Аз Мӯлиён асозанон пире меомад дар анҷуману маҳфилҳо. Чун Рӯдакӣ ришу бурути кӯтаҳу зебое дошт ӯ. Чун «Одамушшуаро» оташвор ҳарф мезад. Аз нобасомонии маданияти миллии атрофиён, худношиносиву хештанбехабарии як идда ҷавонон бо сӯзу гудоз сухан мекард.
Аз нобасомонии маданияти миллии атрофиён, худношиносиву хештанбехабарии як идда ҷавонон бо сӯзу гудоз сухан мекард. Таърихи Мӯлиёну ҷӯий хушкидааш, Талибарзуву тепаи харобгаштаашро хуб медонист. Ҳамаро ба илмомӯзиву ҳунармандӣ даъват менамуд. Ӯро симо Рӯдакивору гуфтор Рӯдакивор буд. Тафовут миёни Рӯдакиву вай дар он, ки ӯ аз пирӣ шикоят накарда, ба камолоти умр расид. Шояд хонандаи нуктафаҳм дар аҷаб аст, ки муаллифон дар бораи кӣ сухан мегӯянд?! Азизон, ҳоло дар бораи рӯзгори пурҳикмати бузургмарди сар то по хирад, устоди садҳо омӯзгорон, муаллими ҳазорҳо толибилмон, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, қомуси зиндаи саргузашти садсолаи халқ, шодравон Эшони Убайдуллоҳхон Нарзиев ёдномае баён сохтанием. Эшони Убайдуллоҳхон Нарзиев 18 уми апрели соли 1922 дар деҳаи қадимтаърихи Мӯлиён дар оилаи косиби ҷувозкаш Эшони Нарзихон, ки писари Ҳоҷӣ Зикриёхоҷаи донишманд буд, ба дунё омадааст. Барои саводомӯзии Убайдуллоҳхони наврас пеш аз ҳама модари адабдӯсту саводнокаш Саҳобахонбибӣ бештар ғамхорӣ зоҳир кардааст. Бибии Саҳобахон бо вуҷуди резапайкару хурдҷусса будан, пиразани меҳнаткашу зукко буд. Эшони Убайдуллоҳхон солҳои 1931-1937 саводи ибтидоиро аз мактаби таҳсилоташ ҳафтсолаи рақами 19-и Равонак гирифта, донишҷӯи Дорулмуаллимини тоҷикии Самарқанд шудааст. Пас аз хатми он чун муаллими синфҳои ибтидоӣ ба фарзандони деҳаҳои Шӯрбоиву Талибарзу дар мактаби рақами 4-и собиқ ноҳияи "Комсомол" дарс дод. Ба даъвати Ватан лаббай гӯён моҳи июни соли 1942 ба майдони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шитофт ва то моҳи феврали моли 1946 дар ҷанггоҳ буд. Даҳҳо маротиба ба гирифтани ордену медал ва ифтихорномаҳои ҷангӣ сазовор шуд. Вақте ки аз ҷанггоҳ ба Самарқанд баргашт, дар Шаҳри нав бо додараш Файзуллоҳхон рӯ ба рӯ омад. Ҳамроҳ сӯи Мӯлиён роҳ гирифтанд, зеро онҳоро падару модар ва додару хоҳарони дигар Исломхону Ҳабибахон ва Ҳалимахону Мӯъминахон интизор буданд. Модар аз хурсандии он, ки писари пас аз ҳашт соли интизорӣ ёфтаашро аз коми марг сиҳату саломат дид, хеле шод гардид. Бо пои луч то саргаҳи деҳа рафта, шоҳписарашро истиқбол гирифт. Падар низ гӯсфанди ягонаашро дар пои фарзанд қурбонӣ кард. Деҳқонони ҳоҷагӣ бо сарварии раиси ҳамонвақта Масеҳ Вафоев омада, аз корномаи муборизи Ватан-Убайдуллоҳхон ифтихормандона ҳарф заданд. Пас аз ҷанг низ Убайдуллоҳхон Нарзиев ҳаёти худро бо кори педагогӣ пайваст. Аз муаллими оддӣ то дараҷаи мудири илмӣ ва директорӣ расид. Барои мустаҳкам кардани дониши худ факултаи филологияи тоҷик ва ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло СамГУ), ва Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм намуд. Пас аз чанде ба гулдухтари зебо Муназзарахон Барнохоҷаева, ки баъдтар зиёда аз 50 сол дар мактабҳои 9 ва 42-и ноҳия муаллимӣ кард ва насаби Нарзиеваро гирифт, хонадор шуд. Ҳар хурсандиву нокомии ҳаётро ба ҳам аз сар гузарониданд. Ҷамшедхон (шодравон), Шоистахон, Манзурахон, Мақсудахон, Ҷавоҳирхон, Сарвархон, Зикриёхонро чун муаллиму духтур ва устои ҳунарманд ба камол расониданд. Худи устод Убайдуллоҳхон Нарзиевро ба кори роҳбарии таълими вилоят, директории Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии ходимони таълими халқи вилоят гузарониданд. Ва чанде директори мактаби рақами 2- и шаҳр буд. Пас аз нафақа раиси Нурониёни Мӯлиён интихоб карданд. Эшонбобо то дами вопасини умри азизи худ бо китобу коғазу қалам ҳамрозу ҳамдам буд. Чароғбони хонадонаш устои гулдаст, кенҷаписар Зикриёхон, ҳамсари покдомону фариштахислати ӯ Фотимахон келин духтари Шукуруллохони Вализода, наберагони илмдӯсту забондон ва ҷаҳоншиносаш Иноятиллову Нусратиллохон, Шаҳнозахону Меҳриддинхон, Савлатхону Сарватхон, Мавлудахону Моҳирахон Дилшодахонро ба илмомӯзӣ давъат мекард ва мегуфт, ки бояд модаркалонашонро эҳтиром намоянд.
Рӯзи охирини рӯзгори Эшонбобо низ ибратангез буд. Бо наберааш Фараҳбону дар барои дӯстдории Ватан-Модар иншое навишта, ба охир расонид. Чун сари дарвоза баромад, дид, ки ҳамсоягон ба маъракае раҳсипоранд. Устодро низ даъват намуданд.
- Азизонам, бо ҳамон табассуми зебо гуфт Эшонбобо, - шумо ба тӯй рафтан гиред, ман ба қабристон барои абадият меравам!
Ҳама ҳайрон монда роҳи худро сӯи маърака давом доданд, вале дар бозгашт фаҳмиданд, ки Убайдуллоҳхон Нарзиев аз олами фонӣ даргузашта, ба абадият пайвастанд. Гӯё устод бо ҷони худ саъдиёна хайрухуш мекард:
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Латифҷон РАҲИМӢ
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.