Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПОРАИ ДИЛИ САМАРҚАНД

Оромгоҳи Боғи Лучоб дар баландии барҳавои шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. Ин ҷо аксари бузургони адаб, илм, ситораҳои санъат, арбобони давлатӣ манзили абадӣ ёфтаанд. Аз гузаргоҳи марказӣ ва соҳили дарёчаи шӯхоби Лучоб андар фарози оромгоҳ санги мазори шоири машҳури сулҳпарвари ҷаҳон Мирзо Турсунзода намудор мегардад. Гӯиё ин шоири тавоно аз номи ҳамаи мадфанони ин қабристон, ки ҳама аҳли фазлу адабанд, мисраи обдори худро такрор месозад:
«Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор!»

Чун вориди оромгоҳ гардидем, рӯ ба рӯямон мақбараҳои ду шахси азизу бузург Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров бо салобати ба худ хос моро марҳабо гуфтанд. Аз ҷониби рост ду қабри ҳанӯз навтари шоирон Қабри Бозор Собир ва Мӯъмин Қаноат ҷой гирифтааст. Ба Бозор Собири дар мусофират ҷондода, ки ҳанӯз ду моҳ сипарӣ шудааст, аллакай санг гузоштаанд.Баробари ба тарафи чапи мазор тоб хӯрдан, сафи қабрҳо аз устодон Лоиқ Шералӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Малика Собирова, Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар. Камол Айнӣ, Муққаддама Ашрафӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Қутбӣ Киром, Нигина Рауфова, Шодон Ҳаниф, Фотеҳ Ниёзӣ гузашта, ба мазори файзосори фарзанди фарзонаи Самарқанд, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Фазлиддин Аминович Муҳаммадиев, ки агар дар қайди ҳаёт мебуд, шефтагони осори оламшумули ӯ 90 - солагии мавлудашро ҷашн мегирифтанд, расидем. Дар ин лаҳзаҳо ба ёд меояд, ки оғози фаъолияти меҳнатии устод, даврони наврасиву ҷавонии ӯ дар ноҳияи мо гузаштааст. Аниқтараш, Фазлиддин Муҳаммадиев дар хоҷагии ҷамоатии «Париж Коммуна» (сонитар колхози ба номи В.В. Куйбишев), ки раисаш яке аз хешовандони ӯ Қиёмраис Ашӯрови Мӯлиёнӣ буд, табелчигӣ кардааст.
Агарчӣ устод дар гузари Ялангбек тавлид ёфта, дастпарвари мактаби миёнаи рақами 15 - и шаҳри Самарқанд буд, худро миёни дӯстони деҳотиаш ва кишоварзони хоксору хокпош озодвор ҳис мекард.. Чӣ тавре, ки устод дар асари тарҷумаиҳолии худ - «Писари газета» менигорад, ӯ соли 1946 ба Сталинобод – Душанбеи имрӯза ҳамроҳи бародараш – аввалин нотиқи радиои тоҷик Абдулҳамид Муҳаммадиев рафтааст. Фаъолияти меҳнатиаш чун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (минбаъд – «Тоҷикистони Советӣ», ҳоло – «Ҷумҳурият», 1947-1949) сар шудааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий (Москва)-ро хатм кардааст (1962). Минбаъд дар вазифаҳои котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон», 1951-1954), муҳаррири рӯзномаи «Газетаи муаллимон» (ҳоло – «Омӯзгор», 1954), мудири шӯъбаи маданият ва маърифати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1954-1955), котиби масъули маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло – «Фирӯза»), «Хорпуштак» (1955-1957), мудири шӯъба, котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» (ҳоло – «Садои Шарқ», 1957-1960), муҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» (1962-1964), узви коллегияи сенариянависони Киностудияи »Тоҷикфилм» (1965-1966), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1967-1968), мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ (1969-1973), сармуҳаррири Комитаи давлатии ҶТ оид ба синамо (1973-1976), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978-1981) кор кардааст. Аввалин ҳикояҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри мозӣ чоп шуда, дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабақу соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Муҳоҷирон» (1958) гирд омадаанд. Баъдан қиссаҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (1960), «Одамони кӯҳна» (1963), «Бибизайнаб» (1964), «Дар он дунё» (1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии Япон» (1982) «Варта» (1983), маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (1990)-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд. Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш «Дӯстон – тоҷи сар» пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз беҳин намунаҳои навъи мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. ҳамаи асарҳои ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980)-ро офаридааст. Филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст. Драмаи «Арӯси охирини амиралмӯъминин» (1963)-ашро Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил «Зарбаи аввалин», қиссаву романҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Дуроҳаи бӯронӣ» ва «Алвидоъ, Гулсарӣ!», романи А. Қаҳҳор «Модарони меҳрубони ман» ва ғайраро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.
Дар бораи забон ва услуб, ҳунари баланди эҷодии устод Фазлиддин Муҳаммадиев ин ҷониб ҳангоми дифои рисолаи хатмии донишгоҳ, ки мавзӯъ «Писари газета»-и Фазлиддин Муҳаммадиев – асари тарҷумаиҳолӣ» буд, (роҳбари илмӣ А.Қамарзода) баҳои олимони суханшинос С.Табаров, К.Раҷабов, А.Сайфуллоев, М.Муллоҷоновро хуб дар ёд дорам:
«дар очерк аксаран ҳамон ҷавҳари зиндагӣ асоси мавзӯъро ташкил мекунанд, ки онҳоро худи нависанда бевосита дида, мушоҳида карда, дар бораи онҳо тасаввуроти муайяни худро дорад ва ба онҳо Фазлиддин Муҳаммадиев дуруст баҳо дода метавонад».
« Фазлиддин Муҳаммадиев оиди масъалаҳои иқтисодиёти колхозӣ» сухан ронда, зимни таҳлили онҳо «характер ва хусусиятҳои каҳрамононро мекушояд»
« Баъзе қаҳрамонони асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ягон корномаии фавқуллода, ягон хизмати бузург нишон надиҳанд ҳам, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият сазовори пайравию эҳтиром мебошанд»
Дар радифи ин баҳоҳо хонандаи нуктафаҳм низ Фазлиддин Муҳаммадиевро Чингиз Айтматови адабиёти тоҷик медонад.
Сад дареғ, ки Фазлиддин Муҳаммадиев 16-уми октябри соли 1986 бар асари кордзании чанд тан авбош дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон дода, ҷасадаш дар оромгоҳи Боғи Лучоб ба хок супорида шудааст. Ва ин хоки Лучобе, ки фарзандони самарманди Самарқандро ба оғӯши худ гирифтааст, бешак пораи дили Сайқали рӯи замин аст.
То қарибӣ мактаби рақами 38 –и ноҳияамон (81-и собиқ) номи устод Фазлиддин Муҳаммадиевро дошт. Умед аст, ки минбаъд дар Самарқанд кӯчае ба номи ин адиби нотакрор гузошта мешавад.

Озод ҲАМИДЗОДА
Дар акс: муаллиф дар назди мақбараи Фазлиддин Муҳаммадиев


Последнее редактирование: 20/07/2018 15:31;   Просмотров: 1202
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку