Маҳаллаи Чоршанбе бо бузургмардони шарифаш, ки дар арсаи маърифату маданият, илму адаб ва ҳунар хидматҳои шоиста кардаанд, ифтихор дорад. Муаллими муаллимон , омӯзгори эҷодкор, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Рауф Қодиров аз ҷумлаи зиёиёни машҳури олами адабу фарҳанги Самарқанд буд. Марги беамон муаллими мӯҳтарам Рауф Қодировро рӯзи 31-уми январи соли 2020 дар синни 90-солагӣ аз байни мо бурд.
Устод Рауф Қодиров 11-уми апрели соли 1930 дар деҳаи Чоршанбе дида ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактабҳои рақамҳои 34 ва 16-и зодгоҳ соли 1952 таҳсили олиро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд гирифтааст. Ӯ чун филолог, донишманди соҳаи забон ва адабиёти тоҷик ҳанӯз дар курсҳои болоии донишкада ба донишҷӯёни соли аввал дарс гуфтааст ва умре чун омӯзгор мондааст. Фаъолияти муаллимии устод Рауф Қодиров аз мактабҳои ноҳияҳои Сариосиё ва Узуни вилояти Сурхондарё сар шуда, дар ин мактабҳо то ба вазифаи мудири қисми илмӣ кор кардааст. Вазъи оилавӣ муаллими ҷавон Рауф Қодировро водор намуд, ки соли 1960 ба ватан баргардад. Ӯ муаллимиро дар мактаби рақами 57-и деҳаи Маданият давом дод. Ӯро соли 1962 дар мактаби машҳури рақами 44-и Абдулқодири Шакурӣ чун муаллими забон ва адабиёти тоҷик даъват намуданд. Пас аз чанде ӯ муаллимиро дар мактаби рақами 14-и маҳаллаи Навбоғчиён давом дод. Фаъолияти охирини муаллим аз соли 1969 то 1994 бо мактаби рақами 95-и деҳаи Хаймар, ки ҳоло рақами 12-ро гирифтааст, вобаста мебошад. Ӯ дар ин мактаби бонуфуз ҳамроҳи Ҳасан Наҷмиддинов, Олимҷон ва Солеҳҷон Орифӣ, Собирҷон Ҷабборов ва дигарон барои пойдории илму адаб дар таълимгоҳ заҳмати зиёд кашид. Муаллим Рауф Қодиров чун ҷонишини директор доир ба масъалаҳои маънавият ва маърифат барои боло рафтани нуфузи маънавии шогирдони мактаб ҳиссаи арзанда гузошт.
Устод Рауф Қодиров дар маҳалла низ обрӯву эътибори махсусро соҳиб буд. Ҳамаи фарзандони муаллим аз аҳли маорифу маданият ҳастанд. Ба дили онҳо меҳри китоб, адабиёт ва одамиятро бо шеъру ғазал ва ҳикоёти ҳаётӣ худи муаллим андохтаасст.
- Бобоям инсони заминӣ ва самимӣ буданд. Касе, ки китоб хонад, ба саволҳояшон ҷавоб дода тавонад, чун ғолиб эълон карда, рағбатнок месохтанд. Дар зодрӯзамон китоб тӯҳфа менамуданд. Бо аҳли идораи рӯзномаҳо, шоиру нависандагон робитаи мустаҳкам доштанд. Худ низ мақолаву шеър, ҳикояҳо менавистанд. Дар тарбияи маънавии мо ҳиссаи калон гузоштаанд,- ёдовар шуд набераи устод Муҳаммад Набиев.
Барҳақ, симои муаллим Рауф Қодиров чун пири хирад, фаъоли ҷамъият ва муаллими муаллимон дар хотири мо солҳои дароз боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ аз даргоҳи Худованд ба аҳли хонадони муаллим ҳамдардии самимӣ изҳор менамоем. Бигзор, хонаи охирати устод обод бошад.
АҲЛИ МАҲАЛЛАИ ЧОРШАНБЕ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.