Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“ПУЛ ЧИДА БИЁ, ЁРАТ МАНАМЕ”

Хонандаи азиз! Шояд Шумо баробари хондани сарлавҳаи ин навиштаҳо гумон мебаред, ки муаллиф раққосаҳои тӯйгард ва ё отарчиҳои камсаводро зери тозиёнаи танқид гирифтанист. Он муаммоҳо бо роҳи худ... Ҳоло назари дақиқ ва афкори мӯшикофонаи шуморо сӯи масъалаи аз ҳама нозук, ки бори ору номус, иззати нафс, ғуруру ҳастии мардро бар дӯш дорад, бурданӣ ҳастем.

Ин атвори нораво рӯз аз рӯз ба дараҷаи “маданияти оммавӣ” расида, оилаҳоро ба беқурбӣ мебарад. Аниқтараш, воқеаеро баён месозем. Худ хонеду андеша ронед:
... Ҷавонзане дар саҳни тӯйхона мерақсид. Дуруст, дигарҳо ҳам мебозиданд, кафкӯбӣ мекарданду дар ҳавои мусиқӣ арғунҷ мерафтанд. Соҳибтӯйҳо, меҳмонони доро пул мечаспонданду аз санъаткори давра сурудҳои шӯхтарро мепурсиданд. Аз ин имконият он бону бештар истифода мебурд. Даста-даста пул ҷамъ мекарду ба писараке медод. Писарак пулҳоро хандон мегирифту тозон ба халтачаи мизи модараш нишаста бурда мерехт. Ин ҳолат борҳо такрор мешуд. Ба хиромиданҳову чархиданҳо ва дастфишониву пойкӯбиҳои ин меҳмони раққос бахусус “сармасту махмурҳо” масрур мешуданду бо нигоҳи шаҳватбор пул мечаспониданд. Ҳатто раққосаи давра аз касодии бозори ҳунараш бадқаҳр шуда, ба ҷойи муқаррариаш рафта нишасту дигар нахест.
Пас ҳолдоне гуфт, ки ин бону зани фалонӣ аст. Ба занаш барои тӯйравӣ ба шарте ҷавоб медиҳад, ки аз тӯй пул кор карда оянд. Ана шарту мана шароит.
Худи он “мард”-ро ба тӯю маъракаҳо аз боиси бадмастиаш хабар намекунанд. Ӯ ҳунари тӯйвайронкунӣ доштаасту бонуяш ободгар! Қоил!
Марди огоҳ суханваре ҳам будааст, ки гуфт:
- Пештар суруде буд:
Гул чида биё, ёрат манаме,
Хандида биё, зорат манаме!
Акнун ин байт чунин таҳрир ёфтааст:
Пул чида биё, ёрат манаме,
Рақсида биё, зорат манаме!
Биёед, азизон пеши чунин рафтору атворро, ки одати бешарафона аст, бигирем!

Н.Дилрабо


Последнее редактирование: 13/09/2017 14:33;   Просмотров: 1520
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку