Деҳаи сарсабзу хуррами Оҳалик, ки дар домани кӯҳсори сар ба афлоки Зарафшон маскан гирифтааст, зодгоҳи мардуми эҷодкорони асил ва ҳунармандони чирадаст аст. Дар сабки ватанхоҳиву меҳанпарастӣ низ оҳаликиён пешдастӣ доранд. Ҳифзи эҳёи анъанаҳои бостонӣ, арзишҳои умумбашарии ба монанди забон, миллат, дину оин ва ғайра низ нуқтаҳои асосиеанд, ки оҳаликиён пос медоранд.
Ҷавонмардони ин диёр дар қатори муҳофизони ватан истода, барои дифои хоки меҳан дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сулҳу осоиш дар хоки Афғонистони бародарӣ ҷоннисорӣ намудаанд. Дар айёми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Оҳалик даҳҳо мардони шуҷои худро дар ҷанггоҳҳои муҳорибаҳои шадид бохтааст. Номҳои адибу эҷодкорони ғӯрамарг Раҳмонқул Облоқулов, Шамсиддин Шарофов ва дигарон, ки дар Афғонистон қаҳрамонона ҳалок гардидаанд, барои мардуми Самарқанд ошност.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии 1941-1945 Самад Убайдуллоеви оҳаликӣ низ корномаҳои зиёде нишон додааст. Ӯ соли 1941 ихтиёран ба ҷанг рафта, то соли 1943 ҷангидааст. Захми тире, ки охирҳои соли 1943 ба тани ӯ расид, таркиши бомбае, ки ба наздикии ӯ кафид, охирҳои соли 1943 Самад Убайдуллоевро маҷрӯҳ намуд. Бо азобе ба ватан баргашт. Чун ба ҳоли ночор дид, эҳсос намуд, ки ҳамдиёронаш ба ёрии ӯ дар ақибгоҳи ҷанг низ эҳтиёҷ доранд. Баробари он, ки ба оилаҳои бесарпаноҳ, зану фарзандони онҳо кӯмак мекард, қитъаеро аз замини хоҷагӣ гирифта, барои фаровонии дастархони мардум чун деҳқони асил заҳмат кашид. Ҳамин ки ҷанг бо ғалаба анҷом ёфт, пас риштаи ҳаёташро бо Бодомойи оҳаликӣ пайваста, ҳарду ба маҳаллаи Чордара кӯч бастанд. Самад Убайдуллоев дар хоҷагии "Дӯстлик" ҳамчун бригадир фаъолият дошту Бодомой ҳамчун коргар заҳмат мекашид. Ду инсони меҳнатдӯсту меҳнатқарин ҳашт нафар фарзандро низ боодобу заҳматкаш тарбия намуданд. Самад Убайдуллоевро барои меҳнатҳои шоёнонаш ҳукумат бо мошини сабукрави тамғаи "Нива" тақдир намуда буд. Моҳи июни соли 2003 ба сари Самад Убайдуллоев гӯё ғамборид. Ӯ аз ҳамсараи меҳрубону бовафоям абадӣ ҷудо шуд. Ин ҷудоӣ ӯро рӯҳафтодаву дилашро аз зиндагӣ сарф намуд. Вақте ки ӯ 13-уми сентябри соли 2004 аз дунё даргузашт, 83-сола буд ва баробари фарзандон 36 нафар набераву 26 нафар абераҳо доғи ҷудоиро аз бобои хирадманд ҳис карданд. Мардуми қадршиноси Оҳалику Чордара низ дарк намуданд, ки он рӯз яке аз сарбозони роҳи озодии ватан, марди ободгару деҳқони асил Самад Убайдуллоев абадан ин дунёро тарк гуфт. Номи неку корномаи шоёни ӯ ифтихори авлод шуда метавонад.
Фарзанду набера, абераву чабераҳо ин ду пири хирад ва бодавлатро бо некӣ ёд оварда, ибрат мегиранд.
Гулрух ФАТТАЕВА
Амирҷон РАЗЗОҚОВ
Бодомой РАМИЗҶОНОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.