Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САМАРАНОКИИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ

Маълумамон аст, ки масъалаҳои ҳимоянамоии ҳуқуқҳои инсон бар асоси ғояи "Барои манфиати инсон" ва амалнамоӣ ба он самти афзалтарини ислоҳоти Ӯзбекистони нав ба шумор меравад.

Алҳол барои тадбиқи ниятҳои олиҷаноби Стратегияи Ӯзбекистони нав, барпонамоии ҳаёти обод ва фаровони мамлакат, дигаргуниву навидҳои бемисл аз ҳамаамон аз дилу ҷон меҳнат намуда, фидоӣ ва бунёдкор буданро талаб мекунад.
Чуноне, ки Президенти мӯҳтарамамон Шавкат Миромонович Мирзиеёв таъкид менамояд, Ӯзбекистони имрӯза - Ӯзбекистони дирӯза не, халқи имрӯза ҳам - халқи дирӯза нест.
Дар ҷараёни бедории миллӣ ва ҷараёни пешравӣ сӯи тараққиёти нав ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратии мамлакатамон мавқеи муҳим дорад.
Дарҳақиқат саҳми ин ташкилотҳо дар ҷараёни рушди озодонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу оромӣ дар ҷомеа, мустаҳқамсозии дӯстиву тифоқии миллатҳо, дар ҷойҳо аниқгардонии масъалаҳои изтиробовари мардум ва ба онҳо нигаронидани эътибори идораҳои давлатӣ, муаммоҳоро ҷуқур таҳлил намуда, коркарди таклифҳои боасос барои ҳалли онҳо, таъмини назорати ҷамоатӣ барои иҷрои онҳо беқиёс аст.
Бинобар ин, дар Ӯзбекистон барои дастгирӣ ва ривоҷи фаъолияти ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ эътибори калон дода мешавад. Аҳмияти дастгирӣ ва рушди ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар Ӯзбекистон дар сатҳи давлатӣ, эътироф гардидани ин эътибор ба дараҷаи байналхалқӣ беҳуда нест.
Мо аз имкониятҳои фароҳамовардаи намояндагони ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ истифода бурда, ба фаъолиятамон бо назари танқидӣ нигарем, бояд баҳри амалинамоии ислоҳоти тараққиёти Ӯзбекистони нав нигаронидашуда, барпонамоии пойдевори Ренессанси Сеюм фаъол бошем.
Бори аввал бо ҳамкории Ассотсиатсияи ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратии Ӯзбекистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон курси такмили ихтисос ташкил гардид. Бешубҳа, он барои таъмини иҷрои вазифаҳои муҳим, ба роҳ мондани фаъолиятамон ба дараҷаи назардошти давлат ва халқ ба мо ёрӣ мерасонад.
Дар давоми курсҳои омӯзиши 72 соата, ки бар асоси нақшаи махсус ташкил гардид, идоракунии ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва аҳамияти онҳо дар ҷамъияти шаҳрвандӣ, пурзӯрнамоии назорати ҷамоатӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо вазорат ва идораҳои гуногун, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами дунё дар ин соҳа ва дигар мавзӯъҳои муҳимро аз худ намудем.
Машғулотҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибихтисос ва омӯзгорон-профессорон мувофиқи талаботи замон бо истифодаи услубҳои ноанъанавии интерактив гузаронида шуд.
Мо дониши андӯхтаамонро албатта ба фаъолияти кориамон тадбиқ мекунем.
Сарфи назар аз миллат, забон ва эътиқоди динӣ, ҳамаи ҳамватанони дар ин ҷо ҷамъомада дар сафи бунёдкорони Ӯзбекистони нав фидокорона меҳнат намуда, натиҷаҳои муносибро соҳиб мешаванд. Боварӣ дорам, ки дар ин ҷода сабақи дар академия гирифтаамон ёрӣ мерасонад.

Акбар МАҲМУДОВ,
раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд.


Дата добавления: 09/12/2021 10:28;   Просмотров: 546
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку