Падарам Мустафоқул Ҷумъаев инсони заминӣ буданд. Бе ҳеҷ лофу газоф ва ҳамҳамаю дабдабаҳо ҳарф мезаданду меҳнат менамуданд.
Агарчӣ аъзои фаъоли хоҷагии ҷамоатии ба номи В.В.Куйбишев (сонитар «Самарқанд»), боғбони бемористони касалиҳои чашм ва посбони маркази табиатшиносон ва сайёҳони ҷавони вилоят буданд, аз ҷавонӣ бо хару ароба ба мардум хизмат мерасониданд. Падарам бо қаҳрамонмодарам Ҳамроҳбибӣ Тошмуқумова зиндагии хуб доштанд. Қиблагоҳам аз аробакашҳои хайрандешу накӯкор буданд, ки агарчӣ ҳоло аз даргузашташон солҳо сипарӯ мегардад, мардум ному кори он касро ба некӣ ёд мекунад. Агар падарам дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯзҳо ба синни мубораки 90 мерасиданд. Ҳоло хотироте чанд аз рӯзгори ибратангези падар иншо мекунам:
ХОНАХАРӢ
... Рӯзе дар истгоҳ падарам бо як марди музтару сархам рӯ ба рӯ меоянд ва ҳол мепурсанд.
- Амак,- арз мекунад он мард, - бо сабаби ба аҳволи ночору ногувор афтодаам бояд дар бадали як-ду рӯз хонаро ба додаронам супорам. Акнун ҷои мерафтагӣ надорам. Барои зану фарзандонам сарпаноҳе нест. Барои иҷора манзил мекобам...
- Мушкиле нест, ки осон нашавад,
Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, - мегӯянд падарам. – Шумо одами нағз барин метобед. Ман ба шумо ёрӣ медиҳам. Барои мард иҷорашинӣ намезебад, якбора хона мехарем. Ман ба шумо ёрӣ медиҳам. Пагоҳ саҳар худи ҳамин ҷо вомехӯрем.
Аз ин сухани пирамарди хоксор он мард дар ҳайрат мемонад, ҳатто бовариаш намеояд ва мегӯяд:
- Амак, ман қути лоямуте надошта бошам, шумо каси ба ман бегона бошед, ман чӣ тавр соҳиби манзил шуданам мумкин аст?
- Эй, ука, лутф мекунанд падарам. – Аввалаш дар олам одами бегона нест, дуюмаш як кас гуфта будааст, ба қарз зан гирифтам, қарзро додам, зан ба фоида монд. Шумо ҳам имкон, ки ёфтед, мегардонед.
...Рӯзи дигар он мард нобоварона ба ҷои ваъдагӣ омад, ки падарам аллакай омадаанд. Ҳатто манзил ҳам ёфта, ба он мард харида доданд. Рӯзе дар назди дарвоза бо ҳамсояи наздикашон сӯҳбат доштанд, ки он мард гӯсолаеро кашолакунон ба сӯяшон меояд. Бечора ҷонвар аз лоғарӣ базӯр ба по меистоданд.
Амак, - мегӯяд ӯ. - Ҳамин молҳоро поед, фарбеҳ шавад қарзамро меканам.
Падарам аз канаби гов дошта, ба хона дароварданӣ мешаванд, ки ҳамсоя мегӯяд:
- Мустафоқулака, зиқ нашавед, шумо ҳоло тӯйи набераҳои ин одамро ҳам гузаронида медиҳед. Ин чӣ ҳолат аст, ки ба ҷои як дар хонаву ҳавлӣ як гӯсолаи риҳин?!
- Ҳеҷ гап не, - мегӯянд падарам. – Ба олам одам як бор меояд, бояд некӣ кунад.
Баҳақ, некиҳои падарамро ҳадду канор набуд.
ХАР ҲАМ ФАҲМИД
Рӯзе падарам ба як мизоҷи тунду мумсик аз роҳи дур коҳу ҷав меоранд. Он мард пули андакеро ба кисаи падарам андохта, истеҳзоомез мепурсад:
- Мустафоқулака, харатон чаро ин қадар каллаашро хам карда, сарак-сарак мекунад?
- Эй ҷӯра, шарм надоред, аз сахтакии шумо харам ҳам огоҳ шуд. Фаҳмид, ки хаққи хеле ночиз додаед. Аз меҳнати кардааш пушаймон шуд, бечора.
ДУОИ ФОТИҲА
Рӯзе падарам ба як хонадон бор оварданд. Бор, ки бисёр буд, ба ҷавонзани наздашонбуда гуфтанд, ки шавҳаратонро даъват кунед, барои фаровардани бор ба ман ёрӣ расонад.
- Шавҳарам мурдагӣ! – бо ҷаҳл гуфт ҷавонзан.
- Э, келин, узр-дия як шинед, таҳоратам нашикаста, суннати мусулмониро иҷро кунам. – гуфтанд ва ба Қуръонхонӣ сар карданд.
Ҳоло падарам сура мехонданду марде аз хонаи хоб баромада омад. Ҷавонзан аз ғояти шарм лолагун мешуд. Падарам боз ба ӯ раҳм карданд.
- Амак, шавҳарам мурдагӣ не, балки мо зиндаҷудоем.
- Барои ҳамин ба шумо инсофу ақл диҳад, гуфтам-дия!
Илҳом МУСТАФОҚУЛОВ,
собиқадори маориф
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.