Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
РӮДАКӢ
Рӯзгори муаллими навовар, эҷодкори асиле, ки дар ҳамаи жанрҳои адабиву рӯзноманигорӣ машқи қалам дорад, мухбири ҷамоатии телевизиону радиошунавонӣ, рӯзномаҳои ҷумҳуриятӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ Толиб Юнусзода, мутахаллис ба Ғоибназар шебу фарози зиёде дорад. Муаллим ҳар лаҳза бо ягон ҳодисае, ки гоҳо хурсандӣ меораду гаҳи дигар ғамангез мешавад, рӯ ба рӯ меояд. Зиндагии пур аз ҳикмати қанду фанд аст рӯзгори муаллим Юнусзода. Офарин ба ҳамсари мӯҳтарамааш Ҳоҷиябибӣ Шоирахонум Юнусова (Раҳматова), ки панҷоҳ сол боз бо Юнусзодаи соҳибқалам, ки ҳар лаҳза ӯро ҳаёт бо ҳодиса ё худ воқеаи аҷибу ғарибе рӯ ба рӯ месозад, панҷоҳ сол боз умр ба сар мебарад. Янгамуллои азиз, ки мураббияи хуби кӯдакистон, корманди пешбари идораи покизашӯии кимиёӣ (химчистка), тадбиркори ботаҷриба аст дар ин ним асри саодатмандӣ худро ними бовафову муҳаррами марди эҷодкор медонад.
Ин ҳарду ҷуфтпирон шукри рӯзгор менамоянду ёди айёми хуши наврӯзгорӣ.
Вақте ки Толиб Юнусзода ба камолоти домодӣ расид, донишҷӯйи курси аввали Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ буд. Ҳашари пахтачинӣ давом меёфту ба Толиб хабар доданд, ки ӯ бояд зуд ба зодгоҳаш баргардад, зеро вазъияти хонавода ҳаминро тақозо дорад.
Юнусзода рӯи ҳавлии падар мизу курсиҳоро дида, ҳуш аз сараш парид. Гумон кард, ки ба падар ё модараш коре шудаасту аз ӯ пинҳон медоранд. Шукр, волидонашро хурсанд дид.
- Зуд бош писар, сару рӯй шӯй, либосҳои навро пӯш, туро келин интизор!
Ин нидои модар буд, ки ба дили Толиб ҳазорон шубҳа овард.
Чун фаҳмид, ки барои ӯ арӯс ёфтаанд, имрӯз бояд аз ЗАГС гузаранд ва бегоҳӣ шабнишинӣ мешавад, худро аҷаб густоху бечора ҳис намуд.
- Охир, пахта чӣ мешавад, агар пахтачинӣ наравам, мактаби олӣ чӣ мешавад?- пайваста суол медод Т.Юнусзода.
-Ҳамааш зӯр мешавад! - мегуфт модар. Аз тарси он, ки домод нагурезад, ба атрофаш одам гузоштанд...
Толибу Шоира то идораи бақайдгирии ақди никоҳ бо трамвай рафтанд. Тӯҳфаи аввалини Толибако ба янга як ҷуфт калӯшу гулдаста буд.
Пас аз се шабу рӯзи тӯйи ақди никоҳ Толиб Юнусзода арӯсро ба паноҳи худо, назди модар гузошта, сӯи пахтазор шитофт. Ҳама ӯро муборак мегуфтанд. Пас фаҳмид, ки қиссаи домодшавиашро ғайр аз ӯ ҳама медонистааст.
Ҳоло Толибакову Шоираянга соҳиби шаш фарзанди аҳли фазл, даҳҳо нафар набераву абераҳоянд.
Худованд расонад, ки ин инсонҳои қадрдону фарҳангшинос 80-солагии қайди никоҳашонро низ чун базми меҳрубонӣ дар ҳалқаи оила ва дӯстон гузаронанд.
Мо бошем, имрӯзу ҳама рӯз муборакашон мегӯем.
О.ХИЗРӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.