳалла асфалтпӯш шуд, се бинои чорқабатаи манзили зист қад афрохт, мактаби рақами 26, кӯдакистони рақами 12 гӯиё тамоман либоси нав ба бар кард, манораи оби нӯшокӣ ба кор даромад. Боз бист хонадони дуошёнаи кӯҳнасохт таъмир гардид.
Дар арафаи Иди бузурги Истиқлол боз як бинои чорошёна ба мардум тӯҳфа мегардад.- гуфт раиси маҳаллаи "Паррандачилик" Бахтиёр Ботирович Бекчанов.
Барҳақ, аз табаддулоти ободонӣ ҳамаи 1004 нафар аҳолии маҳалла шодмон аст. Бо мадади ҳукумат ва ҳомиёни маҳаллӣ стадиони мактаб, ки барои аҳли маҳалла низ хидмат мекунад, чимпӯш мегардад. Обпартои замонавӣ (канализатсия) ба кор медарояд. Барои кӯдакистон маҷлисгоҳ бунёд мешавад.
Хулоса, зиндагӣ дар маҳаллаи "Паррандачилик" бо як мароми ватандӯстӣ давом дорад. Ба диёри "Паррандапарварӣ" парвози баланд мехоҳем.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 16/07/2019 11:02;   Просмотров: 898
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку