Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РАФТАНДУ РАВЕМУ...

Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
Ҳар як паи ҳамдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.

Сокини маҳаллаи Ангаралмос, яке аз пирони ботадбири Ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Даштаки боло шодравон Умарбобо Муинов низ ба абёти пири доноёни олам - Хайём таваҷҷӯҳи ҷудогона дошт ва мегуфт, ки ин шоири ҳамноми ман ҷони гапро гуфтааст. Одам агар аҷал расад, ман ҷавон ё пир шудам гуфта наметавонад. Бо навбат рафтан мегираду дигарон дар навбати худ омадан мегирифтаанд. Ҳеҷ кас ба дори дунё сутун нашудаасту мо ҳам сутун нахоҳем шуд. Ин умри дарози мо низ як рӯз не, як рӯз ба охир мерасад. Ба ҷойи мо боз Умарҳои дигар меоянд. Барои ҳамин, Маҳаллатиёни азизам, қадри якдигар бидонем, ки ҳоло дар дунёи рӯшан ҳастем. Он тарафаш ба Худо вобаста...
Ӯ деҳқон буд, вале баъзан фикрҳои кайҳониву файласуфӣ дошт. Агар турна дар баҳорон паст парад, чӣ мешаваду дар баландӣ бошад, чӣ ҳол рӯй медиҳад. Хурӯс нимашаб бонг занад, чӣ хосият дорад. Оби дарё кафк дошта бошад, чӣ шуданаш мумкин. Ӯ ба ин саволҳо бо мисолҳои равшани ҳаётӣ ҷавоб медод. Гиреҳи мушкилписанди корро бо лутфи латифи маҳаллатиёна ба ханда мебурд. Чунин инсони фозил 28-уми феврали соли ҷорӣ аз ин олам даргузашт. Зиндагии ибратбахши ӯ бошад, раҳнамои рӯзгори маҳаллатиён гардид.
Умар Муинов соли 1925 дар маҳаллаи Ангаралмос дида ба дунё кушодааст. Бо вуҷуди вазнинии шароити зиндагӣ савод баровард. Деҳқонзода, ки буд, деҳқониро пеша намуд. То охири умр анъанаҳои беҳтарини кишоварзиро ба атрофиён меомӯзонид. Ӯ ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш ҳафт нафар фарзанд: чор нафар духтар ва се нафар писарро ба камоли одамӣ расонид, соҳиби хонаву дар кард. Аз худ номи нек ба ҷаҳониён мерос гузошт. Дар сари турбати ӯ баробари фарзандон 21 нафар набера, 43 нафар абера, чор нафар чабера гирёну нолон монданд ва ӯ дар синни 94 - солагӣ аз дунё даргузашт. Ёди чунин инсони нек, деҳқони покизасиришт, пири ботадбир дар дилу дидаи мо ҷовидона боқӣ мемонад.

Мавлуда МАННОНОВА, раиси комиссияи
оштисозии шӯъбаи
ноҳиявии Маркази "Оила", келини калонии хонадон


Последнее редактирование: 05/04/2019 15:16;   Просмотров: 1031
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку