Аз 1-уми март дар Ўзбекистон тадбири миллии “Макони сабз” оғоз мегардад. Гуфта шуд, ки дар тирамоҳи соли гузашта 85 миллион бех ниҳол шинонда шуда, баҳори имсол 125 миллион бех ниҳол шинонида мешавад.
Моҳи ноябри соли 2021 лоиҳаи умумимиллии Макони сабз» эълон шуд ва шинондани 200 миллион ниҳол ба нақша гирифта шуда буд. Бино ба маълумоти Хизмати матбуоти Президент, дар тирамоҳи соли 2021 ҷамъ 85 миллион ниҳол шинонда шуд. Дар ин амлаи хайр бисёр ташкилотҳо, маҳаллаҳо ва вакилони ҷамоатӣ фаъолона иштирок карданд. Баҳори соли ҷорӣ шинондани 125 миллион бех ниҳол пешбинӣ шудааст.
«Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» як чорабинии яксола нест. Дар доираи он мо мақсад дорем, ки дар панҷсолаи оянда 1 миллиард ниҳол шинонем. Натиҷаи ин ҳаракати умумимиллӣ бояд дар ҳар маҳалла дида шавад ва ин кори хайрро бо шавқу ҳавас ба ҷо овардан лозим аст», — гуфт Президент.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.