Дар мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд дар мавзӯйи пешгирии таваллуди ноболиғон семинар баргузор гардид. Раисони ташкилоти ибтидоии кумитаи занону духтарон иштирокдорони тадбир буданд.
Семинарро раиси кумитаи занону духтарони шӯъбаи ташкил ва таъмини методии фаъолияти муссисаҳои таълими халқи ноҳияи Самар-қанд Сарвинисо Нарзуллоева ва омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 22, сухандон Азиза Зокирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи мазмуну мақсади семинар сухан ронданд.
Раиси шӯъбаи вилоятии кумитаи занону духтарони Садорати таълими халқи вилоят Гулмира Салимова дар бораи пешгирии ҷинояткории бонувон ва пешгирии зиндаятимӣ изҳори ақида намуд.
- Дар замоне, ки барои илму ҳунаромӯзии бонувон тамоми имкониятҳо мавҷуд аст, ҳомиладоршавии духтарони ноболиғ ҳолати ногувор мебошад, - гуфт Г.Салимова. – Ин ҳолат аз бепарвоии падару модар, фаъолони маҳалла, мактаб ва кумитаи бонувон рух медиҳад. Бояд мо корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоем. Нисбати тарбияи насли наврас бепарво набошем. Аввал зарари никоҳи ноболиғонро худ дарк намуда, ба воситаи маҳфили “Духтарони ороста” ба ҷавонон расонем.
Муаллифи китоби “Маликаи хонадон”, омӯзгори собиқадор Мӯнисхон Аҳмедова дар мавзӯйи “Бар тарбияи духтар кӣ масъул” маърӯза кард.
Оиди зарари ҳомиладории бармаҳал, ҳамкории мактаб, маҳалла ва оила ва масъулияти волидон дар тарбияи духтарон раиси кумитаи занону духтарони мактаби таълими умумии рақами 49 Гулнора Сироҷова, маслиҳатчии маҳаллаи Деҳнав Мавсума Нӯъмонова, директори мактаби таълими умумии рақами 22 Моҳчеҳра Сатторова изҳори ақида намуданд.
Иштирокдорони семинар бо фаъолияти маҳфили “Духтарони ороста”-и мактаб аз наздик шинос шуданд.
Аъзоёни маҳфил барномаи адабиро пешкаши меҳмонон гардониданд.
Дилрабо НАСИМӢ
Дар акс: лаҳзае аз тадбир
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.