Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Шаби аҷибу хуше...

Пас аз тановули хӯроки бегоҳирӯзӣ ман аз тоқча якчанд китобро гирифта мувофиқи синну солашон ба дасти писаронам додам. Панҷ нафар наберагон машғули бозӣ, қийчувашон гаҳе баланду гоҳ паст мешавад. Ҳоло ягон саҳифа нахонда, хонуми калони хонадон, яъне янгаатон аз дар даромад.

- Эҳ- ҳа, ҳама бо фан машғул- ку! - хандон гуфт ӯ ва аз кисааш як кафт ҳалво баровард.- Бачаҳо, шӯхи накунетон. То охири кино касе ҷим бозӣ кунад, боз ҳалво медиҳам.
Духтарчаҳои маҳмаддонои оила Диёраю Ясминаи шашсола ба ҳурмати ҳалво даст ба пеш гузошта баробар "хӯш, онаҷон, гапатон гап" гуфта қиқир - қиқир хандиданд. Афзалшоҳи хурдакак акнун ба гап медарояд. Вай низ ду дасташро ба бар гузошта, ба бибиаш таъзим намуд.
Телесериал сар шуд. Инро фаҳмида арӯсон пешу оқиб омада аз паҳлӯи модаршӯ ҷой гирифтанд. Писарон аз китоб ба наввад градус сар тофта, нигоҳ ба телевизор дӯхтанд. Овози пасту баланди актёрони филм ба гӯшам азият расонида, диққатамро парешон мекард. Гарчанд намоиши сериалҳо ба меъдаам задааст, аммо кайфияти хонумҳоро вайрон накарда дандон ба дандон монда хомӯш менишастам. Аз ин пеш се - чор маротиба ҳангоми намоиш бо хонуми мӯҳтарам кашмакашиамон қариб ки ба ҷанҷол мубадал гашт. Гапи ёфтааш: "Мани оҷиза буду шудаш якто кино мебинам, даррав нест кун, телевизора куш мегӯед",- гӯён оби дида мерезад. Пас аз дидани оби чашм раҳмам меояд, ду хоҳар ва волидонаш аз олам гузаштаанд, ғайр аз ман такягоҳ надорад, ноилоҷ розӣ мешавам.
Ин дам барқ хомӯш гардид.
- Эъ, нест шав! Ҷойи аҷибаш буд,- норозиёна ғурунгид арӯси хурдӣ.
Аз тез- тез мурдани барқ таҷрибаамон афзудааст, акнун шамъ ё чароғи карасини намесӯзем. Аз акумулятори мошин истифода мебарем. Ду тарафи симро ба он бастем хона аз нав равшан шуд. Кӯдакон аз хурсандӣ кафткӯби карданд. Китобро кушода машғули мутолиа шудам. Арӯсон "Чӣ хел китоб хонсед?" гӯён паҳлӯи шавҳарҳояшон гузаштанд. Ҳамсарам абрӯ чин карда бо дили нохоҳам рӯзномаро варақ зад.
- Бобоҷон,- ба гарданам дасташро ҳалқа кард Ясмина,- матал гӯед зиқ шудем.
- Не, бобома аспча мекунем,- гӯён Амиршоҳу Давлатшоҳ болои китфам савор шуданд.
Афзалшоҳ болои зонуям нишаст, кӯдаконро ором намуда рӯбарӯям шинонда пурсидам:
- Имрӯз Бобои барфи ба ман телефон карда гуфт, ки агар набераҳоятон шеъри нав аз ёд накунад шаби Соли нав тӯҳфа намедиҳам. Хӯш, дигар бачаҳо савғо гиранду шумоён намегиретон - мӣ? Ё шеър аз ёд намуда, Бобои барфиро хурсанд мекунетон - мӣ?
- Аз ёд мекунем, аз ёд мекунем, ёд тед! - паси ҳам талаб карданд шодону хандон. Якҷоя бо кӯдакон даҳҳо маротиба шеъри навро такрор мекардем. Овози наберагон торафт баландтар ва бурротар мебаромад. Ба ин шавқи калонсолон ҳам ҷӯш заду ба мо ҳамроҳ шуданд. Ба инсон аз нағмаи булбул, аз лафзи латифи маҳбуба ҳам ширинтар ва гуворотар забони модарӣ будааст. Ба гӯш форам, дилро ба ҷӯш меорад. Чӣ шаби аҷибе чӣ хуше буд, набудани барқ, давоми телесериалро фаромӯш карда ҳама баробар мехондем:
Соли нав омад, шоду ғазалхон.
Табрик созем онро рафиқон.
Имрӯз рӯзи якуми январ,
Рӯзи муборак, рӯзи мунаввар.

Комил ҶӮРАЗОДА


Дата добавления: 04/01/2019 11:21;   Просмотров: 1045
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку