Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПИРИ ХИРАДМАНДИ ОҲАЛИК БУД

Ӯ то дами вопасин ҳушу ёд, шууру хотира дошт. Шояд аз ҳамин сабаб, агар барои мардум муаммо пеш ояд ё маслиҳат лозим шавад, назди Ҳусейнбобои 92-сола пири рӯзгордидаи деҳа меомаданд.

Воқеан, вай қомуси зинда ва пири хирадманди деҳаи хушҳавои Оҳалик буд. Банда бо тақозои касб чанд маротиба бо ӯ сӯҳбат ороста, ба пурсишҳои худ ҷавоби қаноатбахш мегирифтам. Баъзан чунон мешуд, ки болои ягон масъала баҳсамон кашол меёфт ва мусоҳибам пирӯз мегашт.
Раҳматӣ Ҳусейнбобо Ғиёсов солҳои таҳсил дар мактаби зодгоҳ ба адабиёт дил баста буд. Пас аз соҳиби номаи камол шудан бо факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд омад. Аммо аз сабаби гурӯҳи тоҷикӣ набудан рахти сафар баст ва роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифт. Бахтро бинанд, ки ба факултаи забон ва адабиёт қабул ба хотима расида будааст. Сипас ӯ бо маслиҳати омӯзгори номдори деҳа Шодмон Қаюмзода ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷаташро супурда, донишҷӯ шуд.
Дар арафаи дипломгирӣ ба зодгоҳ омаду волиайн ба хотири "побанд" кардани писар бо зебосанами деҳа Саломат Расулова издивоҷ намуданд.
Бо маслиҳат ва роҳбаладии навдомод арӯси нозанин Саломат Расулова низ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд.
Ҳусейн Ғиёсов пас аз хатми мактаби олӣ бо роҳхати донишгоҳ дар ноҳияи Фархори ҷумҳурияти ҳамсоя фаъолияти омӯзгории худро оғоз намуд. Онҳо соҳиби ду нафар фарзанд шуданд ва баъд ба Самарқанд омаданд.
Сипас, тамоми умри зану шавҳар бо мактаби рақами 18-уми деҳа вобаста гардид. Агар гӯем, ки аксарияти аҳолии деҳаи Оҳалик шогирдони Ҳусейн Ғиёсов ва Саломат Расулова ҳастанд, муболиға нахоҳад шуд, ки ин ҳақиқатро рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳангоми ба роҳи охирин гусел кардани марҳум Ҳусейнбобо Ғиёсов директори таълимгоҳи рақами 18-и Оҳалик Ашӯрбой Шомаҳмадов бо сӯзу гудоз тасдиқ кард.
- Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд, - иброз дошт ровии номдор Ашӯрбой Шомақсуд. - Зеро мо ҷавонони саодатманд аз ҷон дӯсттар дорем панди пири доноро. Раҳматӣ устод Ҳусейн Ғиёсов лаззати зиндагиро дар некномӣ шинохта буд. Илоҳо, руҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!
Шодравон Ҳусейн Ғиёсов на танҳо устоди устодон, маслиҳатгари одамон, инчунин, падари бузургвори бобоҷони дуогӯи сулола буд. Вай бо ҳамсари меҳрубонаш Саломат Расулова чор нафар фарзандро ба замона хос таълиму тарбия дод. Гулдухтаронаш Каромату Саломат касби табибиро гирифта, Алиҷон тадбиркор асту Салимҷон ҳофизи номдор.
- Гарчанд нахуст сиру асрори санъатро аз писари Фотимааммаам Ҳазрат Ҳамроқулов омӯхта будам, вале мунаққиду баҳодиҳандаи адолатпарвари санъатам падари бузургвору модари муқаддасам буданд. Акнун ҷои қиблагоҳам холист, - бо ҳазрат гуфт Салимҷон Ғиёсов.
Дар чунин лаҳзаҳои вазнин ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардии самимона изҳор менамоем.

Мирзозоҳири ҲАМДАРД,
Баҳодури ЗОҲИР, деҳаи Оҳалик


Последнее редактирование: 19/08/2020 09:30;   Просмотров: 710
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку