РӯШАНГАРИИ “ҒИРҒИРАК” ВА “ТАСМАБОЗӣ”
Бо пайғоми фараҳбахши дар субҳи пур аз умеду орзуҳои рӯзи одина аз шаҳри Самарқанди бостон ба камина занги задани устод ҷумаъ Ҳамро, олимаи адабиётшинос Дилшодаи Фарҳодзод сурур бахшид. Аз гуфтаҳои мубоҳисон равшан гардид, кидар ҳамин шабу рӯз олимони мардумшиноси тоҷик бо ҷамъ ва гирд овардани бозиҳои хурдаракону наврасони асарҳои Садриддин Айни сару кор доранд. Бо аҳли илму адаб барои амали нек ташаккур мегӯем ва офарин мехонем.
Бар ӯҳдаи камина вазифа вогузошта шуд, ки дар хусуси “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” маълумоти чашмунтазирро дастрас намоям. Мисли аҳли илму адаб бо нуктасанҷӣ асарҳои Садриддин Айнӣ ва “Луғати лаҳҷаи Бухоро”-ро варақ задам. Аз он сарчашмаҳо, яъне аз асарҳои Садриддин ба ғайр аз номи бозиҳо дигаре чизеро пайдо карда натавонистам. Пас маҷбур гаштам, ки бо якчанд нафар мардум ҳамсӯҳбат шавам. Бо Чориева Саодат (синну солаш 89), Асад Гулзода (синни солаш 87), Чориева (Рашидова) Шарофат (синну солаш 87), Савриев Ҳомид (79), Солиев Солибой (синну солаш 73), Насимов Баҳодур (синну солаш 63), Чориев Али (синну солаш 56), Ёраева Дармон (синну солаш 53) ҳамсӯҳбат гаштан насиб гардид. Мубоҳисон ҳар чизе ки медонистанд, баён менамуданд. Нақлу гуфтори эшон барои баён намудани “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” шароити фароҳамро ба майдон овард.
“Ғирғирак” вожаи лаҳҷавист, ки истеъмоли он дар лафзи мардуми Бухоро мушоҳида карда мешавад. Вожаи мазкур аз ду ҷузъи ҳамшабеҳ (ғир-ғир) ва пасванди -ак таркиб ёфтааст, ки он дар забони адаби маънои “чархак”-ро ва дар шакли муҷаррад (ғир) ҳамчун феъли фармоиш маънои “чарх задан”, “гирд гаштан”-ро ифода менамояд. Ғирон (чарх занон), ғирид (чарх зад), ғирондам (чарх занондам), меғиронӣ (чарх мезанони), тез (суст) ғирид (тез (суст) чарх зад), ғир (чарх зан), меғирад (чарх мезанад), ғиридас (чарх задааст), ғиридани (чарх задани), ғиридаги буд (чарх задаги буд), намеғирад (чарх намезанад), ғириданаш мумкин не (чарх заданаш мумкин не), як бор меғиронӣ (як бор чарх мезанони), то охир мегиронӣ (то охир чарх мезанони), бисёр (кам) ғирд, (бисер (кам) чарх зад) ва амсоли инҳо бо тобишҳои луғавӣ барои ифодаи матлаб ҳангоми бозӣ чун вожаҳои такягоҳ хизмат кардааст.
“Гирғиракбозӣ” яке аз машҳуртарин бозиҳои фарзандони хурдсоли Бухоро ба шумор меравад. Номи бозӣ аз номи предмети дар ҷараёни бозӣ интихобшаванда омада баромадааст. Замоне устодони гулдасти гаҳваросози Бухоро барои фарзандони мардум аз чӯбҳои боқимондаи гардиши гаҳвора ғирғирак сохта додаанд.
Сохти ғирғирак. Қисми болоӣ то нисф гардишшакли борик, қисми поёнӣ то нисф гардишшакли ғафс, ки он аз ин ҷиҳат ба саршавӣ ва дигар қисмҳои болатарии гардиши гаҳвора якранг аст. Дарозии ғирғираки гардишшакл то 10-15 сантиметр ва қисми дигарӣ, яъне сими нимғафси нешдори як қисм ба маркази ғирғирак пайваст ва қисми дигарии чун нештар тез барои ба замин халонидан дар вақти бозӣ дар ҳаҷми дарозии 8-10 сантиметр тайёр карда шудааст. Қисми нешдори тез ҳангоми бозӣ ба замин халонидан мешавад. Ин буд яке аз воситаҳои бозӣ.
Воситаи дигарӣ тасмаи аз пораҳои боқимондаи пӯсти сутурон тайёр карда шуда мебошад. Чармагарон, пӯстиндӯзон барои ғирғиракбозон тасмаҳои на он қадор ғафсу на он қадар дарозтар тайёр менамуданд. Тасмаи дарозиаш 10-15 сантиметр ду қисмро дар бар мегирифт. Қисми аввалӣ, тасмаи борики чармин, ки он ҳангоми оғозёбии бози барои чарх занондани ғирғирак, қисми дуюмӣ гулғунчатасмаи махиннахи нарм, ки он барои бо эҳтиёткорона чарх занонидан дар ҷараёни бозӣ хизмат мекунад.
Бино ба нақли мубоҳисон анҷомҳои “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” дар бозори “Атторон”, “Шаҳристон” ва инчунин дар гузарҳои шаҳри Бухоро аз тарафи аттрон фурҒхта шудааст. Харидорон дар вақти бозор чархзанӣ шефтаи суханони тавсифии “ғирғираки беҳтарин”, “ғирғираксохти устои гулдаст”, “тасмаи гулпӯпакдор”, “тасмаи гулпӯпакдори маҳиннах” гашта барои фарзандони ғирғиракбозу тасмабозашон анҷомҳои бозиро харид мекардаанд. Фарзандон аз ин гуна амали волидон мамнун гашта бештар ҳар чи бештар ва бисёр бо “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” шуғул меварзиданд.
“Ғирғирак” ва “тасмабозӣ” бозии мавсумӣ мебошад. Он ба ғайр аз фасли зимистон да
р дигар фаслҳои сол дар байни писарбачаҳои синну сол 10-16 баргузор гардидааст. Иштирокчиёни бозӣ аз ду то чаҳор нафар мешуданд. Агар нафари иштирокчиёни бозӣ зиёд гардад, он гаҳ бозӣ бисёр тӯл мекашад. Ин амал ба бисёринтизорӣ ва дилгиргардии бозингарон сабаб мешавад.
Оғози бозӣ. Бо хоҳиши тарафайн яке аз онҳо нӯги найзадори ғирғиракро ба замин мехалонад. Пас аз мустаҳкам халонида бар замин ва таъмин намудани мувозинати мӯътадилӣ гулғунчатасмаи махиннахи нарм ба дасти чап ва қисми боқимондаи тасма ба дасти рост нигоҳ дошта ба қисми гардишшакли ғафси аз сатҳи замин баланд печонида мешавад. Пас аз итмоми амали мазкур бо чобукию шиддаткорӣ гулғунчатасмаи махинахи нарм ба сӯйи худ кашида мешавад. Аз ҳамин лаҳза ғирғирак чарх заданро сар мекунад.
Шарти бозӣ. Бозингар бо гулғунчатасмаи махиннахи нарм суръати чарх зандан ва ғурурғурона овоз баровардани ғирғиракро бояд таъмин намояд. Чунки бозингарон бештар ба суръати тези ва ғурғурона овоз баровардани ғурғурак таваҷҷӯҳ медиҳад ва эътиборашро ба он менигаронад. Аз садои шуниди ғурғур ва гардиш тезии ғирғирак атрофиён мисли бозингарон хурсанд мешаванд. Шавқу ҳавас онҳо нисбат ба бозӣ ҳам дучанд зиёд мегардад. Агар баръакс бошад он амалро намеписанданд ва бачаи бозингарро ҳам дӯст намедоранд. Маҷбур мешаванд, ки бозиро боз дошта, онро аз сари нав сар кунанд.
Қоидаи бозӣ. Барзиёд ва шунавотар гардонидани овози ғурғури ғирғирак. Агар ғирғирак бе садои ғурғур ба суръати тези чарх назанд, он гаҳ бозӣ боздошта мешавад. Ғирғирак дар вақти гирд гаштан мувозинатро гум кунад, он гаҳ бози манъ карда мешавад. Дар ин гуна маврид рақиби бозимунтазир бозиро бо назардошти талабот сар мекунад. Мувозинати мӯътадили ғирғираки тезчархи ғурғурона аз байн равад, дар ин ҳолат бозӣ аз сари нав сар мешавад. Бозингарон дар вақти бозӣ ба ғайр аз собити қувваи инкишофи ҷисмонӣ, ӯҳдабароӣ дигар чизеро аз бисоти хеш бар гарав намениҳанд.
Рафти бозӣ. Ба навбат пас аз мағлуби ва қоидавайронкунӣ ихтиёри бозиро ба рақиби бозимунтазир супоридан.
Анҷоми бозӣ. Шахси ғолибро барои маҳорати бемисл аҳсан гуфтан. Чобукӣ ва ӯҳдабароии ғолибро эътироф намудан ва инчунин ҳамчун “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” беҳтарин эълон намудан.
Дар айни замон бо тағйири ҳодисаи савтиёт вожаи “ғирғирак” дар шакли “гиргирак” талаффуз карда мешавад. Дар ифодаи маъно бетағйир асл боқӣ мондааст. “Гиргирак”и лафзии мардуми Бухоро аз “гиргирак”и дар таркиби луғавии забони форсӣ буда, тафовут дорад. Чунин шарҳи форсии “гургурак” (Дар луғати форсӣ: бозичаи аз қоғаз сохта ба нӯги чӯб шинонда, ки вақти ба пеш ҳаракат додан чарх мезанад) боз ҳам гуфтаҳои моро равшантар мегардонад. Бозии якранги “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” бо ёдоварии ду ном дар байни хурдтаракон ва наврасони Бухоро маълуму машҳур гашта будааст, дар замоне.
Таваккал Чориев,
номзади илмҳои филология, профессор
Последнее редактирование: 06/06/2020 08:39;
Просмотров: 739