Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПИРҲО ГИРДИ ҶАҲОНИ ЗИНДАГӢ ГАРДИДААНД...

Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадршиносӣ аҳли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Гулобод мебел” ба кори хайр даст зад. Он рӯз фаъолон бо ташаббуси директори ҷамъият Фар-ҳод Раҳматов барои табрик ва супоридани тӯҳфаи идона ба хонадони ду нафар пиронсоли маҳаллаҳои Навобод ва Андиҷонӣ, ки дар оқибгоҳи ҷанг меҳнат намудаанд, ташриф фармуданд.

– Ободиву фаровонӣ ва равнақи кор аз дуои пирон аст, - гуфт директори ҷамъият Фарҳод Раҳматов. – Дуои онҳо ба ҷавонон қуввату нерӯи тоза мебахшад. Ҳаёти куҳансолон бароямон дарси ибрат аст.
Меҳмонони ба хонадони Абдураззоқбобо Узоқов ташрифовардаро аҳли хонадон бо чеҳраи кушод истиқбол гирифт. Абдураззоқбобои 90-сола Фарҳод Раҳматовро дар назди дарвоза пешвоз гирифта, оғӯш кушод. Ходимони ҷамъият маҷмӯи мебели нармро ба хонадон дароварда, супориданд. Абдураззоқбобо бо аҳли оилааш аз рӯй нармкурсӣ ҷой гирифта, даст ба дуо кушод:
– Илоҳо, истиқлоли кишварамон поянда бошад! Ба корҳои неки Президенти мамлакатамон, файзу баракот диҳад. Ба ҷавонон барори кору муваффақияти бисёр металабам. Ҳеҷ гоҳ рӯи камиро набинед. Ҳамеша сарбаланду хушбахт бошед!
– Абдураззоқбобо солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар паси ҷанг меҳнат намудаанд,– иброз дошт раиси маҳаллаи Навобод Абдулмубин Баҳромов. – Он кас солҳои душвори ҷанг ва пас аз ҷанг барои саводхонии мардум кӯшиданд. Солҳои зиёд омӯзгори мактабҳои рақамҳои 39,33 ва 40 буданд. Баробари омӯзгорӣ ба 10 гектар замин сабзавот кишт мекарданд ва барои некӯаҳволии мардум саҳм мегузоштанд.
Ҳоло Абдураззоқбобо дар ҳалқаи 11 нафар фарзанд, 40 нафар набера, 78 нафар абера ва се нафар чабера гашти пирӣ меронанд. Барои насли оянда шаҷараи Узоқовҳоро тартиб додаанд.
Дар хонадони дуюм ҷуфтпирҳоро дида, чашмони ҳозирон рахшон шуд. Ҳабиббобо Маҷидови 90-сола ва Хурсандбибӣ Шамсиеваи 85-сола бо меҳр тӯҳфаҳоро қабул карданд.
Ҳабиббобо 42 соли умри азизашро ба кори хоҷагӣ бахшидааст. Хурсандбибӣ бошад, ба хонандагон сабақ омӯхтааст. Пирони бадавлат 5 нафар фарзандро ба камол расонида, дуогӯи 18 нафар набера, 34 нафар абера ва як нафар чабераанд.
Сӯҳбати пирон дилнишину ибратангез буд. Мӯйи сафед, чашмони камнур, қомати хамида, ожанги рӯю пешона ва асои дастонашон гувоҳӣ медод, ки онҳо ранҷи зиёд кашидаанд. Ба қавли шоир:

Пирҳо гирди ҷаҳони зиндагӣ гардидаанд,
Гарму сарди зиндагиро хуб ҳам санҷидаанд.
Ҳурмати пирон намою аз ҷавонӣ бас маноз,
Дон, ки пирон низ айёми ҷавонӣ дидаанд.

Д. НАСИМОВА


Дата добавления: 12/05/2017 15:30;   Просмотров: 1524
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку