Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СЕКТОРҲО БО ЧӢ КОР МАШҒУЛАНД?

Бо тавсияи Президентамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Ҷумҳуриятамон барои ҳаллу фасли муаммову масъалаҳои рӯзмарраи аҳолӣ секторҳо ташкил гардидаанд. Секторҳоро масъулон сарварӣ карда, барои дар ҷояш баррасӣ намудани он кӯшиш доранд.

Масалан, ноҳияи мо аз чор сектор ва штабҳои он иборат аст.
Сектори якумро, ки штаби он дар бинои мактаби рақами 10, маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ-1 ҷой гирифтааст, ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов сарварӣ менамояд.
– Дар штаби мо сокинони 16 маҳалла асосан аз рӯи масъалаҳои тартиби шиноснома (паспорт), зоднома (метрика), кадастри хонаву ҷой, пешгирии ҷиноятҳо муроҷиат мекунанд.
Ҳоло ҳамаи аҳолии ҳамин 16 маҳалларо аз нав ба рӯйхат гирифта, ҳуҷҷатҳояшонро ба компютер дароварда истодаем. Имрӯзҳо 16 фоизи ин амали басо мушкилписанд иҷро мегардад. Дар ин кор сарвару масъулони маҳаллаҳои Оҳалики поён, Гулбоғ, Сулфакабутак, Хаймари поён ва Чоршанбе пешдастӣ намуда, ин корро сад фоиз иҷро карданд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва дар компютери умумӣ дохил гардидани онҳо барои пешгирии ҷиноятҳо, иштироки мардуми шоиста дар интихобот ва райъпурсиҳо аҳамияти муҳим дорад. Минбаъд аз як ҷо истода ҳолати рӯзгордории мардумро назорра кардан имконпазир мешавад.
Дар штаб 15 компютер бо масъулони пурғайрати соҳаҳо рӯзе 200-250 хонадонро ба рӯйхат мегирад. Кормандони шӯъбаҳои ноҳиявии Бонки халқӣ Санҷар Хидиров, Савдогарбанк Акмал Бекназаров, ғазна Мирсаид Душанов, ҳисобдори ҳокимияти ноҳия Шӯҳрат Раззоқов ва дигарон дар ин кор фаъоланд. - гуфт сардори штаби рақами 1-ум Бобурҷон Норов.
Зикр бояд кард, ки кадастр яке аз масъалаҳои умдатарини рӯз аст. Дар ин штаб кормандони Идораи кадастрнамоӣ Қаҳрамон Неъматов, Илҳом Мирмаҳмадов, Абурафиқ Обидов, Ҷаҳонгир Аҳадов, Шодрӯз Ӯроқбоев ва дигарон ба дарди аҳолӣ дармон меҷӯянд.
Ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия Рустам Ҳоҷиев, сарвари ноҳиявии Бунёди ҷамоатии "Маҳалла" Муинҷон Набиев мададгорони штабанд.
Онҳо таъминоти штабро бо адабиётҳои лозима, ашёи навиштану чопгардонӣ ва тартиботи умумӣ таъмин менамоянд.
Ҳар рӯз сардори штаб, ҳокими ноҳия Ш.Ҷамолов ду-се маротиба омада, аз вазъи кор, муроҷиати аҳолӣ шинос мешавад. Сардорони се штаби дигар - прокурори ноҳия Хондамир Мардиев, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ Абдурасул Сулаймонов, сардори нозироти андоз Шоҳрух Аслиев ҳатман ҳамроҳи ҳокими ноҳия ҳастанд.
Онҳо дар навбати худ бо фаъолияти кори секторҳои дигар - ду, се ва чорум сӯи маҳаллаи Найзатеппа (бинои мактаби рақами 45), маҳаллаи Қайнама бинои штаби сектори 3-юм, маҳаллаи Оқмасҷид (бинои мактаби рақами 21) равона мешаванд.
Мақсади ин қадар афту дарафт ва саъю кӯшиш зиндагии осоиш ва дастархони фаровони халқ аст.

Дилрабо НАСИМӢ,
Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 25/01/2019 15:04;   Просмотров: 998
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку