Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САҲМГУЗОРОНИ СОҲАИ ҶИДДӢ

Чӣ ҷои руст кардан аст, дар давраи карантин аксарият ғайриихтиёр "хонашин" шудем. Ана аз барои чӣ мардум ба телефону интернет ба қавле "дил бастанд".

Хўш, дар ноҳияи Самар­қанд аҳволи ин намуди алоқа чӣ хел аст? Барои ба ин масъала рўшанӣ андохтан бо сардори шўъбаи ноҳиявии ширкати телекоммуникатсияи Ўзбекистон-Индонезия Паймон НАЗАРОВ сўҳбат оростем:

- Сарвари кишвар, марди шуҷоъу далер, рамузфаҳму дурандеш мўҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев соли равонро "Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ" эълон карданд, ки бешубҳа барои пешравии ҷамъияту мамлакат хизмат менамояд, - гуфт Паймон Вафоевич, - дар муддати кўтоҳ бис­ёр корҳои лоиқи таҳсин ба фар­ҷом расид. Алалхусус, дар соҳаи коммуникатсия афзоиш хеле зиёд аст. Сир нест, ки як замон мардуми дурдасти кўҳсор орзу мекарданд, ки дар хона интернет дошта бошанд. Барои ситоиш не, таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар деҳаи Оҳалик 70 фоизи аҳолӣ аз зодгоҳ тавассути "Wi-Fi" бо тамоми мамлакатҳои дунё мукотиба доранд. Зеро рушди инноватсионӣ дар амал аст.

- Додари гиромӣ Паймонҷон, ҳоло дар ноҳия таъминот бо нуқтаҳои телефон чӣ хел мебошад?

- Аз рўи маълумот шумораи аҳолӣ аз 250 ҳазор нафар афзуд. Аксарият телефони дастӣ-мобилӣ доранд. Бо вуҷуди он дар 9 ҳазору 580 хонадон нуқтаҳои телефон арзи вуҷуд доранд, ки дар бораи афзалияти он ҳарф задан шарт нест. Охир он чӣ аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён?!

Воқеан, роҳбари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис моҳи январи соли равон алоҳида таъкид кардаанд, ки ба тафовути шаҳру деҳот барҳам зада шавад. Ана барои чӣ дар асоси дастури "Деҳаи обод" кор­ҳои ибратбахш амалӣ мегарданд.

Инчунин, дар тамоми қаламрави ноҳия симҳои телефонӣ кашида, муаммо ва талаботи мардум дар ин самт ҳалли худро меёбанд.

- Дар урфият мегўянд, ки парранда бо қаноташ, роҳбар…

- Фаҳмидам. Мо якчанд нафар ходим дорем, ки вазифашинос ҳастанд. Ходими техникӣ Гулнора Каримова беш аз сӣ сол боз дар идораи мо кор карда, аз садоқат ба касб, интизоми қатъӣ ва поквиҷдонӣ дар байни мизоҷону ҷамоа ҳурмату эҳтиром дорад. Муҳандис Фаридун Шарифов, хизматчиён Шамсиддин Ботуров, Гулрухсор Аваззода, Евгений Касан ва дигарон қаноти ман ҳастанд.

- Дар бораи худатон низ нақл мекардед.

- Зодаи деҳаи хушҳавои Оҳалик ҳастам. Пас аз хатми мактаби рақами 30-ўм шомили факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузаштам. Бо роҳхати донишгоҳ фаъолияти меҳнатиамро дар "Узтелеком"-и вилоят оғоз кардам. Аз моҳи майи соли 2017 дар ноҳия фаъолият мебарам.

- Боз чӣ гапҳо доред?

- Ҳарчанд физик бошам ҳам, математикаро хеле дўст медорам. Математика мисли уқёнус беканор буда, калиди ҳамаи фан­ҳост. Асоси математикаро аҷдодони бузурги мо ба монанди Ал-Хоразмӣ, Абўрайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Мирзо Улуғбек ва дигарон гузоштаанд, ки дар дунё эътироф шудааст. Афсўс, ки ҷавонон ба ҷои илм­омўзӣ ба телефону интернет мечаспанд, ки хеле таассуфовар мебошад.

Бигзор телефону интернет барои донишомўзӣ хизмат намояд. Мо дар навбати худ барои таъмин намудан бо интернет ва рушди инноватсия саҳмгузор хоҳем шуд.

Мусоҳиб Баҳодури ЗОҲИР


Последнее редактирование: 17/07/2020 11:08;   Просмотров: 706
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку