Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РӮЗИ РАШИДӢ

- Дар адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи мо ду Рашидии Самарқандӣ, аввалӣ ҳамзамони устод Рӯдакӣ, дуввумӣ Ҳусейн Рашидӣ маълуманд, - гуфт дар маҳфили ёдбуд муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар хонадони шоири наврасону калонсолон воқеъ дар маҳаллаи Чоршанбе устод Ҳусейн Рашидӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ҳини ёдоварӣ дӯстону пайвандони адиб Тошқул Азимзода, Муқимҷон Орифӣ, Асадуллоҳ, Мирсафо Камолӣ, Неъмат Ҳамдамов ва дигарон оиди рӯзгору осори шоир андешаҳои дилпазир изҳор карданд, аз шеърҳои ҷаззоби марҳум доир ба забони ноби тоҷикӣ, таърихи пуршарафи ватан, анъанаҳои ниёгон гӯшрас намуданд. Пешниҳод шуд, ки ҳар сол дар ҳалқаи аҳли хонавода, ёру дӯстон, ҳаводорони шеъру адаб бо унвони "Рӯзи Рашидӣ" хотираи дурахшони ҳамдиёри суханвари мо қайд карда шавад, то дар зеҳну замири иштирокдорон меҳри баланд нисбати сухани бадеъ, адабиёт ва китобхонӣ мустаҳкам қарор ёбад.

МЕҲРАНГЕЗ

ЛОЛА

Дар дилаки хок буд,
Тухми гули пок буд.
Хока ба сар карда буд,
Хок асар карда буд.
Чун дами сармо гузашт,
Ҳокими дунё гузашт.
Боди баҳорон вазид,
Абраки найсон расид.
Лола бурун шуд зи хок,
Лолаи хушрӯю пок.
Абри карам об дод,
Зулфакаша тоб дод.
Шонасарак шона кард,
Дар баракаш хона кард.
Бӯса бизад офтоб,
Лола аз он баҳраёб.
Хушруху хандон бишуд,
Зеби баҳорон бишуд.

Ҳусейн РАШИДӢ


Последнее редактирование: 20/03/2020 11:09;   Просмотров: 884
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку