Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

шартҲои ҚурбонӢ

Мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва тасмими Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Иди Қурбон 11-уми август, рӯзи якшанбе ҷашн гирифта мешавад.

Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил(ъ) дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳама сола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон барои итъоми дармондагон ва икроми мардуми идгузор анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд. Иди Қурбон маъмулан се рӯз - рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр - забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад. Дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.
Маросими ҳаҷ ба рӯзҳои иди Қурбон рост меояд ва қимати таърихии иди Қурбон ба айёми зиндагонии Иброҳими паёмбар (а) ва фарзандаш Исмоил (ъ) бармегардад. Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати ислом аз хонадони Иброҳим(ъ) ба ёдгор мондаанд.
Яке аз озмоишҳои Худованд аз Иброҳим (ъ) забҳ ва қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил дар роҳи Худо буд. Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб дид, ки фарзанди худ Исмоилро забҳ мекунад. Ӯ яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Исмоил ба ӯ гуфт: "Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!"
Иброҳим (ъ) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи забҳгоҳ дар сарзамини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Иброҳим (ъ) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳа намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.
Иброҳим (ъ) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим (ъ) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри ҳақ гаштанд. Ва ҳамин ки Иброҳим (ъ) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: "Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!" [2] ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: "Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем".
Мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат тақсим мекунанд. Ба таври умум ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.
Як рӯз қабл аз иди саиди Фитр хонумони хонавода ба пухтани ҳар гуна хӯрданиҳои идона шурӯъ мекунанд. Онҳо анвои нон, ҳалво, самбӯса, салла (хӯриши хамирие, ки онро дар равған хушк бирён мекунанд ва он ба шакли дастор ё салла мешавад) ва монанди инҳоро таҳия мекунанд. Инчунин, қанду нишолло, мавизу чормағзу бодом ва анвои меваҳо низ зинатбахши суфраи идона мегарданд. Мардону писарбачагон ҳамагӣ саҳари рӯзи ид барои иҷрои намози ид ба идгоҳ мешитобанд. Кӯдакон бошанд, баробари сапед шудани рӯз ба идгардак шурӯъ мекунанд.
Қурбонӣ шартҳои худро дорад. Аз чорвои калон шутур ва гов, аз чорвои хурд гӯфанду буз қурбонӣ карда мешавад. Бояд гӯсфанд аз шашмоҳа боло, буз аз яксола боло, гов аз дусола боло ва шутур аз панҷсола боло бошад. Солим будани қурбонӣ шарт аст. Масалан, кӯр, шал ва лоғар набошад.

Ҳоҷӣ Лутфулло ИБОДУЛЛОЕВ


Последнее редактирование: 09/08/2019 12:08;   Просмотров: 879
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку