ё худ манбаи даромади бачаҳо...
Баҳор ба Самарқанди азизи мо гӯиё бо таронаи Бойчечак фаро мерасад. Мардум пас аз шунидани тарона ба истиқболи Наврӯз омодагӣ мебинанд. Хонабаророн (баровардани амволи хона, таконидани қолинҳо, дар офтоб паҳн кардани кӯрпаву болиштҳо ва амсоли он), тозаву сафед кардани деворҳо ва танаи дарахтон, шинонидани ниҳол, пухтани суманак, пӯшидани сару либоси тоза суннатҳои ин ҷашн маҳсуб мешаванд.
Охири моҳи январ ба дами дарвозаи манзиламон ду писарбачаи тақрибан 10-12 - сола даромаданд ва ба сурудхонӣ сар карданд:
- Бойчечак, бойчечак…
Соат тақрибан 11-и рӯз буд, яъне вақти дарсхонии мактаббачаҳо. Бачаҳо ҷузвдонҳои мактабиро дар пушташон паноҳ медоштанд. Дар дасти яке аз онҳо бойчечак буд.
Ба чашмонам бовар накардам. Бойчечак одатан дар фарҷоми фасли сармо, вақте ки ҳаво нарму замин қадре гарм мешавад, аз замин сар мебарорад.
- Инро аз куҷо ёфтед? - бо ҳайрат пурсидам ман.
- Ба мо аз домани кӯҳҳо чида оварданд, - гуфт писараке, ки дар даст гул дошт.
- Шумо дар кадом мактаб мехонед ва чаро дар вақти дарс ба чунин корҳо машғул ҳастед? Сониян, бойчечакро як касу ду кас гирифта намегардад, одатан барои ин кор 10-12 бача ҷамъ мешавад, хона ба хона гашта, як нафар суруд мехонад, дигарон ба нақарот ҳамроҳ мешаванд. Мақсад аз чунин гулгардонӣ табрик кардани одамон бо фарорасии фасли баҳор аст. Шумо бошед, дар чиллаи зимистон бойчечакхонӣ омадед, - гуфтам ман. Ҳатто ронданӣ ҳам шудам, вале бачаҳо ноумед нагарданд гӯён чанд сӯм ҳадя додам. Охир онҳо кулчаву қанд ё чизи дигар намегиранд. Танҳо - пул!
- Қимоб кардетон. Сари роҳ, дар бозор, кӯча, ҳама ҷо "бойчечакгӯӣ". Айба намедонед, равед, мактабро нағз хонед. Бегоҳӣ 10-15 нафар ҷамъ шаведу баъд хона ба хона гашта, "бойчечакхонӣ" кунед. Лекин гуфта монам, ҳоло ба омадани баҳору бойчечакхонӣ барвақт, - шунида шуд ин дам овози мӯйсафеди ҳамсоя ва афзуд:
- Ин бачаҳо ҷамъ шуда, хона ба хона намегарданд, зеро соҳибхонаҳо ба инҳо қанду қурс, нону ширинӣ доданашон мумкин, вале ин бачаҳо пул кор кардан мехоҳанд. Ба фикрам, бойчечакҳоро дар гармхонаҳо парвариш карда, аз вақташ барвақттар сабзонида, онро ба воситаи пулситонӣ табдил додаанд, - бо кароҳат даст афшонда, гуфт мӯйсафед.
Гуфтаҳои таҳдору дилсӯзонаи мӯйсафед маро ба андеша водор кард.
Бойчечак рамзи баҳор аст, маросими мавриди назар аз суннатҳои қадима буда, он таърихи бисёрҳазорсола дорад. Биноан, ба падару модари чунин бачаҳо ва муаллимонашон муроҷиат карданиам:
- Ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надиҳед, ки ин маросими зебои гулгардониро ба воситаи пулёбию пулситонӣ табдил диҳанд.
Ҳ.НАРЗУЛЛО
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.