Башораткелин чун ҳарвақта саросема ба хонаи дугонааш даромад.
- Ба одамҳо меҳру муҳаббат намондааст, дугон! - гуфт бо қаҳр. - Моҳтобхон ба суннаттӯйи наберааш маро хабар накард. Гӯё акнун дар ресторан занҳои синнашон аз 60-сола болоро намемондаанд!
- Дуруст, дугонаҷон, - сухани ӯро тасдиқ намуд Адолаткелин. - Тӯю маъракаҳо камхарҷ гардид. Ин ба ҳама маъқул. Аксар солҳои дароз дар кишварҳои хориҷа мардикорӣ карда, пули ҷамъовардаашонро дар як рӯз бар бод медоданд. Аз сабаби дабдабабозию маъракаороии зиёдатӣ синни духтарону ҷавонон ба балоғат расида бошад ҳам, оиладор намешуданд. Ҳоло тӯйҳо бо 200-250 нафар наздикони оила хеле зебо мегузаранд.
- Дугон, пештар маро ба тӯй хабар накунанд ҳам, набераамро ҳамроҳ гирифта мерафтам-дия. - бо афсӯс сар ҷунбонд Башораткелин. - Акнун мардумро бо таклифномаи рақамнок ба тӯй хабар мекардаанд. Ҳар як ҷой соҳиби худро доштааст.
- Ҳа, ҳамту. Барои ҳамин хислати "некатон" лақаби Пулкашакро гирифта будед. Ҳоло тӯйи ақди никоҳро бо ду хел хӯрок мегузаронанд. Дар тӯйи суннатӣ ба меҳмонон савғотӣ намедиҳанд...
- Оббо, ман ба соҳибтӯй панҷ ҳазор сӯм медодаму хуб зиёфат мехӯрдам. Боз исроф нашавад, гуфта, неъматҳои зиёдатии рӯйи дастархонро ба сумкаам меандохтам...
- Э, ҳазор лаънат бар ҳамин одати шумо! - ҷаҳл намуд Адолаткелин. - Аз рафтори шумо ҳамсояҳо шарм медоштем. Ҳангоми даромадан ба тӯйхона дар дастатон ҳеҷ чиз намешуду вақти баромад сумкаи калонро базӯр бардошта мерафтед. Сумка аз куҷо пайдо мешуд, ҳама ҳайрон...
- Сумкаи аз тӯрбаи орд дӯхташударо майдекак таҳ карда, ба қафаси синаам руст мекунаму баъд дар авҷи рақсу бозӣ онро гирифта, дарунашро пур мекунам-дия. Нозу неъматҳои рӯйи дастархон исроф нашавад, мегӯям-дия!
- Ба набераатон ҳам касбатонро ёд додаед! Вай ҳам рақс намуда, пул мечинад. Назди тӯйдорон рафта, рақс мекунад, ки пул диҳанд. Ба чидани пулҳои аз сари арӯсу домод пошида усто шудаанд. Вай бо як сумкача пул аз тӯйхона меравад.
- Аз ҳар тӯй камаш 300-500 ҳазор сӯм меовард. Бечора бачем барои харидани мошини сабукрав пул ҷамъ мекард...
- Ба набераатон китобхониро ёд диҳед, пулчиниро не. Илму ҳунарро аз худ кунад, беҳтар. Акнун мардум ба исрофкорӣ роҳ намедиҳад. Ба номи фарзандони худ дар бонкҳо суратҳисоб кушода, маблағи зиёдатиро ба он ҷамъ мекунад.
- Ман ҳам тӯй кунам, бо 200 кас мегузаронам? Ба тӯйҳои зиёд рафтаам-ку! Онҳоро хабар накунам, қаҳрашон намеояд? - хаёломез пурсид Башораткелин.
- Қонун барои ҳама-баробар!
- Истед-истед, онҳо ҳам маро хабар накунанд, магар меҳру оқибат аз байн намеравад? Тӯёнадиҳӣ чӣ мешавад?
- Баръакс, меҳру муҳаббат байни хешовандон боз ҳам мустаҳкам мешавад. Баъди гузаштани тӯй самбӯсаи гармакак ё чизи дигар мепазеду ба хонаи тӯйдор меравед. Тӯёнаро ҳам ҳамон рӯз месупоред.
- Ҳа, бозори пулкашакҳо касод шуд...
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.