Назар ба маълумоти расонаҳои ахбори оммавӣ ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 2 миллион нафар муҳоҷирони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада зиндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо самарқандиҳо ҳам ҳастанд.
Ҷавонон барои таҳсилу такмили ихтисос он ҷо раҳсипор гардидаанд. Баъди соҳибихтисос гардидан барои рушди ватан саҳм мегузоранд.
Дар байни онҳо ҷавонону духтароне ҳастанд, ки бо мақсади таҳсилу ҳунар омӯхтан ва соҳиби донишу ихтисос гардида, ба Ватани худ баргаштан ва дар он ҷо барои рушду нумӯи диёри соҳибистиқлоли худ хизмат кардан ин ҷо омадаанд.
Америка кишвари халқу миллатҳои гуногун буда, дар ин ҷо барои пос доштани забон ва урфу одатҳои миллии ҳамаи қавму забонҳо имконият ҳаст.
Ҳамдиёрони муҳоҷири мо низ ҳафтаномае бо номи “Zamon-тimes” (“Навиди замон”) доранд, ки он дар 16 саҳифа бо сурату мақолаҳои зиёду ороиши ранга ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ мунтазам нашр мешавад. Дар ҳар шумораи ин нашрия баробари ҳаёти муҳоҷирони мо, ки дар Амрико зиндагӣ доранд, навгониҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию иқтисодии диёри ҷаннатмакон – Ӯзбе-кистони соҳибистиқлол низ хабару мақолаҳо, осори адибони муосири Ӯзбекистон ва ғайра нашр мегардад.
Дар яке аз шумораҳои охирини ҳафтавор мулоҳизаҳои Рафиқ Шарқӣ, Баҳодур Тиллоев ва Акмал Аҳмад-ҷонов доир ба китоби шеърҳои олим ва адиби самарқандӣ Аслиддин Қамарзода “Маънои зиндагӣ”, ки ба шарафи 25 солагии Истиқлоли Ӯзбекистон дар Тошканд нашр шудааст, чоп шуда буд.
Дар шумораи навбатии “Zamon-тimes”, ки аввали моҳи равон аз нашр баромадааст, низ чанд хабару лавҳаҳо оиди Ӯзбекистон ва мардуми шарифи ин кишвар, намунаҳо аз осори адибони Ӯзбекистон ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, тарҷумаи тоҷикии чанд ҳикояти адиби маъруфи Ӯзбекистон Ӯткур Ҳошимов, “Ӯзбе-кистон” ва “Сатрҳои эҳтиром” ном шеърҳои шоири зуллисонайн, сармуҳаррири рӯзномаи “Гулобод тонги” Нормурод Каримзода, оғози қиссаи ҳамдиёрамон, рӯзноманигор ва нависанда Нормамат Олимов “Озода”, сӯгворӣ аз фавти яке аз фардони барӯманди Самарқанд, санъаткор ва омӯзгори мусиқӣ Аслам Аҳмадҷонов ва ғайра чоп шудааст.
Хонандагон инчунин дар ҳамин шумораи рӯзнома оиди ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дахлдор набудани фармони Президенти ИМА Трамп дар бораи манъ карда шудани додани виза (раводид) барои ворид шудан ба Амрико аз кишварҳои исломӣ, мақолаи номзади фанҳои таърих Илҳом Эгамбердиев доир ба таърихи муносибатҳои Амрико бо Осиёи Марказӣ, чанд лавҳаю хабари дигар аз ҳаёти мардуми Ӯзбекистон шинос мешаванд. Нашрияи “Zamon-тimes” ҳамчун як кӯпрук дар раванди дӯстии байни халқҳои Ӯзбекистону Амрико ва нишон додани дастовардҳои Истиқлоли Ӯзбекистон ба ҳамдиёрони мо хидмат менамояд.
Дар кори табъу нашри “Zamon-тimes” хидмати сармуҳаррири ҳафтавор, фарзанди ноҳияи Самарқанд, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, омӯзгор ва рӯзноманигор Умеда Қамарова ва кӯмаки Конгресси яҳудиёни бухороии Амрико ва Канада, махсусан сармуҳаррири ҳафтавори “The Bukharian Times” (“Навиди Бухоро”) Рафаэл Некталов, ки худ зодаи Самарқанд буда, ҳоло дар Амрико умр ба сар мебарад, калон аст.
Нашрияи “Zamon-тimes” инчунин чанд эълону реклама аз фаъолияти ҳамдиёрони моро дар хориҷи кишвар чоп кардааст, ки тавассути он мо бори дигар аз ҳунармандию меҳнатқаринии самарқандиён воқиф мегардем.
Дилфуза ЭГАМОВА
Нью-Йорк, 2-юми феврали соли 2017, махсус барои “Гулобод тонги”
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.