Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Пайдоиши НаврӮз

мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ

Бояд гуфт, ки замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими асри даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро, ки нишонии соли нав аст».
Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст:
«Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд»
. Ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст:
«Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст»
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайҳон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.


Последнее редактирование: 30/03/2018 16:05;   Просмотров: 1351
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку